Бахшҳо

Дӯсти Бахтиёр Худойназаров: Ӯро дурӣ аз Ватан кушт

Темур Бирназаров, коргардони маъруфи қирғиз, ки бо марҳум Бахтиёр Худойназаров робитаи дӯстӣ доштааст, изҳор медорад, Худойназаровро дурии тӯлонӣ аз Ватан кушт.

Бирназаров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то ҷое медонад Бахтиёр сактаи ахирро моҳи апрели соли гузашта, зимни банаворгирии филмаш дар Арал паси сар карда буд: “Дили васеи ин коргардони маъруф дигар натавонист бори гарони ғурбати тӯлониро бардорад. Марг ӯро дар дурӣ аз Ватан дарёфт. Аз ҳама ҳузновараш он аст, ки дар Тоҷикистон натавонистанд, ба таври лозимӣ ҳунари Худойназаровро қадрдонӣ кунанд. Дар Ватан Бахтиёр аз эҳтирому маҳбубияти хосе бархӯрдор набуд”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коргардони қирғиз Худойназаров давоми даҳсолаҳои ахир яке аз пешсафони синамои тоҷик буд: “Бо филмҳояш дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳунари филмсозии тоҷиконро муаррифӣ мекард ва дидгоҳи хосаш ба ӯ ҷоизаҳои байналмилалию шуҳрат овард”.

Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 21 апрел дар соли 50-уми умраш, дар пайи ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратон дар шаҳри Берлини Олмон аз олам чашм пӯшид. Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд барои интиқоли ҷасади Худойназаров ба Ватан мусоидат кунанд, аммо наздикони ӯ хостаанд, дар Берлин ба хок супорида шавад.

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба ҳайси рӯзноманигор ва ёвари коргардон дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Баъди хатми донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳо машғул мешавад. “Дар интизори баҳр", "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго" аз маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.
Мӯҳр
худо рахматаш кунад! охираташ обод бошад! афсус, ки дар хает буданаш ягон нафар аз хукумат барои баргаштани у ба ватан ягон чора наандешиданд.....

Хм,хукмат...Хукматда 100 солда и хел одамо даркор набуд ва нест.

Истиклол
Худо рахматаш кунад. Ба Тимур Бирназаров гуфтаниям, ки хар хар чи гап назанад, Худойназаров Б-ро ягон кас мачбур накардаст, ки рафта дар Германия зиндагони кунад, агар Ватанашро дуст медошт омода зиндагони кардан мегирифт.

Худо раҳматаш кунад. Аммо рафиқони муҳтарам ба марги вай Ватан гунаҳкор нест, вай мардака суми калонаш форид рафта дар ватани бегона кор ва фаъолият кард. Вая ягон кас аз Тоҷикистон пеш ардаги набуд, фаъолияташ маҳду ҳам набуд, худаш ин роҳро интихоб карда буд.

Ба Тимур Бирназарав гуфаниям, ки асли кора намедони кам худата рекламу кун, вақте ки одам мурд ба дустони забони мисли шумо аз ҳар сурохи ба монанди тангем пайдо мешаванд. Тоҷикистон дар ин ҷо гунаҳкор нест, кам Тоҷикистонро бо забони ҳароми худ танқид кун

Озодагон! Нафарони зиёде дар ёдбуди Бахтиёр суханнони арзанда гуфтанд. Шумо бошед дар рузи мотам ҳам аз зери нохун чирк ёфтед. Медонам ин гуфтаро нашр намекунед, вале акалан хонеду хамин лахзахо камтар самимона бошед! Аз дунё рафтани Бахтиёр андухи калон аст барои дустдорони филмхояш. Вале у дар гурбат набуд. Вокеан дустонаш хама вакт бо у кор мекарданд ва шогирдонаш бо у пайваста дар робита буданд. Бахтиёр он гуна ки мехост, зист, эчод кард!!! Аслан бузургон умри тулони надоранд. Афсус!!
Чои гуфтаи як нафаре ки мо намешиносем, гуфтахои дигаронро биёред. Ё акалн филмхояшро тахлил кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)