Бахшҳо

5 ҳазор евро-стипендияи писари Асрориён аз донишгоҳи Гаага

Аврангзеб Асрориён, писари муаррих ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Ҷонибек Асрориён соҳиби “Стипендияи истеъдоди шаҳрванди ҷаҳон” гардидааст.

Аврангзеб Асрориён дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, гуфтааст, бо гирифтани ин стипендия дар як озмун соҳиби 5000 евро шуд.

Ҷонибек Асрориён, падари Аврангзеб бо таъйиди ин хабар имрӯз, 8 май ба “Озодагон” гуфт, писараш бо навиштани як эссе дар мавзӯи “Я человек мира”, ки воқеот ва тағйироти сиёсии чанд соли ахири ҷаҳонро дар бар мегирад, аз ҷониби Кумита оид ба стипендияи донишгоҳии Гаагаи Шоҳигарии Нидерландия ба қатори чанд шахси беҳтарини ҷаҳон шомил шуд.

Ҷонибек Асрориён мегӯяд, писараш ҳоло дар шаҳри Бостон дар риштаи фарҳангшиносӣ таҳсил мекунад ва баъди ин озмун бо даъвати Донишгоҳи Гаагаи Шоҳигарии Нидерландия аз моҳи сентябри соли равон метавонад дар ин донишгоҳ таҳсилашро идома диҳад.

Аврангзеб Асрориён 19 сол дошта, ба гуфтаи падараш донандаи хуби забонҳои англисӣ, русӣ, испанӣ, ҳиндӣ, узбекӣ, туркӣ буда, соли 2011 дар олимпиада аз фанни кимиё дар Амрико ва соли 2013 дар як озмун аз фанни забони англисӣ дар Ирландия барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

Ӯ инчунин дар ду олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон барандаи медали тило шуд.
Мӯҳр
фирдавс
Офарин офарин ана ин хелихо хам як бор дар телевизион нишон диханд ташвик кунанд барои дигарон намуна шаванд аз ин хелихо ибрат гиранд махсусан кудакон худ низ ба ин рох омода мекунанд. Некин факат сароянда хофиз ракс чунбон чунбон ....

Ustod
Akai Jonibek I ay peshinay ha???? Ozodagon Shumo dar haqiqat ozoden? Ba nazdiki mo 1 baromad dar facebook va youtube nashr khohem kard dar khususi somonai Radioi Ozodi va Ozodagon!!!

Фируз
Офарин!!! Точик ва точикистонро хамингуна бо фарханг ва дониши баланд бояд муарифи кард.
НА бо барномаҷои порнографие, ки имрузҳо дар барномаҳои хабарии давлат нишон медиханд. (устухоншикан аст вақте, ки дустат, шиносат ё ҳамкурси хориҷиат аз хориҷа ба ту мегуяд, ки чи хабараст дар Ватанат ...... ва зархандае мекунад.)

Ofarin!!! Iftikhori millati Tojik.
Bovari komil dorem, ki in barodari mo dar donishgohoi behtarini dunyo khonda, omada ba khalqi khud khizmat mekunad. Ba Avrangzeb muvafaqiyat khohonem!!

Мана ин гапи дигар. Бояд чавонони точик бо чунин машгулиятхояшон ном бароранд, на он ки хамчун "чиходию", террористу-экстремист. Бовар кунед хамин майнаи сари чавононба муллову домло таъсир расонида истода, онхоро аз илму дониш дур мекунанд. Бештар илм омухтан даркор, илми диниро хонда касби муллогиро гирифта дар ба дари мардум гаштан чи даркор.

Душанбеги
Офарин, Писари Дадош!

Мухаббат
Чонибеки Асрориён донишманди тавоно ва журналисти шинохта тавонистааст фарзанди доноеро ба воя расонад! Ин муваффакиятхои Аврангзеб натичаи тарбияи падари хушмандаш аст. Умедворем, ки Аврангзеб арзандаи номи худ бошад.

сино
Ҷонибек Асрориён
Хап кун дар бораи пул гап назан бо андози давлата надоди гуфта 5000 евро ҷаримат накунанд.

Ахсан ба ин писарбачаи точик!!!

Ахсан ба Дабистону Устодоне ки уро ба ин мартаба расонидаанд.

Офарин Аврангзеб! Муваффакияти бехтарин аст. Шумораи Ин гуна точикписарон зиёд шавад.

Замир
Ин гуна чавонон хеле зиёданд, масалан ман чавононеро на як нафар, балки 3-4 нафарро медонам, ки грантхои 10 000 евро (дах хазор евро) аз Erasmus Mundus-ро гирифта дар маъруфтарин донишгоххо ба монанди Донишгохи ба номи Гумболдти Берлин тахсил мекунанд. К сожалению у них нет пярщиков.

Offarin Tashakur tuya tarbiya kardagi padari modar va ustozodba davomi mafakiyata mehoyem hamesja obruyi Tojikistoni moya dar nomara davlat shav Tashaku!!!

mehmon
Ahsan pisari Tojik !!!
Pas az xondani chunin xabarhoi xush,mo xelo az oyandai Tojikiston umedvor meshem...ba chunin tolibilmi tojik ahsanho kamand,lek hej kas xud az xud hej chize nashud...az in lihoz ba in budborii behtarin shomil shudan,tahkursii nagz darkor,ba giriftani tahkursiyi nagz kiho sababgor shuda boshand,yane kadom maktab,ustod—ho?;ba onho niz shaxsan man minnatdorii xeshro bayon menamoyam...
Umedvorem ki in joizai giftaat Avrangzebjon avval astu oxir ne,davomashro xohonem...muvaffaq boshi barodar !!!

Ahsan pisari Tojik !!!
Pas az xondani chunin xabarhoi xush,mo xelo az oyandai Tojikiston umedvor meshem...ba chunin tolibilmi tojik ahsanho kamand,lek hej kas xud az xud hej chize nashud...az in lihoz ba in budborii behtarin shomil shudan,tahkursii nagz darkor,ba giriftani tahkursiyi nagz kiho sababgor shuda boshand,yane kadom maktab,ustod—ho?;ba onho niz shaxsan man minnatdorii xeshro bayon menamoyam...
Umedvorem ki in joizai giftaat Avrangzebjon avval astu oxir ne,davomashro xohonem...muvaffaq boshi barodar !!!

Ахсан ба чунин падар,ки ин писарро тарбия кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)