Садамаҳои нақлиётии ду рӯзи ахир ҷони се нафарро гирифтааст

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, давоми ду рӯзи ахир дар пайи садамаҳои нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат, рӯзи 19 апрели соли равон ронандаи 38-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, рақами давлатиаш 03-64 АС 03 дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 05-28 АВ 03 бархӯрдааст: “Дар натиҷаи мусофири “Опел-Астра” - марди 46-солаи сокини ноҳияи Хуросон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофири он - марди 44-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Инчунин, рӯзи 19 апрели соли равон дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз сӯи ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 67-87 СА 01 дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе зани 51-солаи сокини ноҳияи Восеъ зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 апрели соли равон низ дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандаи 30-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” (ТҶ 20-59 ВА 03) дар ноҳияи Шаҳритӯс марди 30-сола зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расида аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |