Бахшҳо

Озодӣ кафили мавҷудияти давлат ва суботу амният мебошад

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Сармояи бузургтарини инсоният озодист. Сармояе, ки каромат, шарофат ва салобати инсонҳоро таъмин мекунад. Неъмате, ки махсуси инсонҳост. Шарофате, ки танҳо инсон барои доштани он талош мекунад. Баҳси озодӣ дар фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ баҳси беохир аст. Инҷо баҳси мо илмӣ нест, баҳсе иҷтимоист. Барои мо бисёр муҳим аст, ки ин ду мафҳуми муқаддас -Тоҷикистон ва озодиро чӣ бо ҳам мепайвандад.

Ман ҳамеша, вақте дар бораи озодӣ (ҳама гуна озодӣ) фикр мекунам ҳамеша ин гуфтаи яке бузургтарин тоҷики асри XX -- Аҳмадшоҳ Масъудро ба хотир меоварам: “Мо барои озодӣ меразмем. Барои назистан дар зери чатри бардагӣ меразмем, ки пасттарин навъи зиндагист. Барои ҳаёти модӣ ҳама чиз метавон дошт: об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд ва агар истиқлоли мо нобуд гашт, дар он сурат зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт”.

Бале, фалсафаи сухани Масъуди бузург дар ибораи “назистан дар зери чатри бардагӣ” нуҳуфтааст, ки “бадтарин навъи зиндагист”.

Ҳоло мо ба баҳси ин ки тоҷикон таърихан чӣ талоше барои озодӣ кардаанд намепардозем. Вале баҳси табартақсими русҳои болшавикро дар оғози қарни гузашта ба унвони мисол ёдрас мешавем. Бузургтарин хиёнате, ки русҳо барои ҳамеша ба мо карданд ҳамин “тақсимоти милливу ҳудудӣ”-и соли 1924 аст.

Озодии мо дар ин ҷо шикст хӯрд, руҳи озодагии мо осеб дид, тамаддуни бузурги форсӣ дар Фарорӯд дар ибтидо аз ҷониби болшавикҳо ба гаравгон гирифта шуд ва билохира шикаста шуд. Аммо талоши озодихоҳии рӯшанфикрону давлатмардони мо дар ин рӯзгор барои нигоҳ доштани озодӣ, виқор ва ғурури миллӣ басанда набуд. Ҳарчанд натиҷаи талоши онҳо давлатест, ки имрӯз мо бо номи Тоҷикистон дорем, вале то ба охир барои озодӣ талош накардан ба миллати мо чӣ қадар гарон уфтод?! Дареғи салобати гумшудаи мо, ҳайфи марказҳои бузурги тамаддун ва виқори тоҷикӣ. Ин ки имрӯз як руси калсари нимаҳушёру нимамаст дар Русия тоҷикро инсон ҳисоб намекунад натиҷаи амалест, ки дар солҳои бистуми қарни XX мо барои озодии воқеӣ муборизаро ба ҳадди тавон ва андозаи мумкин накардем. Хиёнатро бар озодӣ тарҷеҳ додем. Озодиро қурбони идеология кардем. Мо дар сангпораҳои хиёбони озодӣ пешпои сахте хӯрдем, ки то ҳол ба қомати худ рост намешавем.
Ҳоло чӣ?

Неҳзати миллихоҳӣ ва ҳаракати рӯшанфикрии мо дар поёни умри давлати Шӯравӣ, ки бедор шудани руҳи озодихоҳӣ дар пайкараи миллат буд, натавонист то ба охир ба манфиати миллат ва Тоҷикистон боқӣ бимонад. Истиқлоли Тоҷикистон аз ИҶШС ба муборизаи ин ҳаракат камтар дахл дошт, балки бештар ба фурӯпошии худи низоми сотсиализми шӯравӣ ва вазъи ҷаҳон гиреҳ мехӯрд. Доштани озодӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба ҷанг табдил шуд. Руҳи озодихоҳӣ ба тасодуми сиёсӣ дучор гардид ва Тоҷикистон вориди як ҷанги дохилии бемоҳият шуд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ баста шуд ва ду тарафи озодихоҳ як тараф шуданду Тоҷикистон сулҳро ба ҷанг бартарӣ дод.

Мо роҳи сохтани як ҷомеаи ободу пешрафтаро бо роҳи додани озодиҳои сиёсӣ ба шаҳрвандон пеш гирифтем. Вале бисёр зуд аст, ки ба ин ободиҳо расида бошем. Чаро? Саволи бисёр мушкил, вале агар аз зовияи “Тоҷикистон ва озодӣ” посух биҷӯем чанд нуктаеро метавон ишора кард.

Озодӣ дар навъи худ як масъалаи сиёсии имрӯз аст ва кишварҳое, ки худро демократӣ мехонанд, вале моҳиятан озодиро маҳдуд менамояд тотолитарианд. Муҳимтарин масъалаи имрӯз озодиҳои сиёсӣ аст, ки дар Тоҷикистон ҳам мушкили андаке нест. Бо тафовут аз дигар навъи озодиҳо озодии сиёсӣ ба алоқамандии шаҳрванд ва давлат бармехӯрад. Ҳарфе, ки миёни ҳукумати иҷроия ва шаҳрванд раду бадал мешавад. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо тафовут аз ҷомеаҳои тотолитарӣ танҳо озодиҳои сиёсии ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Озодии сиёсие, ки берун аз ҳуқуқ, аз тариқи давлатмардон, мансабдорон ва ё мақомоти гуногун дода мешавад нишонаи ҷомеаи тотолитарист. Мантиқи озодии сиёсӣ ин аст, ки давлат имкон бидаҳад то ҳар шаҳрванд, шахсиятҳо ва табақаҳои дигари ҷомеа зарфиятҳои худро ошкор кунанд. Агар роҳи ошкор кардани зарфияти шаҳрвандон дар кишвар мавҷуд набошад озодӣ зери савол рафтааст ва ин худ як хатаре барои ояндаи кишвар мебошад.

Томас Ҳобс, файласуф ва назарияпардози сиёсии инглис гуфта буд, “озодӣ ин вуҷуд надоштани муқовимат аст”. Агар ин фармудаи Ҳобсро мушаххастар хулоса кунем, замоне озодӣ халдор мешавад, ки агар муқовимат ба вуҷуд биояд. Агар дар бофтори ҷомеаи Тоҷикистон ин фармударо ба баррасӣ бигирем, яъне муқовимати ҳукумат бо дигар субъектҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ.

Қонуни асосии мо озодиҳои зарурии сиёсиро барои шаҳрвандон медиҳад. Ҳам озодии эътиқод, ҳам озодии баён ва ҳам озодиҳои сиёсии дигарро. Вале дар амалияи сиёсӣ мо мушоҳида мекунем, ки дорем хилофи неъматҳои озодӣ меравем.

Танг кардани муборизаи қонунии сиёсӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ, тарошидани риши як шаҳрванд, кашидани рӯймоли сари як хонум, маҳдудият дар номгузорӣ, сарҳади номаълуме кашидан барои фарҳанги миллӣ, кордор шудан ба эътиқоду имони мардум фосилаи бузургеро миёни Тоҷикистон ва озодӣ эҷод мекунанд. Фосилае, ки набояд эҷод шавад.

Озодии сухан ҳам ҷузъе аз озодиҳои сиёсист, ки маҳаки ҷомеаи демократиро ташкил медиҳад. Қонунгузории Тоҷикистон баробари ҳар кишвари деморкатӣ шароити ҳуқуқӣ барои озодии суханро фароҳам кардааст. Вале дар амалияи ҷамъият ҳамин озодии сухане, ки барои пешрафти давлат сабаб шавад ва асоси ислоҳи иштибоҳоти ҳукумат ва ҷомеа бошад бисёр кам мушоҳида мешавад. Мо бояд аз озодии сухан ҳамчун ҳуқуқи фитриву табии инсон ба унвони як падидаи ҷомеасоз истифода кунем, на балки ҳамчун як падидае, ки хилофи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии мост, онро масдуд намоем. Чун озодиҳои сиёсӣ ба шарофат ва каромати инсонӣ рабт доранд ва барои инсон болотар аз ҳама гуна шароити рифоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ мебошанд. Боз агар озодиҳои сиёсӣ дар шароите масдуд ва аз мардум гирифта шаванд, ки шароити рифоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин набошад, ба омили хатарзо табдил мегардад.

