Фирори муҳоҷири тоҷик аз толори додгоҳи Маскав
Мақомоти Русия мегӯянд, имрӯз, 23-юми апрел як муҳоҷири тоҷик аз толори додгоҳи ноҳияи Басмани шаҳри Маскав фирор намудааст.
Ба иттилои манбаъ муҳоҷир дар ҳоле фирор кардааст, ки барои баррасии ихроҷаш аз қаламрави Русия ба додгоҳ оварда шуд: “Ҳамарӯза додгоҳ даҳҳо парвандаи нақзи қоидаи будубош дар қаламрави Русияро баррасӣ мекунад ва имрӯз яке аз айбдоршавандаҳо тавонист ба самти номаълум фирор кунад”.
Ҷузъиёти дигари қазия феълан маълум нест ва дар сурати дастрас шудани иттилои тозае “Озодагон” онро пешниҳоди хонандаҳо хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |