Чан тан аз сокинони шаҳри Хӯҷанд ва ноҳияи Данғара аз сабаби паст будани вазъи оилавӣ даст ба худкушӣ заданд.
Азам Шарипови 21 сола, сокини шаҳри Хӯҷанди вилояти Суғд, ки дар ягон ҷо кор намекард, ду рӯз қабл дар ҳавлии истиқоматияш, бинобар сабаби паст будани вазъи оилавияш худро тариқи ба дор овехтан ба ҳалокат мерасонад. Худи ҳамон рӯз, ҳодисаи нохушӣ ба ин монананд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух медиҳад. Чамангул Ашӯроваи 29 сола, истиқоматкунандаи деҳаи Дурахшони ноҳияи Данғара низ аз сабаби вазнин будани сатҳи оилавӣ дар ҳавлии истиқоматиаш ба сару либосаш моеъи сӯзишвории бензинро пошида худро оташ задааст, ки дар натиҷа 90%-и баданаш сӯхта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст. Чамангул Ашӯрова низ дар ҳеҷ куҷое кор намекардааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр