Save the Children: Вазъи модарони тоҷик аз ҳамсояҳо бадтар аст
Созмони байналмилалии хайриявии Save the Children дар остонаи рӯзи байналмиллалии модар, ки ҳамасола 18-уми май таҷлил мешавад, пажӯҳиши ҷадиди худро дар мавриди вазъи модарон дар кишварҳои ҷаҳон мунташир намуд.
Тибқи ин пажӯҳиш, ки 179 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки 7 зина пеш рафта, мақоми 127-умро гирифтааст, миёни кишварҳои Осиёи Миёна қафомондатарин аст: “Дар гузориш оиди вазъи модарон Қазоқистон ҷои 58, Туркманистон-99, Қирғизистон107 ва Узбакистон мақоми 118-умро гирифтааст”.
Ба сегонаи беҳтарин кишварҳо барои модарон Норвегия, Финляндия ва Исландия ворид шуда, Сомалӣ бадтарин кишвар барои модарон арзёбӣ шудааст. Гузоришгарон зимни радабандӣ омили фавти модар, кӯдак то 5 солагӣ, дастрасӣ ба таълим, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва сатҳи даромади миллиро ба назар гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |