Бахшҳо

Боздошти “ҷияни Шукурҷон Зуҳуров”, “ёвари Азим Иброҳим” ва...

Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як навраси 16-соларо дар қаллобӣ муттаҳам мекунад. Ба иттилои ВКД ин наврас худро ёвари Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазир, корманди Суди олӣ, ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва писари сафир муаррифӣ карда, ба масъулин супоришҳо медодааст.

Вазорати умури дохилӣ бо нашри як гузориши видеоӣ гуфт, Умедҷон Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ягон ҷо таҳсил намекунад, аз номи кормандони воломақоми давлатӣ ба масъулин супориш дода, мушкилоти хонаводаашро ҳал мекардааст. Аз ҷумла аз номи ёвари муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Фирдавсӣ занг зада, дастур додааст, дар арафаи Иди Ғалаба ба як сокини солхӯрда ва ниёзманд, ки модарбузургаш будааст, кӯмак расонда шавад.

Худи Умедҷон дар ин гузориш суҳбат карда, аз ҷумла гуфт: “Ман бо худи роҳбари ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ тамос гирифтам. Телефони мобилиро бардоштанд, баъди салом гуфтам, монда набошед. Гуфтанд, ташаккур. Худамро ҳамчун ёрдамчии Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ намудам. Гуфтанд, марҳамат, чӣ пешниҳод, чӣ хизмат? Гуфтам ҳамин як сокини ноҳияи Фирдавӣ, Муҳиддинова Фотима, санаи таваллудаш 1-уми июни 1935 дар ҳамин хел ҳолату шароит қарор дорад ва дар ҳамин ҷашни Ғалаба ӯро кӯмаку дастгирӣ кунед. Онҳо дархостро қабул карданд, гуфтанд, ҳатман меёбем ва кӯмак мекунем. Фамилия ва рақами телефонҳоро додам ва онҳо бибии Фотимаи маро ёфтанд, рафтанд комиссия гузаронданд, 500 сомонӣ аз номи соҳибкорон кӯмакпулӣ доданд. Баъдан боз ба ман занг заданду гуфтанд, дархости Шуморо иҷро кардем”.

Вазорати умури дохилӣ аз қавли Умедҷон Абдураҳмонов илова намуд, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд ва феълан оилааш дар шароити ногувор дар Рӯдакӣ иҷоранишин мебошад. Ба иттилои манбаъ, Умедҷон баъди он ки падараш алиментпулиро саривақт насупорид, ба оилаи ҳамсари нави падараш занг зада, худро корманди Суди олӣ муаррифӣ кардааст: “Ман худамро корманди Суди олӣ муаррифӣ кардам ва гуфтам шавҳари шумо дар куҷоай, ки мисол ду фарзанд дораду алиментро саривақт намесупорад? Онҳо гуфтанд, дар Маскав. Ман гуфтам, фарқ надорад, ҳамин қонун қатӣ, ҳамин ҳалнома қатӣ бояд давоми ҳамин се рӯз алиментро супоред. Агар насупоред, ман ҳамин шаҳрвандро фарёд мекунам, аризаи даъвогияшро мегирам, қабулгоҳи ҳамон прокуратураи ноҳияда месупорам, даъвататон мекунанд, мисол протоколтон тартиб медиҳанд, ҷарима месупоред буҷаи давлатда. Мисол чем ҳамон буҷаи давлатда маблағ супоридан, ҳамон алиментро саривақт супоред, ки не шумо гап шунаведу не инҳо даводав кунанд. Баъди ҳамин саҳар қатӣ маблағи алиментро пардохт карданд. Ман қатии модарам онро гирифта, лавозимоти мактабӣ харидем. Дигар баъди ҳамон тамосам оилаи падарам саривақт алиментро оварда месупорид”.

