Бахшҳо

Даъвогари ветнамӣ алайҳи З. Саидов ба судя бовар надорад

Хоанг Ван Хиеп, тоҷири ветнамӣ, ки дар асоси даъвояш алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик парвандаи нав оғоз гардида буд, дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки ба судяи раисикунанда боварӣ надорад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки суолҳои кунҷковонаи раисикунандаи мурофиа боиси норозигии тоҷири ветнамӣ шудаанд: “Ба Хоанг Ван Хиеп, ки раҳбари корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам “Абрешим” аст, саволҳои мушаххас ва кунҷковонаи раисикунандаи мурофиаи додгоҳӣ маъқул нашудаанд. Ин шаҳрванди ветнамӣ ҳамчун ҷабрдида пурсида шуд ва вақти нишондод доданаш саволҳои зиёд ба миён омадаанд, аз ҷумла раисикунандаи мурофиа барои муайян кардани ҳолати кор бисёр кунҷковона савол дод. Дар натиҷа тоҷири ветнамӣ ба додрас изҳори нобоварӣ карда, ба Додгоҳи олӣ дар ин маврид дархост ирсол кардааст”.

Табаров афзуд, ки дар мурофиа фикри тарафҳо дар хусуси дархости Хоанг Ван Хиеп пурсид, ки касе ҷонибдорӣ накард ва қарор бароварда шуд, ки рад карда шавад.

Феълан раисӣ дар мурофиаи додгоҳии парвандаҳои нави Зайд Саидовро додраси Додгоҳи Олӣ Савриддин Тошев ба уҳда дорад.

Нобоварӣ ба Тошев дар ҳолест, ки қаблан ин шаҳрванди ветнамӣ ба Оҷонсии мубориза ба фасоди молии Тоҷикистон шикоят намуд, ки гӯиё корхонаи “Тоҷикатлас” дар тобеияти корхонаи “Абрешим” буд ва онро Зайд Саидов бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтааст. Исҳоқ Табаров мегӯяд, зерҳимояаш Зайд Саидов даъвои шаҳрванди ветнамиро дар хусуси “Тоҷикатлас” комилан беасос хондааст.

Вакили дифоъ дар мавриди парвандаҳои нави Зайд Саидов илова намуд, ки ҳудуди 20 рӯз дар мурофиаҳои додгоҳӣ қариб 40%-и шоҳидон пурсида шудаанд: “Феълан мурофиаҳо идома доранд”.
Мӯҳр
бовар
Худаш ту ба ягон чиз,кас бовар дори хоанг ванг?Дар тч чи гум карди ванг? Э гранг карди,шум шав аз тч,ба бангимун шикоят кун

Вакил
Точири Ветнами дуруст Мухтарам точир эхтиет шавед илоч ебад )))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)