Бахшҳо

Талоши дигари писари Достиев барои лағви Тоҷикистон аз “рӯйхати сиёҳ”-и Амрико

Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар Вашингтон бо Албио Сирес, вакили Палатаи намояндагони Конгресси Амрико мулоқот карда, бори дигар масъалаи лағви номи кишвар дар “рӯйхати сиёҳ”-и маъруф бо номи Ҷексон — Вэникро ба миён гузоштааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вохурии сафири кишвар дар Вашингтон бо ин узви Кумитаи байналмилалии Палатаи намояндагони Конгресс оид ба масъалаҳои Аврупо ва Авруосиё рӯзи 15 апрел баргузор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, яке аз мавзуъҳое, ки дар дидори Фарҳод Салим бо Албио Сирес баррасӣ шуданд, лағви иловагии номи Тоҷикистон дар “руйхати сиёҳ”-и бо номи Ҷексон — Вэник мебошад.

Руйхати Ҷексон — Вэник дар асоси пешниҳоди конгресменҳои амрикоӣ Ҷексон ва Вэник соли 1975 таҳия шуда, тибқи ин пешниҳодҳо Амрико бо кишварҳое, ки дар умури муҳоҷирату иқтисоди озод монеаҳо эҷод мекунанд, монеаҳои тиҷорӣ ворид мекунад. Раисиҷумҳури Амрико ҳақ надорад бо кишварҳои дар ин рӯйхат зикршуда созишномаҳои тиҷорӣ бандаду ҳукумати Амрико қарзҳои кафолатнок пешниҳод кунад. Ба ин рӯйхат собиқ кишварҳои шӯравӣ ва бархе аз кишварҳои сотсиалистӣ ворид будаанд. Аз соли 2000-ум то 2012 бо қарорҳои конгресси Амрико аз ин рӯйхат Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон ҳазф шуда, номи Тоҷикистон ҳанӯз дар он боқӣ мондааст.

Баъд аз чанд моҳи таъйин шудани Фарҳод Салим ба ҳайси сафири кишвар дар ИМА Оҷонсии Аllgov, ки ба баррасии чеҳраҳои ҳукумати Амрико машғул аст, бо нашри маводе аз ин дипломати тоҷик таъриф намуда, гуфта буд, “сафири нави тайи муддати кӯтоҳи фаъолияташ мақсад гузоштааст, ки Тоҷикистон аз рӯйхати сиёҳи маъруф бо номи Ҷексон — Вэник, ки аз соли 1975 инҷониб амал мекунад, лағв карда шавад”.

Фарҳод Салим писари 39-солаи Абдумаҷид Достиев, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия буда, зодаи шаҳри Қӯрғон-теппа, оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.
Мӯҳр
Падару модарат ба рахмат фарзанди ба нангу ба номуси Ватан. Фарход Салимов Абдулмачидович.

ман сад дар сад бовари дорам,ки ин кас мисли оташ ягон корею хизмате намеояд барои миллати точик.вакте мо дар мухочират будем дар сафорат рафтем худ шохид хастем,

Фирдавс
Сафир чанд пул пешниҳод кардааст, ки ин конгресмен як гап занад (лоби амрикоӣ)?

Рустам
Хамин бачахои калонхо сафиру кабир мешудаанд-дия! Барои камбагалхо дар ин гуна вазифахо чой нест... Падараш вакти сафирй точиконро дар Русия ба чойи муттахидй чудо-чудо кард. Чандин сафирон натавонистанд, ки Точикистонро аз руйхати Чексон берун кунанд, аммо натавонистанд. Инаш аз кучо метавонад.

рази
ин хама писаро ай дангара сафир мешану мо дипломи сурх кати бозоршину аробакаш...

хушнуд
агар дар насибатон набошад намешавед ин кадар бахили бисёрас ба худододагон чанг макун як бор таъриха хонед подшохо чи кор мекардан асари подшох сулаймона хонед факад ба манфиати шахси рахмат ба чаноби оли хамара як нигох мекунад
Рустам,

Акаи журналист, калимаи лагв маънояш манъ кардан аст ва дар ин матни шумо лагв нею аз руйхат гирифта шавад бояд нависед.

Конститутсия
Чавоб ба Хушнуд, илтимос даврахои подшохиро ба ёд наоред. Якумаш мо дар давлати хукукбунед,дуюмаш дуняви ва сеюмаш демократи зиндагони мекунем, кам-кам Сарконуни ЧТ-ро хондан даркор.

ыв
Аввал як корро ба охир расон, баъд худро пиар кун. Дуюмаш ин ки Точикистон аъзои WTO шудааст. Бе даводави Достиев хам аз руйхати сиех мебарояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)