АКС: Намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Қибрису Лондон ва АМА дар Тоҷикистон
16 –умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва иноватсионӣ дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои Қибрис, Аморати Муттаҳидаи Арабу Лондон ва Молайзия оғоз гардид.
Ин намоишгоҳ аз ҷониби Ширкати муштараки Тоҷикистону Молайзия "ТМ-international" дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илм, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистону сафорати Молайзия дар шаҳри Душанбе барпо шуда, марҳалаи аввали он имрӯз, 23 апрел дар меҳмонсарои Шератон баргузор гардид.
Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони донишгоҳои Молайзия, аз қабили Донишгоҳи техникию эҷодии Лимкоквинг, Донишгоҳи Сегӣ ва Донишгоҳи “Ноттиегэм”, Донишгоҳи Скайлайни Аморати Мутттаҳидаи Араб, Донишгоҳи тиҷоратӣ ва молиявии Лондон ва донишгоҳҳои байналмилалии Қибрис, аз ҷумла Донишгоҳи аврупоии “Лефке”-ву Донишгоҳи “Александр”-и ин кишвар бо шумули донишгоҳҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Давраи аввали 16 –умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, сайёҳӣ ва иноватсионӣ аз 23 то 24 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе дар меҳмонсарои Шератон баргузор гардида, рӯзи 25 апрел дар Литсейи президентии шаҳри Турсунзода, рӯзи 27 апрел дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд, рӯзи 28 апрел дар Кохи Ватани шаҳри Қӯрғонтеппа ва рӯзи 29 апрел дар шаҳри Кулоб барпо хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |