Бахшҳо

Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар мавриди ситонидани андоз аз сокинони ришдору бонувони рӯсарипушро дар кишвар беасос хондааст.

Ин ниҳод аз нашру паҳни ин гуна хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан нигаронӣ карда, таъкид кардааст, “чунин иқдом ҳаргиз аз ҷониби Кумитаи дин сурат нагирифтааст”.

Ба қавли масъулини Кумитаи дин, хабари ҷорӣ шудани андоз ба афроди ришдору бонувони сатрпуш аз сӯи нафароне нашру паҳн гардида, ки гӯиё қасди эҷоди фитна ва сохтани фазои нобоварӣ миёни мардумро доранд: “Ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибисттиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд”.

Дар ин изҳорот низ аз тамоми сокинони кишвар даъват шудааст, “дар ҳолати дучор омадан бо чунин ашхос ба Мақоми ваколатдор оид ба дин – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.

Ин изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки ахиран баъзе аз корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷорӣ шудани андоз барои мардони ришдору бонувони сатрпуш дар Тоҷикистон хабар дода, акси “шаҳодатнома”-еро низ гузоштаанд.


Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)

Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)
Мӯҳр
Салом) оё хукумат ин конунро кабул кардааст ё не? ин конун худи хозир амал кардаистодааст?

агар хохам ки мисол ман риш гузорам БОЯД ин ичозатномаро дошта бошам?

антириш
а бесаводо хаминро охир калбаки кардед акаллан точикиашро дуруст нависед "Хукуки гаштани риш ва либоси мусалмони"-ин чи маъно дорад???.

Ана акнун нав зур шид ранги мошинои шишаи сийохдор бо ичозатнома ма и гапа барвакт гуфтани будуму вакт нашуд ки гуям.Касе риш ё сатр кати гаштанро нагз бинад сахмияи Рогунро харад.

Name
Agar odamo rishoshona btroshan ekonomikai Tojikiston soz meshava?

Али
Ин як шармандагист дар як давлати бо ном демократи барои пушидани либос ва риш бояд аз хукумат ичозат бигири ки ин окибати хуб надорад.

Бари чи ба коргарони х,изви х,ук,ук, (милиса) нею , ба кормандони кумитаи дин муроч,иат намоем ?

Барои чи ба кормандони х,изви х,ук,ук, (милиса) нею , ба кормандони кумитаи дин муроч,иат намоем ?...

Абдулло
Кумитаи дин дар точикистон кадом вазифара ичро мекунад.

Мухлис
Ба кумитаи дин гуфтниам ки агар ин коро кунед амнияти Точикистонро ба кули тагир медихед чунки барои маъни фарзхои Олох мусалмонон ба тамоми кору бор рози ва тайёран ба хусус ман!

Saif
Ин хуччат сад дар сад калбаки аст, ба фикрам кадом гайриточики бесавод сохтааст, ба номгуяш ахамият дихед " Оиди хукуки гаштани РИШ ва либоси мусалмони", хандаовар аст , наход РИШ ГАРДАД, бояд инчо " Оиди хукуки гаштани БО риш ва либоси мусалмони" менавистанд )))...

Saif
"Озодагон", кайчият тези бад будаст, назархоро кам-кам кайчи мезани))))

Факир
агар чунин амал дар асл ичро шавад Ба Худои ягона, ки оламу одамро офарид касам, ки бетарин кор аст. Агар худованд хичобу ришро дуст медошт одаминзодро дар ибтидои офариданаш хичоб мепушонд. ин хама дар натичаи тахавуллот ва инкишофи акли инсони тагйир ёфт. барои чи одамо дар асрихои пеш аз милод хичоб кучо либосе надоштанд ки танашонро аз хунуки махфуз доранд. чи дар он замонхо худо вучуд надошт факат дар замони арабхои гумрох пайдо шуд. онхо аз гармии сахт хичоб мепушанд то дар он биёбонхои беоб дар офтоби сузон пусида нараванд ва ин фарханги гумрохиашонро ба мардуми форсу точик бо зулму тахдид бор карданд. мардуми мо бесаводанд. ай кафои арабхо гумрох шуда рафтанд бо ришу хичобашон ОЗОДАГОН НОТАРС БОШИ ЧОП КУН !!! МАН БА ХУДО ИМОНИ КОМИЛ ДОРАМ ВАЛЕ БА ХИЧОБУ РИШИ АРАБХО НЕ!!!!!!!!!!!!! илтимос чоп кунед озодагон

свобода
Ин корро худашон ташкил мекунанд агар аз тарафи мардум дасгири ебад онро чори мекунанд ва агар наефт мегуян ин кори кадом фитнагарааст номи инро кутох карда ПОЛИТИКА меган.мухтарам кумитаи дин.

Бесаводи аз ин зиед намешавад

Асадулло
Чавоб ба факир
Т ва т баринхо гумрохен на хичобдорхо ва на ришдорхо Хичоб ин фарзи Олох хаст агар т ва т баринхо ба Худо бовар доред бояд ягон фарзи Худоро инкор накунед агар кунед бовариатон бемаъни мешавад

Рустам
Бехтарин пешниход аст, агар барои ришу сатр чарима ситонанд. Медонед, чи кадар бучаи кишвар бой ва мохонахо баланд мешаванд. Ман сад дар сад чонибдори чаримабандии ришдорони чиркину ифлос...

Асадулло, Асадулло братан дин дар дил аст. Яъне дил, акл ва Худованд. Ришу хичоб ин зохирпарастист. Пушти зохир чи мегардй?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)