Бахшҳо
05 май 2015 15:34Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Донишгоҳи Хуҷандро донишҷӯён “идора” мекунанд

Барои аввалин бор, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии Раёсати донишгоҳ ва факултаҳои он” гузаронида мешавад.

Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, ин чорабинӣ аз 4 то 11 майи соли равон идома мекунад. Анвар Мақсудов, ректори донишгоҳ ҳадафи роҳандозии ин иқдомро татбиқи қонунҳои Тоҷикисон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” арзёбӣ кардааст: “Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, шиноскунии донишҷӯён бо низоми корбарӣ ва идоракунии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, гузаронда мешавад”.

Манбаъ афзуд, аллакай комиссияи салоҳиятнок тариқи суҳбат донишҷӯёнро муайян ва интихоб намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд: “Сардорони раёсатҳо, мудирони шӯъбаҳо ва декани факултетҳои донишгоҳ барои иштирокчиёни ҳафта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд”.

Гуфта мешавад, давоми 2 рӯз 4-соатӣ машғулият/тренинг дар мавзӯъҳои “Худидоракунӣ, мафҳум ва мазмуни он” ва “Этикаи рафтори кадрҳои идоракунанда”, гузаронида мешавад. Инчунин давоми ду рӯз шиносоӣ бо роҳбарону фаъолияти Раёсату шуъбаҳои ДДХ, 6 рӯз иштироки бевоситаи донишҷӯён дар иҷрои вазифа: роҳбар ҳар рӯз ду маротиба - як маротиба то нисфирўзӣ ва як маротиба баъди нисфирӯзӣ, ба донишҷӯи ӯро ивазкунанда шароит медиҳад, ки дар раванди ҳалли яке аз масъалаҳо мустақилона иштирок намояд: “Дар дигар ҳолат роҳбар - дублёри ҷавон дар паҳлӯи роҳбар нишаста, бо фаъолияти вай шинос мешавад, дар рӯзномааш қайдҳои худро дар бораи рафтори роҳбар ва тарзи ҳалли масъалаҳо аз тарафи роҳбар мегузаронад. Ҳар рӯз роҳбар дар оғози фаъолияти корӣ натиҷаҳои иҷрои супоришҳои рӯзи гузаштаро бо иштироки роҳбар - дублёри ҷавон мегузаронад, то ин ки ӯ масъулиятро ҳис намояд”.

Иштирокчиёни “Ҳафта” оид ба иштирок ва иҷрои вазифа дар Раёсати донишгоҳ дар ҳаҷми 2-3 саҳифа ҳисобот пешниҳод менамояд ва ба онҳо гувоҳнома оиди иштирок дар “Ҳафта худидоракунии Раёсати донишгоҳ” дода мешавад: “Ҳамин тавр, 45 донишҷӯ ҳафтаи равон дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла ректор, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои раёсат, деканҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ фаъолият менамоянд”.
Мӯҳр
Точикак
Вокеан, Анвар Максудов аз бехтарин рохбарони донишгох дар Точикистон аст, ки хамеша як кадам пештар аз хамкасбони худ хаст. Овони донишчуи, ки рохбари донишгохамон буд, донишгох аз бехтарин муассисаи таълими дар Точикистон буд. Барояш барор мехохам, то Донишгохи давлатии Хучандро ба як муассисаи муосиру пешрав табдил дихад. Банда як шогирди хамин устодам, ки алхол берун аз Ватанам, вале хотироти хубе аз у дорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)