Бахшҳо

Ба Маркази тестӣ: Чанд рӯз бояд навбат поид?

Сайф САФАР

Хеле зишт ба назар мерасад, ки мушкили хонаводагиатро ба расона бирезӣ. Вале чун нек бингарӣ, мушкил танҳо ба хонаводаи ман ё каси дигар хулоса намешавад, балки ба так таки инсонҳои ин сарзамин хос аст. Чанде пеш хоҳарбузургам пас аз чанд рӯзи валодати нахустфарзандаш аз таваллудхона мураххас шуд. Аснои берун шудан аз гуфтумони “10 сомонӣ ба ину 20 ба ун” баланд шуд, ки ба соҳибони тифл ба шухӣ гуфтам: “Аз тавалуд кардан ба пул мехаридед арзонтар меуфтод”. Хандаи қоҳ-қоҳи ҷоноҷоне баланд шуд, гарчанд кор аз гиря ҳам гузаштааст.


Санаи 13 апрел барои супоридани асноди яке аз бастагонам ба яке аз нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ дар бинои мактаби 70-и Душанбе сар задам. Муҳофизи мактаб гуфт, навбат чунон зиёд аст, ки фармон шуд бояд шуморо номнавис кунаму шумо рӯзи 17 апрел биёед. Ба чашм! Дар варақе нафари 31-ум навишта шудем. Рузи 17 тақрибан соати 8:30 дар саҳни мактаб ҳозир шудам ва онро пур аз довталаб дидам. Вале раҳбари ин нуқтаи Маркази милли тестӣ мегӯяд довталабоне, ки худро барои рӯзи 16 апрел номнавис кардаанд, ба қайд гирифта нашудаанд. Дар ин миён 2 тан аз нафароне ҳам пайдо шуданд, ки аз юмни галстукашон бемамоният ворид шуданд. Як шикояти заифе ҳам, ки кардам ба дард нахӯрд. Корманди ин нуқтаи ММТ баҳонаяки хуб тарошиду “қаноатмандам” кард. Дар ин миён корафтодагони солхӯрда, ки худро аз Варзоб гуфтанду дурии роҳро далел оварданд. Ҳарчанд дар рӯихат баъд аз ман номнавис шуда будаанд бо сари гиҷу гаранг навбатамро ба онҳо додам.

Охируламр, навбати мо ҳам расид. Ворид шудему дидем нафаронеро, ки қабл аз мо даромадаанд боз дар дохил навбат мепоиданд. Кормандҳои кибурдбадаст ҳам талош мекунанд, ки ҳарчи зудтар хидмат кунанд, вале чун танҳо 2 тан ҳастанд тавонашон намерасад. Барои он таҷамӯъе, ки ман дидам ҳадди ақал 6-7 тан бояд дар хидмат мебуданд.

Хуллас, ба сарманзили мақсуд расидем, яъне ҷилави компутар ҳозир шудем. Кор ки ба нисф расид барқ рафт. Ҳайратзада шудам. Лимит, ки нест. Омад! Давом додему ба охири кор расидем. Ё Худои ман! Барқ боз рафт. Ин навбат сабр намонд. Ҳамшираамро танҳо мондаму рафтам. Пас аз чанде занг задам. Кор анҷом шудаст. Аммо ба чӣ шеваву интизорие! Ин буд як рӯзи ман дар Маркази миллии тестӣ. Чизе, ки дидем ҳамонро навиштем. На бешу на кам. Аммо...

Мешуд ки бо бисёр пур шудани навбат масъулони номнавискунандаро на ду, балки се чаҳор нафар гузоштан лозим. Ё бояд коре кард, ки барқ хомӯш нашаваду ранги компутару принтерҳои ин нуқтаҳои қабул тамом нашавад. Ё агар мардум бисёр аст, бигзор нуқтаҳои иловагии номнавис карданро ифтитоҳ кунанд. Мо Шуморо эҳтиром мекунем, вале Шумо ҳам шаҳрвандони тоҷикро эҳтиром кунед, хоҳиш, илтимос. Аз 13-у то 17-ум навбатпойӣ кардам... Кам кам ҳам ба фикри мардум шавем, бад нест...
Мӯҳр
Бесавод
Огои Сайф Сафар забони ширини гуворои точики кати нависи намешавад як бор худат хонди баъди чоп нисфи суханонат ин тарафу нисфи дигараш тарафи Мозандарон рафтааст....

Бисёр харчи нагу ,ки дохил намешави оооооо))))))))

Окил
Хой Сайф намешвад бе фуку биниатро каҷ кардан нависӣ,Ин чи тарзи навиштан аст яке аз ироқу дигаре аз фироқ.Коре накунӣ ки сарнавишти ББС ба сарат ояд.

gggg
Сайф меги отат афгон ё эрони бошад

Мухтарам раиси шахри Душанбе дар бораи баланд бардоштани сатхи хизматрасонихои давлати таъкид дошт. Магар, фаъолияти ин Марказ як мисоли хамин зайл фаъолият нест, ки ранг бину хол пурс ном дорад. Хол он ки барои номнависи хар як довталаб 170 сомони месупорад. Ин пули кам нест ва дар мачмуъ чандин миллион мешавад. Вакте ки оддитарин шароит таъмин нест, кучо меравад, ин пул? Ва кай дар макомоти давлати хисси масъулият бедор мешавад? Зиёда аз он, чаро шахрванд барои истифода аз хукуки худ ба тахсил бояд пул супорад? Чунин коида дар ягон давлати дунё нест! Чаро аъзои Суди конститутсиони ба ин холати дагалона поймол шудани Конститутсия ба дахон об гирифта, хомушанд? Шояд, онхо хам аъзои ХХДТ хастанд?

Хочи
gggg,Бечора Сайф чи кор кунад, ки бо чунин забон сухан гуфтанро омухтаанд.Кӣ мегуед? Матбуоти бегонапараст! Наход мо бо забони адабии худамон ҳамдигарро фаҳмида натавонем, ки ба гуфти як рафик дар ин ҷо лабу даҳонамонро каҷ карда менависему мегуем? Забон моли очаи ягон нафари алоҳида нест, ки вайро чи хеле хоҳӣ, ҳамон хел истифода барӣ. Забон моли очаи ҳамаамон аст ва биёед ҳам очаамону ҳам забонамонро эҳтиром кунем...

Ба Сайф Сафар. Вакте ки як шахси зиёй босавод аз лафзи ширини модарии худ даст кашида, забонаша хашткад карда эронию афгонию ё ба монанди чугихо гап мезанад, вой бар холи мардуми нохондай бесавод... Ин фирка хондагихою босаводон ба лафзфуруши (ин лафзи модарист, вакте ки ба у хиёнат карди, дигар чи чой гап хаст...) бо кадом максад даст задаанд, ин хам ба монанди сатрпушхову муллохои фитнаангезанд. Чамъиятро аз ин ниход "зиёй" бояд тоза кард... Озодагон чоп кун, агар забони модари ба Шумо мукаддас хаст, ки то хар як ба гуфта "зиёй" теша ба решаи мо назанад

Demokrat
Ин маколаро пеш аз ба чоп расидан касе тафтиш кард? Ин шармандагист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)