Дар гузориши видеоии Вазорати умури дохилӣ гуфта шуд, Умедҷон Абдураҳмонов барои он ки дӯстону ҳамсолонаш писари камбағал буданашро нафаҳманд, худро хеши афроди воломақом муаррифӣ мекардааст. Аз ҷумла худро ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон мегуфтааст ва падараш гӯиё ҳамчун сафир дар хориҷа кор мекунад.

Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии зидди фасод як наврасро боздошт намуд, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз як корафтода 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Ягон хел чиноят накардааст ин чавон. Баръакс ин амали чавон нишон дод, ки барои хаку хукуки худро талаб кардан танхо чиян ваё хеши мансабдор боши.Агар хеши мансабдор надори бояд хомуш боши ачаб конунхо дорем бадтар аз КОНУНИ ЧАНГАЛ

Кулябец
Ин писарак хукуки шахрвандии худро бо тарзи талаботи замон конеъ гардондааст . Андеша кунед агар чиян ё писари ягон мансабдор набошед, хукукхои шахрвандиатон ба шумо бегонаанд .

Офарин! Боракаллох! Халолат бод, ки рамузи вокеии зиндагии имрузаро дар кудаки фахмидаи!!!

Истиклол
Чавоб ба Яъкуб,
Санадхои меъёрии хукукии ЧТ камтаракак хондан даркор аст. Ин шахс аз дузду,каллоб,нашъаманда чинояти вазнин кардааст. Ин касро сахт бояд чазо дод, ки то ба дигархо ин корро дар оянда накунанд.

Вокеияти Точикистонро муайян кардааст. Чазои сахт додан даркор нест, дуруг хам бошад, кори хайр кардаст.

Muslim
Ба фикри Шумо агар хамин шахс мегуфт, ки мухтарам раис, ман як бачаи камбагал, бе падар, ба хамон бибии ман кумак кунед, оё кораш буд мешуд???..

musofir
Bextaariin kora kardas bovar kuned roxat kardan nekim.agar amixel.namekard kambizoata dastgiri.namekardan element sari vaxt.namerasid. xai aku korkunoi hifzi hukuk xtonam ya dasgiri knen i sheri narai fikr knen ki bachai kadom.volomakomai 12p somon shtrafsh knen brava.shumo.metonen ky tembole hichkasa nakshtas in bacha.

Эй марак ккандакота бзан хубшон кари

Хайр чи чиноят содир кардааст ин чавон? Мансабдорро водор кардааст, ки вазифаашро ичро кунад, ба зани солхурда кумак расонад. Оилаи нави падарашро мачбур кардааст, ки алименти конуниро супорад - кореро, ки судичрочиен аз ухдааш нааромаданд, хал кардаст. ЧИ ЧИНОЯТ??!!
ое худро дар назди рафикон чияни мансабдор номидан чиноят аст?!

Абдуллох
Бале кори хуб нашудааст . Агар гунохаш хаминкадар бошад огохи дидед ва зери назорат гирифта чавобаш дихед. Худо бахшандааст .

сино
Агар худро камбағал муарифӣ мекард касе ӯро на қабул мекард на ҳарф мезад.

Замона бо ту насохт ту бо замона бисоз. Хозир хакикати зиндаги хамин аст, ки чияни хама калоншавандахо гапаш дар хамачо мегузарад. Ахсан ба ин бача, ки барои хаки алименти худаша гирифтан ва дар хакикат кумак намудан ба арафаи чашни галаба ба бибияш аз методи чияни "Раисо" истифода бурдаст.

н Хисор
Ман ба диличигари бакувати сергайратад ..коил шудаме ...Кандата зан сагераи камагали капири Очай.Очай. чони Очай.....Аз макомоти дахлдор хоиш дорем сагераи камагала огхи куненд ...Чавобаш дихен...Бе инам Сагераи камагал (лакабаша па жизн ) гирифт яъне ёвари муовини аввали сарвазир,

кулоби
Ин хукумати мора кудакон фиреб медиханд маълум ки хамаги бесаводон нишастанд дар тахт

Қандаша занад шербача роҳи осони сум коркуниро аз бачаҳои калоно омухтааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)