Бахшҳо
22 апр 2015 11:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ФСБ тоҷики 20-соларо дар зӯроварӣ алайҳи “ғайримусалмонҳо” айбдор мекунад

Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Аргангелск аз боздошти як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба таблиғи созмонҳои мамнӯи “Давлати исломӣ” ва “Ҳизби исломии Туркистон” машғул будааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин раёсат ин шаҳрванди 20-сола дар интернет мардумро ба пайвастан ба ҳаракатҳои ифротӣ даъват намуда, аз фаъолияташон ҳимоят кардааст: “Феълан алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ва ҳимоят аз фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, ҷавони тоҷик бо нашри матолиб мардумро ба зӯроварӣ алайҳи афроди ғайримусалмон ва амалҳои террористӣ дар Шарқи наздику Иттиҳоди давлатҳои мустақил даъват намудааст: “Аз ҷои иқомати боздоштшуда низ адабиёте дарёфту мусодира шудаанд, ки ба ифротгароён марбут аст. Феълан аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад”.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксари тоҷикон ба ҳаракатҳои экстремистӣ дар қаламрави Русия мепайванданд ва сипас роҳи Шарқи Наздикро пеш мегиранд. Феълан теъдоди тоҷиконе, ки дар ҷабҳаи "Давлати исломӣ" меҷанганд, расман ҳудуди 300 нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
хуб мешуд номгуи адабиётхои мануъшударо ягон чой чоп мекардед, то мардум бохабар мешуданд, ки ин китобхо мануъанд. Вагарна халки бечора аз сабаби надонистан низ китобхои гуногунро мехаранду бегунох махкум мешаванд. Шояд ягон китоби психолог, ки тахкикоти илмиаш оиди таъсир расонидан ба зехни инсон бошаду мо онро хамчун манбаъи лими тиб харидори намоем, он хам ба гурухи адабиёти ифротгарои махсуб мешуда бошад? Аввал мардумро огох созед, ки кадом адабиётхо ба ин гурух шомиланд, то ба он даст назананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)