5 ҳазор доллари Шоҳрух Саидов ба бозигари маъюби “Энергетик”
Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба Ислом Икромов, бозигари пешини тими “Энергетик”, ки чанд соли ахир аз маризии фалаҷи пой ранҷ мекашад, кӯмаки молӣ кардааст.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозигарони “Истиқлол” -- Нуриддин Давронов, Петро Ковалчук ва Бледа Родригес, аз номи президенти клуб – Шоҳрух Саидов ба Икромов, ки ба табобат ниёз дорад, 5 ҳазор доллар тақдим кардаанд.
Ислом Икромов гуфтааст, ин маблағ барои дар осоишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Сакии Қрим ба табобат фаро гирифтанаш, кӯмак хоҳад кард. “Ман умедро аз даст надодаам ва орзу дорам дубора ба по бихезам. Агар ин орзу амалӣ бигардад, дубора ба майдони футбол меоям ва барои амалӣ шудани орзуи дигарам, ки бозӣ дар ҳайати дастаи “Валядолид”-и Испания аст, талош мекунам”,-гуфтааст Икромов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |