Бахшҳо
08 май 2015 09:36Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8 май дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 70-уми Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ дар маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ иштирок намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар боғи Ғалаба ба Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе ба маросими гулгузорӣ ва расми гузашти низомӣ гузориш дод: “Нахуст президенти Тоҷикистон, бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт. Сипас гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки хотираи неки қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Ҷанги дуюми ҷаҳониро аз ҷумлаи “фоҷиабортарин ҷангҳо” дар таърихи инсоният номида, ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми сулҳхоҳу ваҳдатсози кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор истодагарӣ карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик гуфт ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ таманно кард: “Тавре зикр гардид, беш аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд”.

Раисиҷумҳур афзудаст, шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад: “Бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби кунунӣ, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо мекунад”.

Манбаъ мегӯяд, маросими гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг бо гузашти низомии ҷузъутомҳои гарнизони ҳарбии Душанбе идома ёфт: “Дар гузашти низомӣ афсарону сарбозони ҳамаи воҳидҳои низомии кишвар, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва як воҳиди низомӣ аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ширкат намуданд”.


АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент

АКС: Лаҳзаи хомӯшӣ, гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ бо ҳузури Президент
Мӯҳр
Истиклол
Чаноби Оли, Президенти ЧТ Эмомали Рахмон фахри миллати точик мебошанд. Мо чавонон бо Шумоем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)