Бахшҳо

АКС: Ташхиси минаҳои зеризаминӣ дар озмуни литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ

Дар литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ озмуни TASPO (озмуни лоиҳаҳои илмии Тоҷикистон) бо иштироки 134 нафар хонанда баргузор гардид, ки 24 нафар ғолиб эълон шуданд.

Озмуни мазкур заминаи омодагӣ ба олимпиадаҳои лоиҳавии байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ғолибон метавонанд дар олимпиадаҳои лоиҳавии байналмилалӣ, ки аз фанҳои физика, химия, биология, экология, технологияи иттилоотӣ ва математика бо забони англисӣ сурат мегирад, ширкат варзанд.

Абдусаттор Наҷмиддинов, намояндаи Вазорати маориф ва илм ва мудири кулли литсей-интернатҳои тоҷикӣ-туркӣ зикр намуд, ки мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ бо мақсади такомули тафаккури хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо дар навиштани рисолаҳои илмӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, зинаҳои аввали ихтироъкорӣ (татбиқи донишҳои назариявӣ), ёфтани роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳалталаби ҳаёт, татбиқи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илм дар пешбурди тараққиёти хоҷагии халқ - саноат, энергетика, кишоварзӣ, экологӣ ва ғайра озмуни лоиҳаҳои илмӣ ва ихтироъкориро ташкил намудааст.

Нисбат ба солҳои қабл иштироки духтарон ҳам дар олимпиада фаъол буд.

Шаҳноза Абдулҳамидова ва Амина Шербоева, хонандагони синфи 9-уми литсей интернати тоҷикӣ – туркии иқтисодии шаҳри Душанбе, бо лоиҳаи муштараки истифодаи энергияи сарфшуда ҳангоми об шудани металҳои дар корхонаҳои металҳои ранга ширкат карданд. Муборакшо ва Исфандиёр, хонандагони синфи 10 литсей-интернати тоҷикӣ- туркии шаҳри Қўрғонтеппа, лоиҳаи ташхиси минаҳои зеризаминиро пешниҳод карданд.

- Мо тақрибан ҳисоб кардем, ки дар як сол 2 ҳазор нафар аз минаҳои зеризаминӣ ҳалок мешаванд. Воситаи ташхиси мо минаҳоро дар масофаи 100 метр ҳис мекунад. Ва бо таври автоматӣ суръати ҳаракат суст мешавад. Бо расидан ба масофаи 10 метр нақлиёт меистад. - гуфт Муборакшо.
Дар озмун лоиҳаҳои техникии саноатӣ, инноватсионӣ, барномасози компютерӣ, филмсоз ва ғайра муаррифӣ шуданд.

Дар озмун 27 лоиҳаи илмӣ, 19 лоиҳаи ТИК (компютерӣ) ва 22 лоиҳаи ихтироот аз ҷониби хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Мавлоно Ҷалолуддини Румии шаҳри Қурғонтеппа, литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Кўлоб, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол, мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, гимназияи Ворисони шаҳри Турсунзода, литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва литсейи Президентии шаҳри Турсунзода пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 11 лоиҳа ҷойи якум, 18 лоиҳа ҷойи дуюм ва 24 лоиҳа ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Аз руйи бартарияти медалҳои ба дастовардашуда, ҷойи якум насиби хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Мавлоно Ҷалолуддини Румии шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷойи дуюм насиби хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм насиби хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд гардид.

То имрўз хонандагони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннию лоиҳавии байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 610 ҷойи ифтихорӣ, 110 медали тилло, 165 медали нуқра ва 335 медали биринҷӣ гардидаанд.


АКС: Ташхиси минаҳои зеризаминӣ дар озмуни литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ

АКС: Ташхиси минаҳои зеризаминӣ дар озмуни литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ

АКС: Ташхиси минаҳои зеризаминӣ дар озмуни литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ

Мӯҳр
Салом алек Озодагон.Шумо пеш ай чизера нависонда авал,бинен ки ҳаму дуруст аст ё не.Муборакшоҳ,Исфандиёр да литсейи тоҷики туркии Кулоб,таҳсил мекунанд да Қурғонтеппа не.Шумо да иҷа Қурғонтепа нависондаен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)