Бахшҳо

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

Бонки миллии Тоҷикистон сар аз имрӯз, 17-уми апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.

Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Ин қарор дар ҳолест, қи ахиран Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.


АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст

АКС: Бонки Миллӣ тамоми нуқтаҳои саррофии шахсиро баст
Мӯҳр
Довуд
Офарин. Лекин инхоро бояд 5 сол мебастед. Агар ин корро мекардед курби сомони ба ин дарача паст намефаромад. Дар тамоми кишвархои пешрафтаи чахон ба хариду фуруши асъор танхо бонкхо ва ташкилотхои молияви сару кор доранд на чунин сохибкорони инфиродиро хатто наздик шудан намемонанд. Бубинед дар нуктахои фуруши асъор чи гуна БАРДАК аст. Барои нафси худ ё изхор медоранд, ки надорем ё........хасту..........

Dovudshoh
Довуд,
I gapta ijada zadi digar jodyda nazan ki khidta sharmanda mekni. Tu kadom davlathoi peshraftada budi?????

Бонки умумичахони
ОФАРИН, ОФАРИН

Бонки миллии ..як худата нишон дех....ба пеш ин икдомат икдоми хуб...чунки сари рохи ин масълаи пули моли гирифта нашавад ...окибаташ бахайр...

Ба фикри банда бо ин карор курби сомониро дошта наметавонанд. Баръакс бояд фуруши озоди он ичозат дода шавад. Акнун худ хисоб кунед, ки нахуст дар тамоми кишвар чи кадар одам бекор мемонад ва аз даромади рузмарраи худ махрум мешавад. Дуввум сохибкорон ва онхое, ки аз хорича бор меоранд бояд минбаъд соатхо навбатпойи кунанд. Оё ин вазъро бухронитан намекунад?

Бонки милли
Ин Бонки Милли аз холати он шахсоне, ки аз хамин ивази асъор зиндаги мекарданд, ба назар нагирифтаасту нуктахоро баста аст. Бояд онхоро аз нав ба чои корияшон шинонда кори онхоро контрол кунад.

Бо ин рох бовари дорам ки курби асъорро паст карда намешавад, балки баръакс боло меравад. Чунки нархро ё курбро бозор вобаста бо талабу пешниод муаёян мекунад. Хозир талабот ба асъори хоричи зиёд аст , вале пешниод кам чунки нест ё хело кам аст хамин $$$ аз ин сабаб хохем нахохем курбаш баланд мешавад. Нуктахои мубодилахои асъори шахсиро бастан ин рохи хали мушкили нест барои он ки ин ягона алтернативаи бонкхои итичорати ё давлати буданд, ки курби хакикии бозорро муайян мекарданд ва мушкилии хамаи мою шуморо осон менамуданд, чунки хеч вакт барои харид ва иваз намудан мушкили пайдо намешуд мисли дигар давлатхои хамсоя. Дар баробари ин кариб 1500 нафар сохиби чои кор буд, ки хар кадоми он боз 3-4 нафари оилаашро мехуронду мепушонд ва хар мох ба давлат тахминан 1000000 сомони андоз( 602 сомони як нафар дар 1 мох) месупориданд. мумкин баъди чанде барои хариди 100 $ пасорту шаходатномаю справка аз чои истикомату аз чамоат хам пурсанд....мушкилихо нав сар мешаванд. Ин фикри шахсии ман буд. Метавонед ки ба он рози набошед.

машхур
Рахмат ба Бонки миллии Точикистон ,наздик намонад ки ин бесаводоне ки дар шахр нуктаи мубодилаи асъор кушодаанд ба хариду фуруш машгул бошанд.факат бонкхо ё ташкилотхои молияви бояд зери назорати худ гиранд хариду фуруши асъори хоричиро.

мурочиат ба Аналитик
Мухтарам Аналитик! ин фикри танхо ту нест. Ин вокеият аст, ки хар як шахс имруз мушохида дорад ва сад афсус он чи навишти сад дар сад хак аст. Вазъияти бухрониро боз бухронитар мекунад ин карор

Истиклол
Чавоб ба аналитик, илтимос писемист нашавед,
БМТ кори дурустро ба рох монд, ки то ки перекупшико аз бонкхо арзон харидори намуда ба мизочон бо нархи дучанд карда нафурушанд, даркор бошад аз бонкхо,банкаматхо харидори кунанд.
Масъалаи хар мох ба давлат тахминан 1000000 сомони андоз месупориданд ин Сафсата, ки рафта дар богчахои кудакона ба кудакон накл кунед. Хамчунин оид 3-4 нафари оилаашро мехуронду мепушонд то кай пули бедарди миёнро гирифта оилаашон ва дигар занхояшон мехуронанду мепушонанд, рафта дар заминхои назди хавлигиашон кор кунанд, дарахти меваги шинонанд. Дар хамин нуқтаҳои мубодилаи асъор асосан бекорхучахое кор мекунанд. ки пули бедарди миён ёфтанро кор мекарданд.

Довуд
Довудшох ту иброз медори, ки худма шарманда накунум. Гуш, кун. Дур намеравем. Ту дар Ташкент буди, оё дар он чо ягон чунин нуктахои фуруши инфиродиро диди? ба фикрам хам набуди хам надиди. Ин якум, дуюм дар Стамбул буди?, агар мебуди ин харфхои бемантикро намезади. Сеюм дар Чопон буди?. Дар ягон давлати Аврупо буди ё набуди? Дар ин давлатхо Банкхо ё ин, ки ташкилотхои молияви ба ивази асъор кор мебаранд. Инро Монетарная политика мегуянд Довудшохи джун. Шукри Аллох дар ин давлатхо будам ва ин ахволро надидам. Барои хамин фикр мекунам ту худатро шарманда накуни. Ба фикрам ту худат ё ягон наздикат "Валютчик" аст, ки ин "боаклона" чавоб доди. Озодагони азиз хохишмандам чоп кунед.

Шахрванд
Мухтарам Ширинов - Раиси бонки Милли,
Хуб мешуд, ки нутахои мубодилахои арз ва тафтишу махкамкунии онхоро дар худи муассисахои бонкхо ба танзим медаровардед. Чунки дар ин чо хам "аммо"-хо низ вучуд дорад, ки кисми зиёдашон ба худи кормандони бонкхо мансубанд.

сино
Довуд,
Дар кишварҳои пешрафта ҳар коре ҳукумат мекунад арзандаи таҳсин аст вале Тоҷикистон на ба мардумаш ҷои кори хуб дода метавонад на маоши хуб.Фақат кори ҳукумати мо риштароши масҷидбанди сатркушои зиндони кардан паспортивазкуни қонуҳои нестандарҷаҳон .Хуллас Довудбой ин корҳои ҳукумат арзанди таъриф нест.

Истиклол,
Худат дар чанд замин кор мекуни???? Баъдан нафаре дар ошёнаи 6 -ум манзил дошта бошад чи кунадягон саволи рубаруро ҷавоб дода наметавони.

Мухаммад
Бехтарин икдом! тамоми рохоро истифода бояд кард, барои нигахдошти курби пули милли. Бародарони гироми агар сарофонро мо назорат ва чунин сахтгири накунему, эшонро ба холи хеш гузорем...онхо барои ба даст овардани даромади бештар 100$-ро ба 1000с бурда мерасонанд. Ва ин икдом боиси боло рафтани нархи тамоми озукаву хурока мегардад.

Салим
Коре ки бонки милли кард хиёнат ба бучаи давлат буд дар саросари чумхури 2000 саррофи вучуд дошт ва хар мох ба бучаи мамлакат 1 204 000 сомони ворид мекарданд ки холо каът шуд бобати курби сомони сабаби асосиш ин каът гардидани интиколи пул яъне дуллор.Саррофихо бошанд ё не дуллор боло рафтан мегирад

Довуд
Озодагон ин Комментарияи ман кани?. Ман барои Dovudshoh чавоб тайёр карда будам. Хохишмандам фавран чой кунед. Dovudshoh барои ту хон.
Каблан миннатдорам Озодагон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)