Бахшҳо

Муҳоҷири тоҷик: Бародарамро миллатгароҳо куштаанд

Бародари муҳоҷире, ки Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Маскав гуфта буд 3 май аз ҷониби ду наврас ва як ҷавони 18-сола аз шаҳри Королеви назди Маскав кушта шудааст, мегӯяд, бародарашро соати 12-и шаб миллатгароҳои рус куштаанд.

Бародари ин муҳоҷири 39-сола, ки гуфта мешавад миллатгароҳои рус сарашро буридаанд, дар як навори видеоӣ суҳбат намуда, мегӯяд, бародараш бояд 14 май ба синни 39 мерасид. Ӯ аз бародараш Ҳамдамов Комилҷон Ҳамроевич ном мебарад ва меафзояд, бародараш зану фарзанд надошт.

Соҳиби хонае, ки муҳоҷири кушташуда дар он иҷора менишастааст, гуфтааст, то омадани миллисаҳо ҷон дод. "Ман ба сардхона рафтам, бародарамро ба ман нишон надоданд, як коғазро доданду гуфтанд бирав пулро пардохт кун", -мегӯяд бародари Комилҷон.

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миллатгароҳои рус ин шаҳрванди Тоҷикитонро сар буридаанд: "Барадараш мегӯяд, ки намедонад бо кадом гуноҳ ӯро куштаанд. Гуиё вай пули бисёре дошта бошад, аммо “грузчик” аз кучо пули бисёр дорад?"

Ба қавли бародари ин ҷавони кушташуда, "охирон бор 24 апрели ҳамин сол бародарамро дидам ва ба Калуга барои кор рафтам. Рӯзи 3 май омадам занг задам гуфт, хобам, аз кор омадам мондаам. Ба ман гуфт, хона занг зан модарам туро пурсида буд. Баъд ман ба модарам занг задам. Дигар бо ин фардо занг задам телефонашон дастнорас буд”.

Бародари Ҳамроев гуфта, то имрӯз на аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва на аз дигар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон, ки дар Русия намояндагӣ доранд, ба онҳо кадом робита барқарор нашудааст: "Чун рафта будам, онҳо моро одам ҳисоб намекунанд, гуфтан бирав “фалончӣ” ҳал мекунад".

Бародари муҳоҷири кушташуда мегӯяд, ки 17 ҳазор рубл бояд барои сардхона пардохт намояд, боз 30 ҳазор рубли дигар барои мошин, ки то фурудгоҳ ҷасадро интиқол медиҳад: "Хароҷоти "гроб"-ро гуфтанд, ки бо интиқол ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 90 ҳазор мешавад, ки мо ин қадар маблағ надорем".

Пулиси Маскав, ки мутаҳҳамон дар куштори Ҳамдамов Комилҷонро боздошт кардааст ба бародараш гуфтаанд, ки онҳо аз миллати рус мебошанд. Аз ин пеш, Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, гуруҳе, ки дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон даст доранд, таҳти роҳбарии Алексейи 18-сола, 3 май ба шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле ҳамла намуданд, ки аз кор бармегашт ва тариқи телефон бо ҳамсараш суҳбат мекард: “Ҷабрдида сарулибоси зебо доштааст ва ҷавонон тасмим гирифтаанд, ӯро ғорат кунанд. Аввал ӯро бо калтак зада, баъдан “отвертка”-ро ба гарданаш мехалонанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ӯро ғорат карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ноболиғон иқрор кардаанд, ки бо ҳамин шева як шаҳрванди дигар аз ИДМ-ро дар моҳи марти соли равон куштаанд: “Аз ҷониби муфаттишон далели даст доштани ин ҷавонон дар ду ҳолати куштор ҷамъоварӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ боздоштшудаҳо дар 9 ҳолати куштор дар пойтахту назди Маскав иқрор шудаанд.
Мӯҳр
точик
Шахидони гулгулкафани гариб.ХУДО рахмат кунад.

Tojiki besohib
Shukrona kuned shuronai ana hamin besohibivu dar ba dari. Yak jahon tashakur konsuli tjk dar rusia domodi E rahmon. Yod doram yak barodar rafta bud ba konsuli hudmon ba hotiri jasadi dodarashro ravon kardan kumak host, saforat guft dar yak ruz chand murda mesha hamai inro mo ba kala girifta nametonem. Ana hamin ast okibati shukrona PO RAHMONOVSkii recourse

лаънат бар русиеи фашисти зинда бод олмон.

ман
ин як навъ ҳадия(подарка) ба раиси ҷумҳурамон аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Маскав мебошад!!!
боз ҳам бародари калонӣ ва шарики стратегӣ!!!

э вой бар холи мухочир ин сафорат бехтараш махкам кунед ягон фоида надорад ба ХУДО касам холи мардума хамон чо дидам дилам реш реш шуд ягон хурмат халка намекунанд факат шантаж спицално очерат мекунанд ки пули бечора мухочира хуранд

Ну где Хукумати Чаноби Оли, Где консул, где защита народа, Вы В Ответе за каждую смерт мухтарам Президент

ИННО ЛИЛОХИ ВА ИННО ИЛАЙХИ РОЧИЪУН. ХУДО РАХМАТАШ НАМУДА НОМАШРО ДАР КАТОРИ ШАХИДОНИ РОХИ ХУДО САБТ НАМОИ.
ХУДОВАНДО БА ХАМАИ БОЗМОНДАГОНАШ БА ХУСУС МОДАРИ ЧИГАРСУЗАШ САБРИ ЧАМИЛ АТО НАМО ВА ХУДОВАНДО ХАМАИ МУХОЧИРОНИ МО КИ ДАР ХАР ГУШАИ ДУНЁ КИ БОШАНД ДАР ПАНОХИ ИСМАТАТ НИГАХБОНАШОН БОШ ОМИН.

ИННО ЛИЛОХИ ВА ИННО ИЛАЙХИ РОЧИЪУН. ХУДО РАХМАТАШ НАМУДА НОМАШРО ДАР КАТОРИ ШАХИДОНИ РОХИ ХУДО САБТ НАМОИ.
ХУДОВАНДО БА ХАМАИ БОЗМОНДАГОНАШ БА ХУСУС МОДАРИ ЧИГАРСУЗАШ САБРИ ЧАМИЛ АТО НАМО ВА ХУДОВАНДО ХАМАИ МУХОЧИРОНИ МО КИ ДАР ХАР ГУШАИ ДУНЁ КИ БОШАНД ДАР ПАНОХИ ИСМАТАТ НИГАХБОНАШОН БОШ ОМИН.

Алишер
Тавба, миллати точик бе сохиб шудааст. Наход як бегунохеро сар бурида бошанду, боз барои уро ба ватанаш овардан ин кадар маблаг сарф куни. Барои сохтани як чойхонаву театрхое, ки мо ба он дар айни хол ниёз надорем миллионхо аз хисоби буча сарф мешаваду, барои як точики шахид, ки аз дасти миллатгароёни рус кушта шудааст, маблаг наёбем. Бояд депутатхои мухтарам ба конуни бучет тагйирот ворид кунанд ва барои ба ватан овардани мухочирони шахид маблаг чудо намоянд. Бе пули мухочирон ахволи хама вазнин аст, хатто Хукумати ЧТ. Айни замон бубинед, ки аз сабаби баланд шудани курби доллар мухочирон камтар маблаг равон карда истодаанд ва холи мардуми точик чи гуна шуд? Хукумат ва халки точик аз мухочирон бисёр вобастаги дорад, бинобар ин депутатхои мухтарам, ки дар мизхои мулоим нишаста, хазорхо сомони маоши бе дарди миён мегиред, як бор нагз фикр кунед ин масъларо. Хатто аккалан аз чониби Хукумати ЧТ ва сафорати ЧТ дар Москва ягон шахси масъул ин масъаларо кордор нашуд, ки барои чи як точики бегунохро сар буридаанд? Хайфи миллат, ки дар чунин холат афтодааст.

Бандаи Худо
Марг ба шумо фашистзодахо !

Агар якон чавон ба Сирия мерафт ё ягон ходисае ки ба амнияти хукумат рух дихад, дар хама чо сенсация мекунан, охи ин точик куши як бор не балки сад борхо шуда истодааст, Хукумат кай гами халка мехуред? Ягон чора андешед! Дар ин умри чавони умеде надорем ба перспективаи ватани худ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)