Бахшҳо

Боздошти “миллионер”-и тоҷикистонӣ барои доруи зидди СПИД-у саратон (АКС)

Вазорати умури дохилии Русия аз ифтитоҳи парванда алайҳи як зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар вилояти Кострома истеҳсоли доруи зидди саратон, СПИД, гепотит ва дигар бемориҳои вазнинро роҳандозӣ карда, дар 17 вилояти Русия мефурӯхтааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод доруи истеҳсолкардаи айбдоршаванда "Стрептобластолизин" ном дошта, таъсири онро ихтироъкунанда гӯиё дар бадани худ моҳи августи соли 2013 таҷриба кардааст.

Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, зимни боздид аз коргоҳи зодаи Тоҷикистон маълум шуд, ки доруяш ягон санаду иҷозатнома надошта, худи ӯ низ аз ягон маълумоти махсус барои истеҳсоли дору бархӯрдор нест: “Зимни бозҷӯӣ аз коргоҳ 55 ҳазор ампули "Стрептобластолизин" ва дигар доруҳои тақаллубӣ дарёфт карда шуд”.

Елена Алексеева, намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, фурӯши ин дору дар 17 вилояти Русия роҳандозӣ шуда, ҳаҷми фурӯши якмоҳа ҳудуди 10 миллион рублро ташкил медодааст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия дар ин қазия 4 нафар, аз ҷумла ду роҳбар, ки яке зодаи Тоҷикистон мебошад, муттаҳам шуда, алайҳашон тафтишот идома дорад.


Боздошти “миллионер”-и тоҷикистонӣ барои доруи зидди СПИД-у саратон (АКС)

Боздошти “миллионер”-и тоҷикистонӣ барои доруи зидди СПИД-у саратон (АКС)

Боздошти “миллионер”-и тоҷикистонӣ барои доруи зидди СПИД-у саратон (АКС)
Мӯҳр
Доктор Айболит
Ин афанди марги мушро доруи зидди саратон, СПИД, гепотит ва дигар бемориҳои вазнин гуфта, ба русхои содда фурухта миллионер шудааст.

Гур сузаду деги ин каллобон чушад-де!

Болта
Офарин, нав зирак шудед, ин кор аз ғуломӣ хубтар аст.

Чоп накунед
Бачахо, аник вилоят? Азбас Русия федерация аст, "случайно" 17 кишвар нест?

Душанбеги
Хатто манбаъхои Руссиягии интернет ишора накарданд, ки шахси айбдоршаванда точикистонист. Хамаи сарчашмахои иттилоотии дигар кишвархо дар чунин мавридхо харакат мекунанд хамватанашон будани шахси гумонбаршударо таъкид накунанд.
Мо точикистониен баръакс, кушиш мекунем худро харчи зудтар ба назари оламиен сиехтар кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)