Ба унвони хулоса мешавад гуфт, ки озодиҳоии сиёсии шаҳрванд, албата дар қонун ва дигар асноди меъёри ҳуқуқӣ танзим мешавад, вале дар риояи озодиҳои сиёсӣ фарҳанг сиёсии шаҳрвандон ҳам бисёр нақши меҳварӣ дорад, ки то куҷо инсон метавонад ниҳодҳоро маҷбур намоянд, то уҳдадориҳои худро дар ин самт иҷро намоянд ё масъулияти бештар биандешанд.Вале як ҳарфро набояд фаромӯш кунем, ки агар давлат кафили озодӣ бошад, аз сӯйи дигар озодӣ ҳам кафили мавҷудияти давлат ва суботу амният мебошад.
Мӯҳр
1) Ахмадшохи МАСЪУД - точиккахрамон, як намунаи бузург буд, У кахрамони чанг набуд,балки кахрамони СУЛХ буд. Вай ба мардум мефахмонд, ки мо хукуки куштани мардум надорем(дар мисоли Начиб ва Асадуллои Сарвариро ,ки дар зиндон нигох дошту накушт !!!!!) Масъуд натавонист як КИТОБ шавад, чунки вакти навиштани акидахои худро надошт, дар рохбарии мардум машгул буд. ВАТАНФУРУШ НАБУД !!!!!ВАТАНДУСТ БУД !!!!!
2) Табартаксимро русхо не, туркхо (пантуркистон) ...амали карданд ё не ?????
3) Озодихои мо дар руи когазанд, лекин дар назди КОНУН аз руи
хешутаборчиги, махалчиги , дорои ва вазифаву гайраву хоказохо чавобгари мешавад .....!!!!!! Ё ИН ТУР НЕСТ -А хонандагони ОЗОДАГОН??

ЛоЛО
...бузургтарин тоҷики асри XX -- Аҳмадшоҳ Масъуд- Ин унвони бузургро ба ин мард ки додааст??? Ин шахс точик не афгон буд, дар паспорти вай миллаташ афгон навиштаги на точик, дуюмаш ин ки вай як бозичае дар дасти Амрикоихо буд ва лахзае, ки нолозим шуд уро нобуд карданд. У точик набуд у афгон Шумо девона шудед чи афгонро точик мегуед, узбекхоро точик мегуед, ин айби шумо нест айби он, ки дар худи Шумо кахрамон нест ба чуз Равшан ва Чамшут.

Озод
Мухтарам Иршод! Вобаста ба "табарбурии" худуди точикнишин факат русхоро айбдор кардан асос надорад. Маълум аст, ки пойтахти Чумхурии Мухтори Точикистон аз Самарканд ба Душанбе мувофики Карори Кумитаи Ичроияи Марказии (ЦИК) ва Бюрои Осиеимиенагии Хизби коммунисти (большевики) муваккатан, то нест кардани босмачихо дар чануби чумхури, кучонида шуда буд.
Вале, пас аз бархам додани босмачигари дар чануб намояндагони ваколатдори точикистони дар макомоти олии идораи худуди Осиеи Миена на факат масъалаи баргардонидани пойтахтро аз Душанбе ба Самарканд набардоштанд., баръакс, масъалаи дар Душанбе монондани пойтахтро дастгири карданд.

