Бахшҳо

“Тоҷикистон сипари асосӣ дар роҳи интиқоли маводи мухаддир мебошад”

Рустам Назарзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23 апрел зимни як конфронс дар шаҳри Маскави Русия аз ҷоннок гардидани фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ хабар додааст.

Дафтари матбуотии Агентӣ мегӯяд, ин конфронс таҳти унвони “Таъсири маводи нашъаовар ба амнияти глобалӣ ва рушди устувор” таҳти раҳбарии Виктор Иванов, директори Хадамоти Федералии Русия оид ба назорати маводи мухаддир баргузор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷаноби Назарзода изҳор дошта, ки Тоҷикистон дар маркази истеҳсолкунандаҳои маводи нашъаовар ва кишварҳои истеъмолкунанда қарор дорад, бинобар ин вазнинии асосии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро бар дӯш дошта, сипари асосӣ дар роҳи интиқоли он мебошад.

Ӯ гуфтааст, солҳои охир фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ ҷоннок гашта, хислати трансмиллӣ гирифтааст: “Ин аз он вобаста аст, ки дар Афғонистон дар панҷ соли охир зиёд шудани майдони кишти кӯкнор ба назар мерасад”.

Рустам Назарзода пешниҳод кардааст, ки “барои муборизаи пурсамар бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша механизми мубодилаи иттилоот бо мақсади бурдани назорат аз болои ҷойивазкунии пешвоён ва иштирокчиёни фаъоли гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар қаламрави кишварҳои минтақа ба роҳ монда шавад”.

Ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ хотиррасон намудааст, ки 27 майи соли равон дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд доир ба мушкилоти хатарҳои маводи нашъаовар бо иштироки ҳамаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт: “Рустам Назарзода иштирокчиёни конфронси Маскавро барои иштирок дар конфронсе, ки 27 май дар Душанбе мегузарад, даъват намуда, қайд кард, ки ин конфронс яке аз марҳилаҳо оид ба омодагӣ ба гузаронидани Сессияи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти маводи нашъаовар дар соли 2016 хоҳад буд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)