Даъвати Сироҷиддин Аслов аз мақомоти Британия
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳю Стенли Филпотт, сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 22 апрел дар Душанбе баргузор шуда, дар он Ҳю Стенли Филпотт ба Сироҷиддин Аслов дар бораи қарори Ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи дастгирии молиявии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 маълумот пешниҳод кардааст.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ кардаанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ аз Британияи Кабир даъват кардааст, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад, фаъолона иштирок кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |