Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги сайёҳӣ 28 зина аз даст додааст
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии рақобатпазирии WEF дар соҳаи туризм ва гардишгарӣ поин рафтааст. Ин рейтингро коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ анҷом додаанд.
Дар соли 2015 Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирии сайёҳӣ дар зинаи 119-ум нишаста, мавқеашро дар муқоиса бо соли гузашта 28 зина аз даст додааст.
Қазоқистон мақоми 85 ва Қирғизистон ҷои 116-умро соҳиб шуда, дар мавриди кишварҳои дигари Осиёи Миёна маълумот нест.
Дар мақоми аввали раддабандии имсоли WEF Испания қарор дорад. Коршиносони Форуми ҷаҳонӣ гуфтаанд, Испания барои сатҳи баланди захираҳои фарҳангӣ, имконот барои ҷустори онлайн ва зерсохтори беҳтарин зинаи аввалро ба худ ихтисос додааст.
Ҷойҳои ду ва севумро мутаносибан Фаронса ва Олмон соҳиб шудаанд. ИМА чор ва Бритониё панҷуманд. Дар ин раддабандӣ Русия мақоми 45 ва Чин мақоми 17-ро доранд.
WEF гузориши худ дар заминаи тадқиқот дар бораи рақобатпазирии кишварҳоро дар соҳаи туризм ва гардишгарӣ миёни 141 кишвар, бар асоси 14 шохиси калидӣ, аз ҷумла захоири фарҳангӣ, дастрасӣ бар зерсохтҳо, қимати маҳсулоти гардишгарӣ ва сатҳи амният ҳамасола нашр менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |