16 соли зиндон барои дастдарозӣ ба духтари 8-сола дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини 62 солаи ноҳияи Рӯдакиро барои дастдарозӣ ба духтари 8-сола ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳи Фирдавсӣ маҳкумшуда Абдулҳамид Муқимов, сокини деҳаи Аличабофи ҷамотаи деҳоти Россияи ноҳияи Рўдакӣ дар ҳолати мастӣ дар назди мактаби таҳсилоти умумии №45 бо духтари ноболиғи 8 сола вохўрда, ӯро бо фиребу найранг ба ҷои хилват бурда, шаҳвати худро қонеъ мегардонад.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса 21 сентябори соли гузашта рух дода, мурофиаи додгоҳии ӯ хеле тул кашид ва ахиран санаи 16-уми апрели соли равон додрас бо дастрасии моддаи 139 қисми 4 банди «а» Муқимовро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |