Бахшҳо
05 май 2015 10:37Тоҷикистон / Сиёсат

“The Guardian”: Лоиқов дар назди Кӯлоб парчами “Давлати исломӣ” барафрохт

“The Guardian” нашрияи маъруфи ҷаҳонӣ дар мавриди гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” матлабе нашр кардааст.

Муаллифи ин матлаб рӯзноманигор -- Даниил Туровский мебошад, ки барои таҳқиқи суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар бораи хатари ДИИШ ба Тоҷикистону Русия аз кишвари мо дидан кардааст. “The Guardian” аз ҷумла қазияи Гулру Олимоваро зикр кардааст, ки шавҳараш Лоиқ Раҷабов ӯ ва се фарзандашро гирифта, тариқи Русия ба Сурия бурдааст. Нашрия аз қавли Марямбӣ Олимова, хушдомани Лоиқ Раҷабов овардааст, вақте ӯ аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргашт, дар хонаашон, дар наздикии шаҳри Кӯлоб парчами сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро барафрохт: “Баъдан тирамоҳи соли 2014 зану фарзандонашро гирифта ба Русия бурдааст ва баъди чанд моҳ ба хушдоманаш занг зада гуфтааст, ки онҳо дар Сурияанд. Олимова аз ин суҳбаташ ба мақомоти тоҷик хабар додааст, аммо онҳо коре накардаанд”,-навиштааст “The Guardian”.

Ин нашрия инчунин муҳтавои суҳбати Гулру Олимоваро аз Сурия бо модараш Майрамбӣ Олимова овардааст: “Дар суҳбати охири телефонӣ, ки моҳи апрел сурат гирифтааст, Гулру изҳор доштааст, ки “Давлати исломӣ” ба хонаводаашон барои сафар ба Алеппои Сурия 30 ҳазор доллари амрикоӣ дода, онҳоро дар як хонаи чорҳуҷрагӣ бо тамоми шароит ҷой кардааст. Инчунин барои нигоҳубини ҳар кӯдакашон “Давлати исломӣ” моҳе 35 доллари амрикоӣ медиҳад. Гулру афзудааст, ки шавҳараш дар ягон амалиёти ҷангӣ иштирок намекунад, танҳо мошинҳоро аз назар мегузаронад, ки арақ ва сигаретро интиқол надиҳанд. Ӯ ба модараш гуфтааст, ки халифат ба зудӣ ба Тоҷикистон низ мерасад ва мусалмонон метавонанд бо Худо зиндагӣ кунанд”.

“The Guardian” афзуда, ахиран дар Афғонистон низ ҳаракатҳое пайдо шудаанд, ки тоҷикону узбакҳоро барои ҳуҷум ба ватанашон омода мекунанд. Ба навиштаи нашрия бештари тоҷикистониён ба сафи “Давлати исломӣ” асосан дар Русия аз ҷониби чеченҳо ҷалб мешаванд ва аз қавли муҳоҷирон овардааст: “Чеченҳо одатан дар ҳайати се-чор нафар баъди соати 8 ба сохтмону ҷойҳои зисти тоҷикону дигар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ омада, онҳоро даъват ба кору зиндагӣ дар хилофат дар Сурия ва Ироқ мекунанду шароити хуб низ ваъда медиҳанд. Мегӯянд, ки шумо набояд ҳамчун ғулом зиндагӣ кунед ва муҳоҷиронро ба сафи “Давлати Исломӣ” ҷалб мекунанд”.

“The Guardian” инчунин гузориши ахири Гуруҳи байналмилалии буҳрониро зикр кардааст, ки тибқи он тайи се соли охир аз 2000 то 4000 муҳоҷири меҳнатии Осиёи Марказӣ тариқи Русия ба “Давлати исломӣ” ҷалб шудаанд. “Шароити тоқатфарсои меҳнат ва музди ночиз дар Русия барои гаравидани муҳоҷирон ба “Давлати исломӣ” мусоидат мекунад”, - таъкид шудааст дар ин гузориш.
Мӯҳр
Дар кучо дидаен, ки барои чанг ба Сурия мебаран ва зану фарзандота дар хонаи 3 хучраги чой мекунанд ва бо тамоми шароит таъмин мекунанд. Ин хамааш дуруг аст. Боз аз Сурия истода духтар модари худро мегуяд, ки Давлати исломи ба Точикистон низ меояд ва бо Худо наздик мешавем. Ин гуфтахо тамоман аз акл бегогна аст. Пас то ин дам мо Худоро намешинохтем, ки имруз ду-се рохгумзадае, ки аз дину оин бехабар аст, боз ба мардуми шарифи точик дарс меомузонад. Ту фикр намекуни, ки пас аз вафоти ту занад бо ки хоб мекунад ва фарзандонат ба кадом руз ва азоб гирифтор мешавад. Ягони араб барои манфиати дигар миллат кор намекунад ва танхо бо максади амали намудани максаду мароми худ аз чавонони гумрохшуда дар рохи ислом истифода мебарад.

Муҳоҷир
Агар дар ҷанг мурад, фарзандҳояшро Худованд нигоҳ хоҳад дошт ва аз тоҷикони Тоҷикистон ҳам хубтару баномустар ба воя расида, номи мардони тоҷикро дар тафовут ба номардҳои тоҷикистонӣ боло мебаранд. Шумо бошед, мисли каламушҳо дар ватанатон зиндагӣ кардан гиред.

сазовор
Муҳоҷир ту хта бар дар хамуно буфуруш дигарора маслихат нате агар ту аклта хурда боши дигарора аклш дар чошай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)