Бахшҳо

Ватандӯстӣ ғорат кардани Ватан нест, ватандӯстӣ азхудгузаштагист

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бо наздик омадани Рӯзи ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум мафҳуми ватандӯстӣ бисёр серистифода мешавад. Иштирок ва ғалабаи тоҷикон дар ин ҷанг ҳамчун як улгуи ватандӯстӣ маънидод мешавад. Ватандӯстӣ дар навъи худ бисёр падидаи хуб ва характери хеле олии инсон аст. Доштани руҳияи ватандӯстӣ инсонҳоро водор мекунад, ки барои ободии кишвари худ бештар саҳим шаванд. Вале меъёри ватандӯстӣ чист? Бо кадом ченакҳои ин арзиш арзёбӣ ва мушаххас карда мешавад?

Дар мо пиромуни ватандӯстӣ ҳама ҳарф мезананд, хусусан мансабдорон. Вале агар аз онҳо пурсида шавад, ки ватандӯстӣ чист, ҷавоби мушаххасе надоранд, зеро ватандӯстӣ фақат гуфтор нест, балки амал аст.

Агар як шаҳрванд, як мансабдор, як вазир ҳазор бор бигӯяд, ки ман ватандӯстам, вале амалан коре накунад, ки ватандӯстии ӯро нишон бидиҳад, ҳеч вақт ватандӯст нест.

Ватандӯстӣ гап не, амал аст. Агар мо бихоҳем, ки таърифи мушаххасе аз ватандӯстӣ дошта бошем ба назари ман ин аст: Ватандӯстӣ ин аст, ки ҳар касе дар ҷомеа масъулияти ба зима доштаашро мунсифона ва аз дили соф иҷро кунад.

Агар як фароши хиёбонрӯб мавзеъи барои рӯфтанашро бисёр покиза ва тамиз мекунад беҳтарин ватандӯст аст. Агар як муаллими мактаб дарсро ба хонандагон бо талаботи муосир мегузарад, фарди ватандӯст аст. Агар як донишҷӯ ба оворагардь нею, ба хондан, ба гирифтани донишҳои касбӣ ва муосир талош мекунад хубтарин ватандӯст мебошад. Агар як мансабдори давлатӣ, як вазир, як вакил рисолати ба дӯшдоштаашро дуруст ва бидуни камбудҳои ҷиддӣ анҷом медиҳад, шоистатарин ватандӯст мебошад.

Ватандӯстӣ ин нест, ки як мансабдор дар пушти сараш сурати президенти Тоҷикистонро овезаду дар рӯ ба рӯяш Суруди миллиро насб намояд ва дар болои мизи кораш парчами миллиро бигузорад, вале дар зери миз ба фасод даст бизанад. Вазир ва мансабдоре, ки маоши 3 ҳазорсомона доранду хонаҳои 100 ҳазор доллараву миллиондолларь месозанд, ватандӯст буда наметавонанд, онҳо ҳақ надоранд дар бораи ватандӯстӣ суҳбат кунанд. Ватандӯстӣ ғорат кардани Ватан нест, дуздидани моли миллат намебошад, ватандӯстӣ азхудгузаштагист.

Беҳтарин ватандӯстони замони мову шумо муҳоҷирони меҳнатиянд, ки ба хотири наҷоти Ватан бадтарин шароит ва сангитанрин рӯзгорро дар Русия таҳаммул мекунанд.

Ватандӯстӣ насиҳат нест, ватандӯстӣ амали фидокорона ва ҷавонмардона аст. Дузд наметавонад ватандӯст бошад, хусусан агар мансабдор бошад. Хизмат ба Ватан фақат дар сафи неруҳои артиш нест, балки хизмат ба Ватан дар ҳар соҳае, ки мо рисолат дорем мунсифона кор кардан аст.

Аз сӯйи дигар хиёнат ва ҳамоқатро бо ватандӯстӣ пӯшиш додан кори дуруст намебошад ва пазируфтан ва дар барбари ин пӯшишҳо хомӯш будан низ ватандӯстӣ нест. Ватандӯстии воқеиро бояд мо дар амали ронандаи автобусе суроғ кунем, ки ҳар рӯз соати 06:00-и субҳ сари ҷойи кораш ҳозир мешавад ва рисолаташро дуруст анҷом медиҳад. Агар дар амал ватандӯст набошем ҳазорҳо китоб ва садҳо шеъри ватанномаи Муҳаммад Ғоиб моҳияте надоранд ва ангеза дар мо ба вуҷуд оварда наметавонанд.
Мӯҳр
Хакчуй
Офарин! Хакикати вокеиро гуфтаи. Оре, ватандусти садокат ва амал, покизагии имону вичдон аст.

