Бахшҳо
28 апр 2015 13:09Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон осебдидагони террори Пешоварро ба меҳмонӣ хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, донишомӯзони осебдидаи мактаби низомии Пешоварро, ки моҳи декабри соли 2014 ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифтанд, барои беҳбудии саломатиашон ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Покистон иттилоъ дода, афзудааст, ки ин сафар тобистони соли равон дар назар аст. Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату ниҳодҳои зертобеяш дастур додааст, то барои донишомӯзони осебдида барномаи фарогирро рӯи даст гиранд: “Ин барнома намоишҳои фарҳангӣ ва боздид аз ҷойҳои таърихии Тоҷикистонро фаро мегирад. Ҳадафи ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон баён кардани ҳамдардӣ ба донишомӯзону хонаводаҳо ва инчунин кумак барои барқарор кардани саломатӣ баъди ҳодисаи хунин мебошад”.

Рӯзномаи “Daily Express” аз қавли сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Покистон овардааст, ки санаи дақиқи сафари донишомӯзони осебдидаро ҳукумати Покистон ба сафорати Тоҷикистон хоҳад гуфт.

Ҳамлаи маргбор ба мактаби шаҳри Пешовар 16-уми декабр рух дод, ки масъулияти онро гуруҳи Толибони покистонӣ ба уҳда гирифтанд. Як рӯз баъд аз вуқӯи ин ҳодиса Эмомалӣ Раҳмон, раисиумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли барқия ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон изҳори тасаллият кард.
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, БИСЁР КОРИ ХАЙР МЕБОШАД

Ofarin
Худованд охирати падару модари Чаноби Оли Эмомали Рахмонро обод кунад. Эй хамватанон ин мардиро бинед ба Худо марди Худодод аст Чаноби Оли. Худо доимо шод ва бегам бошед ва соябони мардуми азияткашидаи Точикистон бошед.

Офарин Чаноби Оли!
Беимонхо худро мусалмон шуморида кудакони бегунохро мавриди хамла карор доданд, агар гап занад мегуи аз вай дида шахси Худотарс дар руи чахон нест, аммо номусалмонанд! агар мусалмон мебуданд харгиз ин корро намекарданд.
Кадом шахсе, ки хизматхову гамхорихои Чаноби Олиро нодида мегирад, курнамак аст!

Ин аст мусулмони дар Точикистон Боз баъзехо даъво доранд, ки дар Точикистон мусулмони паст аст. Бояд шукрона кард, ки бадбахтии мардуми Покистон, ки давлати исломи мебошад ба сари мардуми точик наояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)