Бахшҳо
27 апр 2015 08:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Изатулло Ҳаёев дар “Лучоб” ба хок супурда шуд

Изатулло Ҳаёев, раиси пешини Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки шоми шанбеи 25 апрел дар синни 79-солагӣ даргузашт, рӯзи якшанбе дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Маросими ҷанозаи ӯ дар масҷиди марказии пойтахт бо иштироки мансабдороне назири Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагону Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур рӯзи 25 апрел хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба вафоти Иззатулло Ҳаёев ба наздикону пайвандони ӯ изҳории ҳамдардӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин номаи ҳамдардӣ азҷумла гуфта шудааст, ки “марги абармард, чеҳраи шинохтаи арсаи сиёсат ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятиро бо андӯҳи зиёд дарёфтам”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Иззатулло Ҳаёев давоми ҳаёту фаъолияти ибратбахшаш дар тарбияи кадрҳои болаёқат ва пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштааст: “Аз даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод ва руҳаш шод бошад”.

Иззатулло Ҳаёев соли 1936 дар деҳаи Хоҷаисҳоқи Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1986 то 1990, яъне то ҳаводиси баҳманмоҳи хунин, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд ва дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12 феврали соли 1990 ҳамроҳ бо Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали Кумитаи марказӣ ва Ғоибназар Паллаев, раиси раёсати Шӯрои олӣ ба истеъфо рафт.


Акс аз Радиои "Озодӣ"
Мӯҳр
Истиклол
ШОистаи чаннат шавад, шодравон дар зиндаги бисёр инсони хуб буданд.

Саид
Бобои Изатулора Аллохи Бузург рахмат куна хело одами хуб буданд

Академик табаров 91-сол умр дид.70-сол дар Душанбе зист,мурдаашро ба кабристони дехаи дури Муьминобод фиристонданду ин коммунисти сурхро дар Лучоб гуронданд...?

Сармунаккид.

Сармунаккид.,
САРМУНАККИДИ МУХТАРАМ аввал пурсиш баъд кушиш мегуянд дар урфият, шодравон Сохиб Табаров худаш васият карда буданд ки мурдаамро ба зодгохам, нохияи Муъминобод баред! Худованд рахмат кунад Сохиб Табаровро ва Изатулло Хаёевро харду ба миллат хизмат кардаанд! Шукронаи тинчи ороми ва осоиштагии давлат кардан даркор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)