Бахшҳо
07 май 2015 12:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қабули созишномаи нав: Акнун А.Ғоиб нақшаро иҷро мекунад?

Дар пайи коҳиши савдои хориҷӣ ва иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ парлумони Тоҷикистон 6-уми май созишномаеро ба тасвиб расонд, ки ба осон, арзон ва афзун намудани ҳаҷми савдои хориҷӣ равона шудааст.

Тибқи “Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо”, ки рӯзи 6-уми май аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид, содироту воридоти мол бояд ба кишвар осон гардад.

Сайраҳмон Назриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо зимни муаррифии лоиҳа қайд кард, ки тасвиби ин қонун ба паст кардани нарх дар бозори дохилӣ равона шудааст, зеро ба гуфтаи ӯ аҳамияти ин созишнома дар кам кардани хароҷот ҳангоми ворид ва содир кардани мол мебошад.

Инчунин Назриев муътақид аст, ки тадбиқ намудани ин созишнома савдои байналмилалиро то 5 %, ё худ 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш медиҳад.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумита иқтисод ва савдои Маҷлиси намояндагон низ аз “Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо” истиқбол намуда, шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон барои содирот 11 ва воридот 12 ҳуҷҷат талаб мешаванд: “Дар ҳоле, ки дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд зимни содироту воридоти мол 7 ҳуҷҷат талаб мешаванд”.

Раҳимзода инчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои ҳуҷҷатгузорӣ 71 рӯз, вале дар кишварҳои аъзо ҳамагӣ 10 рӯз лозим аст.

Тасвиби ин созишнома дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки роҳбарии он охири семоҳаи гузашта аз Рустами Эмомалӣ ба Абдуфаттоҳи Ғоиб вогузор шуд, дар се моҳи аввали соли равон аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ набаромадааст ва инро ба коҳиши ҳаҷми савдои хориҷӣ марбут донист: “Тибқи қонун дар бораи буҷа барои соли 2015, Хадамоти гумрук бояд дар семоҳаи аввали соли равон ба хазинаи давлат 950,0 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид мекард. Аммо дар ин давра ҳамагӣ 720,7 миллион сомониро ба буҷа ворид намудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад”.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба маблағи 965,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 121,4 млн. доллар кам буда, 88,8%-ро ташкил додааст. То куҷо тасвиби созишномаи нав ба зиёд намудани тиҷорати хориҷӣ ва афзоиши даромади буҷа ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ мусоидат мекунад, феълан суоли матраҳ аст.
Мӯҳр
Мухлис
Албата ин икдоми нек ва бехтарин барои шахрвандони кишвар бахуссус, барои сохибкорон мебошад, чунки сохибкорон метавонан бо хуччатгузории кам, молу колхои худро ба Точикистн ворид ё аз Точикистон содирот кунанд ва ин метавонад, боиси пешравии иктисодиёти кишвар гарадад.
Инчунин, гуфтани хастам, ки албата ин корхои босамар ва натичабахши Назирев Саидрамон Рустамович мебошад, ки тавонист Точикистонро аъзои Созмони Умумичахонии Савдо гардонад, чунки то Саидрахмон Рустамович муовин шудан, чандин мувонихо буданд, ки натавонистанд аз ухдади кор бароянд. Ба гуфтае ки "Хурда хоб кардан" ва Хукумати Чумхури низ корхои натичабахши Саидрахмон Рустамовичр кадрдони карда, муовини аввали Вазорат таин карданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист.
Ба гуфти Шариф Рахимзода, Саидрахмон Рустамовичро гуфтаниам, ки "БА ПЕШ"!!!

УКАДАРЕ КИ ХУТОНА МИЛАТДУСТ МЕТАРОШЕ БА ИТИХОДИЯИ ГУМРУКИ ДАРОЕД ХАЛКИ КАМБИЗОАТ ВА 50% МУХОЧИРИ ТОЧИКРО АЗ ЗУЛМИ МЕЪЁРХОИ НАРХХОИ КАЛОООН КАЛОООНИ ГУМРУК ХАЛОС КУНЕД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)