Матлаби хубу хонданӣ ва қобили таъаммул! Забони матлаб мақрун за забони дуоусти форсист. Истифодаи " неҳзат" зарур ба назар немерасад, чун ҳамун адои тоҷикии калима яъне " наҳзат" комилан ба ҷост. Ин "неҳзат" баргирифта аз навишти тоҷикони ББС аст,ки ҷанбаи тақлидӣ дорад. Чанд рӯз пеш аз телевизионии форсии ББС гузориши С, Зиёро мушоҳида кардам,ки ӣа ҷойи адои дурусти тоҷикии таъсир мегуфт " тоъсир, ки комилан иштибоҳ аст. Ҳамин тавр корбурди калимам " тоърихи" форсигӯёни Ирон ва хеле аз муқаллидини тоҷикии онҳо саҳеҳ нест. Дуруст ҳамон аст,ки мо тоҷикон мегӯем, яъне таърих. Ҷузъиёти инро касе пай мебарад,ки бо наҳви навишти форсӣ хуб ошно бошад. Мутаассифона аз ин даст иштибоҳот дар навиштаҳои зиёди расонаҳои гурӯҳии мо ба чашм мехӯрад, ки дол бар ноогоҳии кофии муаллифини муӯҳтарам аз қавойиди имлои форсӣ аст

Озод
Комментнависони мухтарам дунболи хошияхо нагардед. Асли матлаб ин чо "Озоди" аст, на чизи дигар...

ЛоЛО,
ном ба андозаи акл ниходаед бародар ))) Афгон - миллат нест, балки шахрванд аст. Ба мисле, ки эрони - шахрванди Эрон асту, миллаташ эхтимол форс, озар, арман ё араб бошад, афгон хам миллаташ эхтимол дорад точик, пашту, хазора ё узбак бошад. Хеч шакке нест, ки шодравон Ахмадшох точик аст.
Арифметика, ва
Озод,
Табартаксим махсули русхост. То русхо дар Осиёи Маркази кишвархо аз руи миллат худудхои худро таксим намекарданд. Русхо барои фаррох кардани рохи мудирияти худ аз "таксим куну хукмрони кун" истифода карданд. Дар натичаи ин таксимот аз хама бисёр мо точикон ва баъдан узбакон зарар дидем. Казокон, туркманхо ва киргизхо бурд карданд. Чаро?
Чун русхо мехостанд харчи тезтар халки махаллиро ба рус табдил диханду худшиносии миллии моро аз байн бубаранд. Он вактхо натичахои омузиши русхо ( Бартольд, Зарубин, Наливкин) нишон дода буд, ки аз байни панч миллати буми танхо точикон ва баъдан узбакон худшиносии миллии кавитаре доранд. Се миллати бокимонда бошад, то хол хамчун миллат худшиносиву фархангу маднияти худро надоштанд. Бино бар хамин барои русхо "рус" гардонидани онхо осонтар буду русхо онхоро нисбати мо точикон ва узбакхо кавитар гардониданд. Умрузхо хам ахмият дихем, дар хакикат асосан казоку киргиз нисбат ба мо ва узбакон "русшудатаранд".

Ба ЛоЛо
Ту худат ба фикрам Точик нести агар точик боши аник аз намуди Точикони Ватанфуруши. Ту не таърихро медони на ба кадри миллати Точик мераси . Ахмадшохи Масъуд Точики хакики буд . Обу хоки хами Точикистону миллати Точик тра кур кна.

кулябец
Баъд аз давлати Сомониён ягон марзу бум доштем ё давлати точикон буд? Не! Аз кадом озоди сухан мекунед? Барои чи русхоро гунахкор мекунед?
Мо худ миллати якдигарнофахм ва парешонем. Факат аз гузаштагони бузургамон ёд карда худ ягон бузургие надорем . На мусалмони пурраему на инсони боинсоф! Магар бо чор сухандони, шеърнависи ва сурудхони миллат пеш меравад?
Дар чомеаи имрузаи чахони чи навоварие кардем? Ба космос паридем ё мошинае барои осон кардани кори кишоварзон?
Хатто як гугирд истехсол намекунем . Дар даврони СССР бисёр пешравихо буд. Русхо бисер чизро ба мо омухтанд. Ва омада дар сохтмону азхудкунии камишзорхо кумак расонданд . Чандин ГЭС- у комбинат, шахрчаву посёлка сохтанд .
Худ хулоса бароред! Дар 23 соли истиклол чи сохтем, ки зиндагии моро бех намуда бошад? Чор бинои баландошёна ки ба мардуми камбагал дастнорас??

Абубакр Душанбе
Домулло Иршод маколаи хеле хуб аст .вале гунахгор кардани Урус хатост.Аввало мардуми Самарканду Бухоро аз тарси узбакхо худро баьди инкилоб дар шиносномааш узбак навиштанд.ки ин гунохи Урус нест.Баьдан гунохи точикон ба монанди А.Рахимбоеву,Файзуллоевхо барин барои миллатфурушиашон аз Урусхо зиедтар аст.Магар ахолии Самарканду Бухороро Урус мачбур кард.ки онхо худро узбак гуянд? Чизе ки асоси ин вокеьа аст ин тарс ва бедории милли надоштан буд.Урусхо шонсе доданд барои точик давлате бо номи точик ташкил кунанд вале миллате.ки аз тарс худро дигар миллат нишон дод айби урус нест.Гурда даркор буд. Озоди ин хакикат аст тавони нашр кун мухолиф боши ихтиерат

Бегаразона
Домулло Иршод маколаи хеле хуб аст .вале гунахгор кардани Урус хатост.Аввало мардуми Самарканду Бухоро аз тарси узбакхо худро баьди инкилоб дар шиносномааш узбак навиштанд.ки ин гунохи Урус нест.Баьдан гунохи точикон ба монанди А.Рахимбоеву,Файзуллоевхо барин барои миллатфурушиашон аз Урусхо зиедтар аст.Магар ахолии Самарканду Бухороро Урус мачбур кард.ки онхо худро узбак гуянд? Чизе ки асоси ин вокеьа аст ин тарс ва бедории милли надоштан буд.Урусхо шонсе доданд барои точик давлате бо номи точик ташкил кунанд вале миллате.ки аз тарс худро дигар миллат нишон дод айби урус нест.Гурда даркор буд. Озоди ин хакикат аст тавони нашр кун мухолиф боши ихтиерат

Акнун бишнав!

НКВД омада ба сари падару модарат ва фарзандат нуги туфангро фишор дихаду тахдид кунад баъд мефахми часорату гайрат чист? Дигар он ки дар он замони хаос дониши сиёсии мардум баробари дониши сиёсии як баччаи класси аввали имруз буд севвум ин ки то соли 1992 аксарияти донишмандони точик актерхо пизишкон ё Самаркнадиву Бухори буданд ва ё шогирдони онхо ва аз соли 1992 ба баъд хам бештаринашон хам шогирдони шогирдони онхо мебошад. барои хамин мардуми точикро ба тарсуву далер ва шахриву киштлохи кухистониву гайрион узбакшаклу точикшакл набояд таксим кард,! онхо ба ду гурух таксим мешаванд ё точик хаст ё нест точик будан факат бо такрори калимаи шаходату худро точик муаррифи кардан нест бояд дар амал низ собит кунад хуввиятбохта набошад мо хамма аз як сарчашма об мехурем чи Бадахши, чи Хатлониву Хучандиву Самаркандиву Хиротиву Бухориву Душанбегиву Хисориву ахли Фаргонаву Чочу дигар минтакахо моро марзхои сиёси аз хам чудо кард ва эхтимолан дер намепояд хам аммо катъи назар тафаккур ва чойгохи ичтимоиву сиёси ( хох рухони , хох миллигаро, хох атеист, хох коммунисту хох либерал ва демократ мо хамма бархоста аз ин буму барем ва бояд хам дар зери як парчам басич бишавем агар не хамма барбод хохад рафт-гуфтааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)