АКС: Пирӯзии “Истиқлол” дар сабқат бо “Ал-Қодсия”
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар рақобати даври чоруми сабқати интихобии Конфедератсияи футболи Осиё-2015 дастаи “Ал-Қодсия”-и Қувайтро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Бозии мазкур шоми 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, голи нахустини бозиро дар дақиқаи 53-юм бозигари “Истиқлол” Нуриддин Давронов тариқи зарбаи 11-метрӣ вориди дарвозаи меҳмонон гардонд. Голи дуюмро дар дақиқаи 62-юм ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.
Ҳайати дастаҳо дар бозии мазкур чунин буд: "Истиқлол" (Тоҷикистон): Сармураббӣ: Мубин Эргашев. Бозингарон: Никола Стошич,Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвиз Умарбоев, 77), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (Умедҷон Шарифов, 87),Фатҳулло Фатҳуллоев (Эраҷ Раҷабов, 89), Аҳтам Назаров, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.
Ҳайати "Ал-Қодсия" (Қувайт): Сармураббӣ: Рашид Ал-Бедайҳ. Бозингарон: Абдулраҳмон Ал-Фадҳлӣ, Аҳмад Ал-Зефирӣ, Султон Ал-Энезӣ (Редҳа Абдулҷаббор, 76), Ҳамад Амон (Абдуллоҳ Ал-Батер, 62), Файсал Ал-Азимӣ (Сауд Ал-Меҷмед, 80), Фаҳд Ал-Иброҳим, Амир Ал-Фадл, Даниэл Суботич, Сауд Ал-Ансорӣ, Рашид Сумайла, Муҳаммад Ал-Наср.
Ёдовар мешавем дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқаи Конфедератсияи футболи Осиё-2015 шомили гурӯҳи “С” буда бо 7 хол дар зинаи аввал ва ҳамгурӯҳонаш “Ал-Қодсия”, “Аҳал”, “Эрбил” дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |