Бахшҳо

Шикояти муовини Кабирӣ ба Ализода аз поймолшавии ҳуқуқи диндорон

Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо навиштани як нома унвонии Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла диндорон дар кишвар шикоят кардааст.

Муовини аввали раиси ҲНИТ дар номаи худ навиштааст, “агар пештар ин фишорҳо маҳдуд ба аъзои ҲНИТ мешуданд, ҳоло доманаи ин фишорҳо ба тамоми ришдорону сатрпӯшҳо ҳам густариш ёфтааст”.

Ба гуфтаи Сайдумар Ҳусайнӣ, аз давраи баргузории интихоботи парлумонии якуми март то ҳол қонунгузории кишвар аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шӯъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии кишвар дар маҳалҳо ба таври оммавӣ нодида гирифта шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ошкоро поймол мешавад: “Бо назардошти талаботи моддаи 11, қисми а ва б-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ кардаааст, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лозим донист, то ба Шумо муроҷиат намояд”.

Муовини раиси ҲНИТ гуфтааст, дар ҳоле аз ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони тоҷик шикоят дорад, ки қаблан унвонии раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳам чунин мактубҳо ирсол карда буд: “Дар асоси моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба ин ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи инсон ваколат ва салоҳияти комил ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо додааст, то дар доираи салоҳияташ бо ташаббуси худ санҷишҳо гузаронад. Аммо ин рисолати Ваколатдор ҳанӯз ҳам анҷом нашуда боқӣ мондааст”.

Дар номаи муовини раиси ҲНИТ ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи кормандони ниҳодҳои мазкур тайи ду моҳи охир замима гардида, ибрози умедворӣ шудааст, ки “Ваколатдор дар доираи салоҳияту ваколате, ки қонунгузории кишвар бар ӯҳдааш вогузор кардааст, чораҷӯӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хулосабардорӣ менамояд”.
Мӯҳр
Мухлис
Ба ХНИТ гуфтаниам ки аз дасти ин макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хеч чиз намеояд, бехуда сагардон шудед! Инчунин ба Шумо ХНИТ гуфтаниам ки Худованд Шумо ва хамаи моро дар панохи хифзаш нигахдор бошад. Иншоллох бо мадати Олох хамаш нагз мешавад ва албата Золимон барои пешгирии фарзи Олох ва сунатхои Расуруллох( с.а.в) дер ё зуд чазошона мегирианд.

Sharof
Ofarin janobi Sayidumar kosh misli Umarali bo gayrat shaved..

Мухочир
Хайрияте дар точикистон хнит хаст, ки аз хукуки диндорон химоят мекунад чонам фидои хнит ва масъулони хнит! Часур бошед масъулони хнит

Хами ХНИТ факат нолиш мекунаду нолиш. Як бор оиди фаъолияташ ягон маълумот намедихад, ки худ ба чи кор машгул аст хамчун хизби расман кайдшуда. Аз хисоби хеч фоида надоштанаш аъзоёнаш сафи онро тарк карда истодаанд. Аммо ин рохбарияти ХНИТ бошад ба бадномкунии макомотхои давлати машгул аст.

Ҳнити муҳтарам биёед ба мардум роста гуед, ки ин ҳизби Шумо оянда надорад. камтар одамонро фиреб дода ба сафи худ аъзо кунед. кани ба ман як амали хуби худро баҳри ободии ватан мегуфтед. Шумо, аз ӯҳдат кор набаромада, ранги беваҳои лаби об дар мағлубияти худ давлатро гунаҳкор мекунед. Шумо фақат як мақсад доред, нафрати одамонро зиёд намудан нисбати роҳбарияти давлати ҳозира, ва аъзоёни ҲХДТ. Шумо ғайр аз худ ва курсие. ки дар ягон мавриди насиби шумо нахоҳад шуд, фикр намекунед.

Чаноби САИДУМАР !!!!!Бо ин хизбат ягон ваколатдор ба додатон намерасен, хубтараш аз вазифа истеъфо дода , ИСФАНДИЁР АБДУРАХМОНОВро иваз мекадед хубтар мебуд !!!!!

Ягона шахсонеро мебинад дар хаётам аз хукуки Диндорон химоят мекунад ин аз кормандони ХНИТ аст боз мехоханд хаминро бархам диханд.
Неке аз дасти Ализода ягоооон кор намеояд, бечора худаш ба доираи хамон боломакомхо мераксад.
Душманони ХНИТ руз ба руз шарманда шуда истодаанд "ТВ Висоли-Хак"
боб кард хам Кумитаи Динро хам Шурои Уламои Точикиро чониби Точикистон дар барномаи Ансори хатто дуруст сухан карда наметавонанд, Ансори гуфташон ки "Равед илм омузед баъд сухан кунед" магар шармандаги аз ин зиёд мешавад???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)