Бахшҳо

"Мушовир"-и Обама: Мавъизаи руҳониёни тоҷикро мақомот назорат мекунанд

USCIRF - Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Вашингтон хостааст, Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кунад.

Ин комиссия, ки ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад, маслиҳат додааст, ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварда шавад, то қонунгузории худро дар робита ба озодии динӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.

USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 30 апрел нашр гардидааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст: “Ҳукуматдорон дар Тоҷикистон риш, либоси динӣ, синну соли зоирон, мавъизаи руҳониён, таълими динӣ ва руҳониёнро зери назорат гирифтаанд”.

Ин комиссия басташавии масҷидҳоро дар Тоҷикистон зикр карда, афзудааст Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки ба масҷид рафтани афроди то 18-соларо манъ кардааст. Ба гуфтаи Комиссия дар бисёри ҳолатҳо мунаққидони ҳукумат ба экстремизм муттаҳам мешаванд ва ба баҳонаи саркӯби ифротгароӣ ҳуқуқи диндорон нақз мешавад.

USCIRF Шӯрои уламои Тоҷикистонро “нимарасмӣ” ва дастнигари мақомот арзёбӣ намудааст.

Ин комиссия ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, бо вуҷуди аҳамияти стратегии шарикӣ бо Тоҷикистон ба Душанбе фишор биёрад, то аз нақзи озодиҳои динӣ ҷилавгирӣ кунад: “Кӯмак ба Тоҷикистон ба шарте ироа шавад, ки мақомоти он иқдом барои риояи озодиҳои диниро пеш гиранд”.
Мӯҳр
Довуд
Ачиб. Амрико нисбати озодии вичдон ва холати рухониёни точик изхори нигарони мекунад???????????? Нечего себе

точик
Максади Амрико ин низоъ дар Осиеи Миена мебошад, дар наздикии сархади абаркудрати барои Амрико хавфнок- Хитой ва хамчунин Русияи аз зону хеста. Накша доранд, то мо ноором шавем, мисли Ироку Сурия ва дигар кишвархои ноором.

Бисер кори хуб мекунанд, ки назорат мекунанд, зеро кучое ислом гуе озод аст, он чо фитнаву фасод аст, дар назар дорам кишвархои мусалмониро... пеши рохашонро нагирад, ватани моро низ ба хоку хун мекашанд. Арабу динаш ягон чоеро обод накардааст.

Demokrat
Амрико гами озодии точиконро мехурад. Бисер хуб кард, ки дар холати аз байн бурдани ин конунхо баъд ба Точикистон кумак мекунад. Ташаккур Амрико!

кулябец
Ба ТОЧИК: Дини Ислом аз араб нест . Дини Аллохи Бузург хаст!

хак
Хакикат талх аст,

оооооо
Хитоб ба мушовири Обама. САЛОМ ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ИНРО ЧОП ККУНЕД.ИН СУХАНХОИ МУШОВИРИ ОБАМА АЗ РУИ ДИЛСУЗИ НЕСТ,ИМРУЗ МАРДУМИ САЙЁРАИ ЗАМИН МЕДОНАНД КИ АМРИКО ЯГОНА ДВАЛАТЕ АСТ КИ ДАР КАДОМ САРЗАМИНЕ КИ ДАРОМАД, ОНЧОРО ВАЙРОН КАРД.ИМРУЗ ОН МУЗДУРОНЕ КИ БОЯД БА МАНФИАТИ АМРИКО КОР КУНАНД АЗ ТАРАФИ МАКОМОТХОИ ДАХЛДОРИ ДАВЛАТИ АЗИЗАМОН ДАР ЗИНДОНХО, БА САР МЕБПРАНД ИН МУШОВИРИ МУХТАРАМИ ОБАМА ИМРУЗ ОЗОДИИ ДИНИ НЕ,ОЗОДИИ ТЕРАРИСТОНРО МУХОХАД.ПУШТИБОНОНИ ГУРУХХОИ ТУНДРАВ КАДОМ ДАВЛАТХО ХАСТАНД БО ГУЗАШТИ РУЗХО МАЪЛУМ МЕШАВАД.

хак,
Ха точик рост гуфти амрико бехуда ин масъаларо пайгири намекунад, аз ришдорони мо ягон манфиат дида истодааст, ки боз ин тавр фишор овардан меъхоханд

и чаласафорати точик боша там-там када гаштай.вой бар холи точикистон

Амрико гапи хакро мегуяд

Сиёсати палидро нигаред, аз як тараф нигарон аст, ки чавонон ба Масчид рафта наметавонанд, озодихои дини махдуд аст, яъне гуё мехохад, ки мусулмонон озодона ба дини худ гароиш намоянд, аз чониби дигар намоишгохи танзхои паёмбарро дар хухуди давлати худ ташкил намуда, мусулмононро ба якдигар чанг андохта, онхоро дар чашми чахониён бад нишон медиханд. короче максади асоси нест кардани мусулмонон так что хушери ва боз хушери.....

точик,
хеле бесавод буда бародар маънои исломро ту нмедони ба фикриман аз хамун чухуду тудахам ягон фоида расидагяи,ки пуштибонишон мекуни

dehoti
ba TOJIK
agar islomi pok dini ARAB boshad pas dini tu chist ?
duvvum inki islom dino mo hama musalmonho ast ba sarfi nazar az davlat va makonash gayri tu barinho
digar inki gujoe poi hammaslakoni tu rasid hamunja jang shid na arabu musalmonho .....

Точик
Ба мардуми Точикистониён ... Бинед ба тарафи Афгонистону Сурия Ирок ба оташи хун гирифтор шудааст.Ходисахои Афгонистон аз он чумла чазои ФАРХУНДА ба хамаи шумо маълум аст хеч гох фаромуш нашаванда. Нест бод Амрико. Мухтарам мушовир камтар гап бизан....

Довуд
Хитоб ба "точик"
Хангоми суханрони бояд ба диккат боши, ки чи мегуйи. Майли араб ДИНРО кордор нашав. Аз кучо медони, ки обод кардааст ё накардааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)