Бахшҳо

Артур Гулкоров: Агар дар Тоҷикистон духтариямро ошкор мекардам...(ВИДЕО)

Баҳси аз писар ба духтар мубаддал шудани Артур Гулкоров, фарзанди Малика Қаландарова, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ шоми 23 апрел дар барномаи "Пусть говорят"-и Андрей Малахов тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пешкаши омма гардид.

Малика Қаландарова, ки дар 34 солагияш унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро гирифтааст, дар ин барнома иқрор мекунад, ки писараш аз хурдӣ бештар ба лавозимоти духтарӣ таваҷҷуҳ дошт ва атрофиён ҳамеша ба ин таъкид мекарданд: “Тасаввур кунед, ки рӯзе писарам омаду ба ман эълон кард, ки модар ман писар нестам, ман духтарат ҳастам, мешунавӣ, ман духтарат астам. Ман шах шудам ва чизе ҷавоб додан натавонистам”.

Артур Гулкоров, ки ҷинсашро иваз карда, ҳоло номи Самира Мазаалро гирифтааст, дар ин шоуи телевизионӣ гуфт, ҳақиқатро пинҳон карда намешавад: “Дар Тоҷикистон, дар оилаи машҳур калон шудаам ва тасаввур кардан ҳам наметавонистам, ки ҳақиқатро ошкор кунам. Дар он ҷое, ки модарам зиндагӣ мекунаду ман калон шудаам, ҳамааш аз Осиёи Миёнаанд ва ба зиндагӣ як нигоҳ назар меафкананд. Агар ҳақиқатро ошкор мекардам, метавонистанд, маро латту кӯб кунанд, даҳонамро банданд ё маҷбурӣ зан диҳанд, ки инро намехостам”.

Самира Мазаал мегӯяд, бо вуҷуди машҳур шуданаш хушбахт набуд ва ду бор қасди худкушӣ кардааст.

Малика Қаландарова дар барнома изҳор медорад, ки баъди огоҳ шуданаш аз қасди худкушии Артур, қарор кард, барои духтар шудани ӯ кӯмак мекунад. Худи Самира Мазаал низ мегӯяд, тамомаи хароҷоти ҷароҳӣ барои тағйири ҷинсро модараш пардохта, дар маҷмӯъ барои ду ҷарроҳӣ 37 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст.

Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ин қазияи писарашро як зарбаи сахт барои худ хонда, афзуд, аксаран ба ҷои дастгирӣ ба маҳкумсозиҳо дучор мешавад: “Падару бародари Артур муддати тӯлонӣ натавонистанд, ин тағйиротро қабул кунанд. Махсусан падар гиря мекард ва аз мардум дурӣ меҷуст. Ӯ ҳамеша фахр мекард, ки ду писар - ду қанот дорад ва ин ҳодиса барои ӯ дардовар буд. Ба ман гуфт, ки ту Артурро дар атрофи худ нигоҳ доштӣ ва ба Маликаи дуюм табдил додӣ”.

Самира Мазаал мегӯяд, ниҳоят падараш ӯро қабул кард ва бо ӯ суҳбатро ҳамчун духтар оғоз кард: "Ба модарам ҳам гуфтам, ки ҳамеша дар орзуи духтар будӣ ва ниҳоят Худо ба ту дар 60 солагӣ духтар ато намудд".


Ҷузъиёти бештари қазияро дар навори зер тамошо кунед:


Мӯҳр
вой дод вой дод бесаводи ба озодагонам расид аку хондро бас мекунем. наход хаминтавр нависен!!! аз духтар ба писар мубаддал. охир вай муханас худаш писар буд ку !!!!!

ggg
Дурусттараш Баҳси аз писар ба духтар мубаддал шудани Артур Гулкоров...

Коментатор
Ба хайр будаст ку!!

мехмон
хаиф шуди )) ранги Фарзонаи Хуршед шидаст wink smile

Исфара
Ozodagon.tj тухам мисли ozodi.tj таблигкунии хамчинсгароиро сар карда истодаи аз худо тарс. Тири худо садо надорад. вакте, ки зад даво надорад! Хонандагонатро аз даст медихи!

Негатив, ки шуд - точик. Хуб. ки шуд-яхуд-чухуд.

Аз Душанбе
Хай як Еврей духтар шудаст хеч гап не wink wink

Ин духтар зоида метавониста бошад?

Бародар охир чигунае, ки Малахов гуфт Точикистон. Оё у гуфт, ки Малика Каландароваи яхуд? Не! Точикистонро ном овард. Ин дог ба миллату кишвар аст. Озодагон набояд ингуна маводхоро нашр созед. Озоди нашр кунад мефахмем, лек шумо бояд арзишхои миллиро боло аз манфиатои гаразомез бидонед. БЕСАВОДИ,

Касава ты наша очень мылая и красивая

Не преживай Малика, что богом суждено то будет. Мо бандагон аз Худо зур нестем. Хар ки гап мезанад, ба сараш биёяд! Мо туро дуст медорем! Мы тебя любим! Маликаи ракси точикон! Маликаи точикон!

Малика, мы тебя любим! Ты Наша Малика! Ту Маликаи мои! Ту Зулайхои мои!

Хаминаш намерасид! озодагон хонандагонатро аз даст медихи аз барои хами муханас! сомонаи шуморо аз хар гушаи дуне мутолиа мекунанд хуб мешуд ин гуна мавзу хоро як тараф гузори!

Ин худашам ба фикрум голубой бдай барои хаму худша духтар кадаст.

“Дар Тоҷикистон, дар оилаи машҳур калон шудаам ва дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ман натавонистам ҳақиқатро ошкор кунам, чун метавонистанд, маро латту кӯб кунанд, даҳонамро банданд ё маҷбурӣ зан диҳанд, ки инро намехостам” Ин гапҳои худи озодагон Самира ин гапронагуфтааст. Тарки Тоҷикистон кардани Малика соли 1992 буд. Ин Артур 2-сола буд. Дар ин бора кӯдаки 2- сола чи медонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)