Бахшҳо

Шикояти аъзои ҲНИТ: Гуфтанд аз ҳизб баро баъд дуздии хонаат тафтиш мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз бетаваҷҷуҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқ ва чораандешӣ барои қонувайронкуниҳое, ки алайҳи пайравони ин ҳизб сурат мегирад, шикоят кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, маъмурини пулис дар шимоли кишвар ба Шоирахон Юнусова, сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара гуфтаанд, замоне ба таҳқиқи дуздии манзилаш мепардозанд, ки аз сафи ин ҳизб берун шавад. Хонум Юнусова гуфтааст, "чанде пеш хонаи маро дӯзд зада буд, вақте ба Шӯъбаи милиса рафтам, сардори шӯъба гуфт, ки аввал аз сафи ҲНИТ берун шавам, баъд кори маро тафтиш хоҳанд кард”.

Ба гуфтаи ин узви ҲНИТ, таҳқиқи қазияи дуздии манзили ӯро қаблан муфаттише бо номи Абдуллоев бар уҳда дошта, ҳоло он ба зиммаи муфаттиши дигар бо насаби Нусратов гузошта шудааст. Юнусова мегӯяд, дар робита ба бетаваҷҷуҳии маъмурини пулис ба мақомоти додситонии шаҳри Исфара низ шикоят бурда, вале ҷавобе нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иддаои хонум Юнусова, Насибиддин Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳаи Ворух борҳо ӯро ба ҷамоат даъват карда, хостааст, сафи ҲНИТ-ро тарк кунад: “Ин хонум мегӯяд, "бори аввал раиси ҷамоат маро даъват карда, хоҳиш кард, ки аз ҳизб барояму бо онҳо ҳамкорӣ кунам. Ман бошам дар ҷавоб гуфтам боз фикр мекунам, бори дуввум низ даъват карда гуфтанд, ки аз ҳизб даст кашам. Аммо ман гуфтам аз аъзогӣ намебароям, вале он кас зуроварӣ карда, гуфтанд, ки дар ҳоли аз ҳизб набаромаданам мағозаи маро мебанданд”.
Мӯҳр
Мухочир
Ачаб гирифторе кардаанд ин макомоти ба ном хифзи хукук худро бо ин ХНИТ . Дини Илохи ва ин равия дар рухи инсони мусалмон омехта аст . ин макомот номашонро иваз кунанд набошад агар хифзи хукук ро чори ва риоят карда натонанд .

Ворухи
Хамин раисака нагз мешиносам, орзуи раиси колхозшави дошт чанд сол, ход надодандаш, як бало карда раиси чамоат шуд. Мансаб ширин будаст, набошад худаш Хочи саводи муллоги хам дораду, гапхои бачагона мезанад. Гуё дар Ворух проблема намондааст, ки ба аъзои ХНИТ часпидаанд. Амнияту милисаро балои чони мардуми Ворух кардаанд, ки боди баромадаро хам чавоб медихи, ки бе ичозат бод зади. Масъалаи марз чи шуд Мухтарам РАИС??? Дигар кор наёфтед як муштипарро тахдид мекунед?

Ин амали маъмурони пулис ва раиси чамоатро дар "адабиёти форс-точик " СИТЕЗАКОРИ ва КИНАДОРИ " гуфтаанду дар асри ХХ1 инро "ХИЗМАТИ ХИРСОНА БА "РЕЙТИНГИ ХУКУМАТ" меноманд !!!!!

Шоирахон! Чаро барои узвияти ин ё он хизб шуда хаёти хонводагии худ ва тичоратонро дар хавф мегузоред. Бо даст кашидлан аз ХНИТ шумо аз ислом даст намекашед ку. Бароед аз ин хизб ва тамом. Мебинед ки хама мушкилотатон хал шудааст.
ХНИТ хеч гох манфиатхои шуморо химоя карда наметавонад ва макомот хам то баромадан аз сафи ин хизб ба хеч коратон расидаги намекунанд.
Намозу рузаатонро тарк накунед, вале маслихат медихам, ки аз ХНИТ даст кашед.

ислом.70mail.ru
Бародари Ворухи! Масъалаи марзр ба раис савол додиву дар вучуди раис ларза даромад. Агар раис ки аз удаи кор набарояд барои он ки аз вазифа сабукдуш шавад, як ду маротиба масъалаи марзро бардоред у худ бо сабаби бемории канд е ки сактаи дил ба нафака мебарояд. Нест бод тарсу хушомад. Зинда бод нангу номус. Хамин дофа хам чоп нашавад, якин мекунам ки дар Озодагону Озоди бегонагон хастанд.

Чамшеди Ворухи
Ин занро ман хуб мешиносам тамоман аз ислом маълумоте надорад. Агар заррае аз ислом хабардор мебуд яккелинашро ки сохиби ду кудаки хурдсол дошт бо рохи мачбури аз хонааш пеш кард. Хол онки муносибати келинаш бо писараш хуб буд. Ин худобехабар доимо ба фитнаангези машгул мебошад ба сари келинаш чунон тухматхое мондааст. Хамсоягонаш низ аз дасти ин зан ба дод омадаанд.

Ворухи
Чамшеди Ворухи,
Сухан аз шахсияти зан намеравад, бигзор аждахо бошад, ин чо сухан дар бораи аз ухдаи вазифа набаромадани Раиси чамоату милисаву амният меравад. Медонанд, ки дуздхоро ёфта наметавонанд, аъзои хизб будани занро бахона карда аз ичрои вазифа саркаши мекунанд. Ё дуздро ёбед, ё руймолро аз миён гирифта ба сар бандед, чанобон мансабдорон. Як масъалаи чидди пеш биёяд доим хамин мансабдорон бахона мекованд, бас будагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)