Бахшҳо

Озодаи Эмомалӣ: Узвият дар Конвенсияи зидди генотсид нуфузи моро боло мебарад (ВИДЕО)

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 29-уми апрел ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои онро ба тасвиб расонданд.

Озодаи Эмомалӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа аз вакилон хост, онро ҷонибдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ ҳамроҳшавӣ ба ин конвенсия нуфузи Тоҷикистонро дар назди шарикони аврупоию амрикоӣ боло мебарад. Озодаи Эмомалӣ гуфт, ин иқдом ба қонунгузории кишвар ягон мухолифат надошта, барои пешгирӣ ва муҷозоти дастандаркорони генотсид мусоидат мекунад: “Ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин Конвенсия нуфузи кишварро оид ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар назди шарикони аврупоию амрикоияш баланд мекунад”,-афзуд муовини аввали вазири умури хориҷӣ.

Инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди бозхонди Шермуҳаммади Шоҳиён аз вазифаи раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро ба тасвиб расонданд. Шермуҳаммади Шоҳиён ахиран бо пешниҳоди раисиҷумҳур раиси Суди Олӣ таъин гардид.


ВИДЕОИ баромади Озодаи Эмомалӣ дар парлумон:



Мӯҳр
Тороби
Бехтарин ташаббус Озодахон, лекин хамин геноциди халки точикро аз чониби мугулхо ки то имруз дар манотики бобоии ману шумо аз чониби авлодони мугулхо идома дорад чи кор мекунем. Хамин масъаларо хам як барраси карда бинед чи!!?

bobo
Рахмат ба падарат,бехтарин пешниход, душманон талхакаф мешаванд...

Боварии комил дорам ки кабули конвенция оиди хукуки маьюбон низ
нуфузи ватани азизамонро баланд мебардорад. Пешниходи он дорам, ки ин хуччати ба МО зарур зудтар ба тасвиб расонида шавад

марчон
Барои чи хамма занхоеки бо сиесат сарукор доранд гарданбандашон як намуд аст сафеди кулула кулула канцлери олмон Ангела меркел Хилари клинтон Мишел обама ва Озодаи Рахмон ягон сир дорад е таклид ба фикрам чизе арзонхам нест.

Наим
Чудо хам зани зебову ситорагарм.

нур
Ягон кас метона бга ки ин чи маъно дорад ва фоидаш чи хаст, точикиш чи мешавад. Ташакур.

зафар
салом милат
маънои геоносид, (геноцид- genocide) куштори ҷамъи ё қатли ом, мебошад.
хуб мешуд мансабдорони мо аз маъноҳо ва мафҳумҳои соддаи тоҷики ё форси истифода кунанд. Алҳамдулиллоҳ ки мо тоҷикему фарҳаг ва луғати бой ва ғани дорем.

Гушанишини парламент
Хело хуб аст, ки журналистони мо дар парламент ворид шуда метавонанд, ин як пешрави аст.

Мехостам суханронии хамин муовини вазирро бе когаз бинам. Агар дипломат бошад ин хел чизро бе когаз бояд азёд гуяд.
Озодагон агар сабти баромади Парвиз Давлатзода, дигар муовини вазирро дошта бошед, барои киёс гузоред. Ана вай баромад буд, дар хакикат арзанда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)