Бахшҳо

11 донишҷӯ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои худ маблағ гирифтанд

Ташкилоти ҷамъиятии “Иқтидор” ва Институти Синергоси Амрико дар доираи лоиҳаи “Рушди соҳибкории иҷтимоӣ миёни ҷавонон” ба 11 донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон барои амалӣ намудани лоиҳаҳояшон маблағ дод.

Турсуной Изомиддинова, намояндаи ин лоиҳа дар Тоҷикистон гуфт, мақсади ин барнома таъмин кардани ҷойи кор ва ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Хонум Изомиддинова мегӯяд, ин лоиҳа моҳи январи соли равон роҳандозӣ шуда, дар он 70 донишҷӯ аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва 30 донишҷӯ аз шаҳри Кӯлоб тарҳҳои худро пешниҳод карданд: “Аз ин шумора баъди гузаронидани тренинг ва тарзи навиштани лоиҳа 11 нафар ғолиб омад. Дар рафти лоиҳа мо мушоҳида кардем, ки ҷавонон идеяи худро ба таври як лоиҳа пешниҳод карда наметавонанд”.

Хусрав Саъдуллоев, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон барои парвариши занбӯри асал 5704 сомонӣ дарёфт кардааст. Ин донишҷӯ мегӯяд, бо ин маблағ дар деҳаи худ ба парвариши 10 оилаи занбӯр шурӯъ мекунад. Григорий Погосян, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа 5580 сомонӣ дарёфт кардааст ва мехоҳад бо ин маблағ дар назди донишгоҳ таввақуфгоҳи дучарха бунёд кунад. Ӯ мегӯяд, пеш аз ироа кардани лоиҳа миёни донишҷӯёни 4 факулта назарпурсӣ анҷом додааст ва 80 дарсади онҳо гуфтаанд, мехоҳанд бо дучарха ба донишгоҳ биёянд.

Масъулони таъкид карданд, ки ҳарчанд маблағ зиёд нест, вале дар сурати бо муваффақият анҷом додани марҳилаи аввал, лоиҳаро метавонанд дар оянда ҳам сармоягузорӣ кунанд.
Мӯҳр
Донишчу
Идораи мухтарами Озодагон! Як чахон ташаккур барои иттилоот. Мутаассифона, оиди чунин икдом аксари донишчуени чумхури хабардор нестанд. Хохиш менамоем хабар дихед - ба кучо мурочиат кардан лозим аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)