Бахшҳо
04 май 2015 13:16Тоҷикистон / Муҳоҷир

Муҳоҷирони баргашта аз Русия: Ҳаминҷо кор кардан мехоҳем

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як мониторинг дар бозори меҳнат маълум кард, танҳо 29 дар сади афроде, ки дар бозори мардикорӣ кор меҷӯянд, соҳиби касбу кори муайян мебошанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, бо мақсади шинос шудан бо вазъи бозори дохилии меҳнат, муайян намудани мушкилоти коргарони кироя ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо рӯзи 29 апрел дар бозори меҳнати шаҳри Хуҷанд мониторинг гузаронида шуд. Ба қавли ӯ, дар рафти мониторинг наздики 100 мардикор, сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Панҷакент, Ғончӣ, Зафаробод, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен пурсида шуданд: “Аз шумораи умумии пурсидашудаҳо 16 дарсад сокинони шаҳрҳои Душанбею Кӯлоб ва ноҳияҳои Ҳисору Носири Хисрав будаанд”.

Манбаъ мегӯяд, ҳамаи нафарони пурсидашуда иброз доштанд, ки сабаби асосии мардикорӣ карданашон надоштани ҷои кори расмӣ мебошад ва онҳо маҷбуранд, барои пешбурди зиндагӣ ва бекор нагаштан, мардикорӣ кунанд: “Мониторинг нишон дод, ки маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна аз 50 то 80 сомониро ташкил медиҳад. Онҳо новобаста ба касбу ҳунар доштан ё надоштанашон корҳои гуногунро иҷро менамоянд. Пурсиши гузаронидашуда нишон дод, ки ҳамаги 29%-и мардикорон соҳиби касбу кори муайян мебошанд. Вале на ҳамаи онҳо мувофиқи ихтисосу касбашон дар мардикорбозор ҷои кор меёбанд”.

Абдулло Қодирӣ мегӯяд, 21 дарсади афроди пурсидашуда гуфаанд, қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва ҳоло хоҳиши ба Русия рафтан надоранд, зеро дар пайи беқурб шудани пули русӣ музди меҳнаташон ночиз шуд: “Баръакс, 18%-и пурсидашудагоне, ки ягон бор ба Русия нарафтаанд, гуфтанд, ки мехоҳанд ба ин давлат раванд. Новобаста ба ин, аксари мардикорон хоҳишманди онанд, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҷои кор ёбанд ва дар назди оилаи худ қарор дошта бошанд”.

Ба иттилои манбаъ, пурсиш маълум намуд, ки мардикорони аз шаҳру ноҳияҳо омада, асосан дар хонаҳои шахсии дигар одамон зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз ба миқдори муайян ба соҳиби хона маблағ медиҳанд.
Мӯҳр
мухочир
Ин миллати шариф дар Ватан мардикор,дар Руссия гастарбайтер шуд.Чи шуд замона...?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)