Бахшҳо
17 апр 2015 08:49Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)

Мақомоти пулиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус фаъолияти ғайриқонунии як ҷавони 26-солаи тоторро ошкор кардаанд, ки тариқи гӯиё дуохонию сеҳру ҷоду мушкили мардумро ҳал карда, занони бефарзандро ба ҳамхобагӣ моил мекардааст.

Тибқи иттилои пулис ин ҷавон Сунатулло Булатов, соли таваллудаш 1989, миллаташ тотор мебошад, ки мактаби миёнаро то синфи 9 хонда, ягон сураи Қуръонро азёд намедонад. Худи Булатов дар гузориши видеоии таҳиякардаи Вазорати умури дохилӣ иқрор мекунад, ки ба сеҳру ҷоду барои он машғул шудааст, ки дигар коре аз дасташ намеояд: “Ман бекору бемор будам, корҳои вазнин наметавонистам анҷом бидиҳам, чун шушҳоям дардманданд. Ин чизҳоро ман аз худраҳматӣ бибиям ёд гирифтам ва ба он машғул шудам”.

Мақомоти пулис Хатлон мегӯянд, Булатов ба занони корафтода, ки аз безурётӣ ранҷ мебурдаанд, изҳор медоштааст, ки онҳо танҳо баъд аз ҳамхобагӣ бо ӯ фарзанддор мешаванду корҳояшон пеш мераванд, ки инро худи “табиб” ва чанд зани корафтода низ тасдиқ карданд.

Маъмурини умури дохилӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост доранд, ки дар сурати дарёфти иттилоъ оиди фаъолияти чунин “табибон” дар маҳалли зисташон ба мақомот иттилоъ диҳанд ва фирефтаи қаллобии онҳо нашаванд.


Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)

Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)

Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)

Зинокории тотори “дуохон” дар Шаҳритӯс: Ҳар чӣ кунам, не нагӯед...(АКС)
Мӯҳр
Салом ба макомоти полис, агар илочаш бошад то охири умраш дар зиндон чо кунедша!

Чуни муллои ҷодугар бо номи Мулло Маҳмуд дар колхози Россияи ш.Душанбе, дар қатори ресторанҳои қади роҳи колхози Россия, пушти ресмторани "Зуҳро" ба қабули муҳтоҷон машғул аст. У ба қавли худаш ҳама корҳороо мекунад, ҳатто оилаҳоро ҳам вайрон мекунад, агар сухани баланд гуӣ ба ҷанг даъватат мекунад ва бо забони дароз мегуяд, ки пуштибони у милисаву прокурору кгб аст. Ба қарибӣ мухлисонаш назди хонаи у омада ҷангу ҷидол намуданд, ки чанд сурате аз у ёфтаанд, ки аз руи сурататшон гармӣ мекардааст. Илтимос редаксияи азиз ин хабарро ба МВД расонед

н Хисор
ба намояндагони хифзи хукук расониданием ин аблахро бо чунин кораш ба маркази пойтахт оварда ба дор овехтан даркор аст... ва аз телевизони Чумхури хоиш карда мешавад,ки чунин наворхои шахвониро дар телевизор нишон надиханд ..чунки дар шабакаи аввал иншаб нишон додан , бовар куненд...дар тамоми хонаводаи точик оилави тамошо карданд..ин аз руи одоб нест....ва мафкураи чавонон тамоман вайрон мешавад..О инхели руирост нишон доданам аз руи мусулмониам мумкин нест...торафт чавононро мо батарики телевизон ба рохи безеб ба ин намош равона карда истодаем..

Ахсан ба кормандони полис, ки пеши рохи чунин муллохои фосику зинокорро мегиран! Лаънат бар чунин муллохо, хамаи ин муллохоро чазо додан даркор то барои дигаронаш ибрат шавад!

сино
Сабаби ҳамаи ин аз бесаводи мешавад.Чун дар ҳама мактабҳои Тоҷикистон аз замони ба ном истиқлолият ба либосҳои хонандагон аҳамият медиҳанд на ба донишу савод ин аст ки мардум фиреб мехуранд.Агар мардум босавод бошанд на танҳо фиреби чунин табибонро балки аз ҳукумат ҳақҳои қонунии худро талаб мекунанд.

Cталин
Расстрелять

Расстрелять

dghdgdg
Дар баробари хамин гуна чиноятхо чаро Хукумат тасмим намегирад ки И СЛОМИ ВОКЕИРО БА МАРДУМ НИШОН ДИХАД.ДАР ХОЛ ОН КИ ХАМА МЕДОНАНД ИСЛОМ ДИНИ ПОКИ АСТ ВА ИНГУНА КОРХОРО ГУНОХИ АЗИМ ХОНДА АСТ.АЗ ХУКУМАТ ВА ДАСАНДАРКОРОН ХОХИШ МЕНАМОЕМ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН ХАКИКАТИ ИСЛОМРО БА МИРДУМ НИШОН ДИХАНД ВА ФАХМОНАНД ТОКИ ДАСТ БА ЧУНИН КОРХОИ НОШОИСТА НАЗАНАНД.БА ФИКРАМ РОХИ ХАЛ ХАМИН АСТ.

Бепарво бошед. Ин шахс ба чазои аъмолаш расид. Хар ки бо моддаи зино ба зиндон меафтад хатман мавриди зино карор мегирад ва дар зиндон номи арусро мегирад. Чунинхо ё худкуши мекунанд ва ё то анчоми хукми худ зери тахкиру зино карор мегиранд.
Инро руяш сиёху номаш гум шуд.

Чигуна муло ин фолбин якхел бемантикат бихон ин ягон сараи Куронро намедонад шумо бо мало мегуйд!

Ак ита бгирем аму мласахони одамонро хонавайрон мекунанд ма чанд млесара мешнос ки хонаи мардумро вайрон карда фарзандони мардумро сагира кардан.Ягон реди дигар барои мласахохам гузаронед зану фарзанди худаш дар хона гурусна рафта бо харохи зани дигар кас кайф карда мегардад.

Кабри хамин хел муллохоро то ба зери гушашон кандан даркор аст. Рахмат ба макомотхои хифзи хукук мардум як чизро дуруст дарк кунед! Агар макомотхои хифзи хукук набошанд ману шумохоро дар точикистон ин муллохо зиндагонии осоишта кардан намемонанд. Мана бинед ин разилро хуласа бароред хар кас калаи худашро кор фармонад. Аз паси ин гуна афроти нопок наравед.

Хамин наворро хама мардуми Точикистон диданд, ки дар он аксарияташон духтарони хичобпуш мебошанд, ба кавли худашон бо маънианд. ана баъзе аз духтархои мо хамин хел хичоб мепушанд худошонро диншинос мегиран ва дар асл бошад на саводи дини доранду на дуняви. Агар онхо акл медоштанд ба хамин мулло ахмак бовар мекарданд.

111
И бад бахти лаъин мулло нест охи, мулло касеро меган,ки такво дора " Куръони Карим-ро " бо хама чузъиёташ тахлил мекунад. Инро ё чодугар ё зинокор ном баред.

Монанди ин барин муллохо бисёранд дар пушти парда истода кор мекунанд, ба кормандони хифзи хукук миннатдории худамро баён мекунам агар Шумо набошед вой бар холи модару духтари точик аз дасти ин муллохо. Баъд фарзанд атои Худованд мебошад наинки бандаи у аз кабили мулло.

Дилшод
Хамин гуна чодугар як нафари дигарро ман мешиносам. Номаш Мая-хонуми тотортабор, дар махаллаи Водонасоси шахри Душанбе, пушти фабрикаи Армугонба зиндаги мекунад. Ба хонаи ин кас аксаран афроди сохибмансаб ва алигарххои точик мераванд. Чодугари бехамтост...мархамат чораашро бинед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)