Сатор
Шутур пушти хамашро намебинад самбака пахмияшро. Бародар шумо нафсатонро . Гурбаи мискин агар пар дошти тухми гундишк дар олам нагузошти.

Афшин
Сатор,
Сатор,
Ман хеч нафахмидам ин сатторбой чи мехохад

Ба канд гуфтан дахон ширин намешавад?
Мо ватан дуст меган каме зурашон биеяд аз ким кучо меебишона!

Абдулло
Бахмеди хдта босавод тарошидан шарманда мекуни!!!

Ватандор
ака Иршод ! Аввал мохият ва хадду худуди ватан бояд мушаххас шавад бархе аз дуругдонишмандон ва дуруг шоирони мо хадди ватанашонро аз хонаашон то лаби санглохи дехааш медонад дуруст ки ватан Точикистон аст аммо як ватани армоние хаст ки бо он армон бояд точики асил бизияд ва хамеша дар орзуяш бошад агар набошад набуданаш бехтар аз буданаш хохад буд.. ва бояд бо аллаи модари аз замони навзоди дар гуши тифли маъсум хонда шавад он ватан хеле бузург аст ва аз сипар шудано синааш сурох сурох шудааст синахои онро бояд мудово кард ва ханчари мугулро аз пахлуи чапаш бояд даркашид

коргар
Гап нест, устод Сулаймони, вокеиятро гуфтед, имрузхо дар ватани мо "ватандуст" ду се гайриточики лофу газофчи, тангназар, вазифанодида ва авомфиреб, дигар чавхари асосии миллати точик бекору мухочир.

ВАТАНДУСТ
Аз ман то Шумо бародар Иршод ВАТАНДУСТ! )))

Камол
Дуруст кайд кардааст Иршод. Кариб, ки нест вазире ё раисе ё хокиме, ки даст ба ришва назанад. Аз кучо бо як маош хонахои 2-3 ошёнаву, ду се квартираю мошинхои гаронбахо? Писархои вазиронро мебини дар таги пояшон мошинхои 40-50 хазор доллара, шабхоро дар ресторану ночной клубхо мегузаронанд ва дар ягон чо кор намекунанд, як кас намепурсад, ки ин аз кучо, аз кадом даромад? Коррупсия чунон сахт реша давондааст, ки тамоми сохаро фаро гирифтааст ва аз он рахо ёфтан бисёр мушкил ва номумкин аст.

Ватандусти - вичдон аст, ватандусти -галаба бар нафс аст, ватандусти -мехнат аст, ватандусти ин адлу инсоф аст.

ХУДОВАНД Шмовори Ватандуса Сари Мансаби Хуб Бифармоя.Омин.Рахмат Бародари Ватандуст Ба Тарбиятгарт

ХУДОВАНД Шмовори Ватандуса Сари Мансаби Хуб Бифармоя.Омин.Рахмат Бародари Ватандуст Ба Тарбиятгарт

Душанбеги
Офарин, Иршод! Магзи суханро иброз дошти.

Абдулло
Агар хангоми дар донишгохи мили буданат аз ягон шогирд пора гирифта боши ман хайрон пас аз ин гапхоят чи гуна ру ба ру мешави йо дастат расад чи гуна хонаи бо дабдаба месози зеро ман бовар дорам бо ин маоши тос намешавад. йо мегуед ватандусти амал аст сухан нест шумо чи амал кардед? инами сафсата нест чист?

Мавзуи хуб, аммо барои миллати мо не. Ягон 10 сол пас хамин хел рафтан гирад, Иршод худаш хам инро мефахмад.

Бехтарин ва заруртарин шархи ватандусти дар шароити Точикистон. Чунин ватандустон хастанд, вале хело ва хело каманд. ИНРО ЗАРУРАТИ ИСЛО ПЕШ АСТ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)