Бахшҳо

Муовини сарвазир рушди саноатро дар Хатлон нигаронкунанда хонд

Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ аз бархе шаҳру навоҳии ҷануби кишвар боздид намуд, рушди саноат дар вилояти Хатлонро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.

Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, “новобаста аз дастовардҳо, ҳолати кунунии рушди саноат дар вилоят хеле нигаронкунанда мебошад”. Ҷаноби Иброҳим таъкид кардааст, имкониятҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вуҷуд дорад, вале ҷалби соҳибкорони дохиливу ватанӣ, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои коркард ба малакаи кордониву ташкилии раисон ва муовинони сарпарасти соҳа вобастагӣ дорад: “Таносуби маҷмӯи маҳсулоти миёнаи саноатӣ ба сари аҳолии вилоят барои семоҳаи аввал 333,4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин қобили қабул нест”.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар робита ба ҳалли ин мушкил ба раҳбарони шаҳру навоҳии вилоят дастур дода, таъкид кардааст, “дар фаъолияти минбаъдаи онҳо маҳз ҳамин нишондиҳанда бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор равад”.

Ба гуфтаи ӯ, соҳаи дӯзандагӣ метавонад, яке аз роҳҳои беҳтарини бо ҷои кор таъмин кардани бархе аз сокинони вилояти Хатлон бошад, “чун бар асоси омори расмӣ дар вилоят барои соли таҳсили 2014/15 донишҷуён мактабҳои олӣ ва миёнаи техники 41700 нафар, талабагон 654376 нафар ва кўдакони кўдакистонҳо бошад, 26123 нафарро ташкил медиҳанд. Дар сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон зиёда аз 12 ҳазор табибон, кормандони миёна ва хурди тиб фаъолият мекунанд. Яъне, бозори калони хизматрасонӣ вуҷуд дорад ва дар ҳолати таъмин намудани сифат ва арзиши дастрас мо метавонем на танҳо худро бо либоси шинаму зебои ватанӣ таъмин намоем, инчунин ҷойҳои кории доимӣ ва манбаъҳои пардохти андозҳоро дар шаҳру ноҳияҳо таъсис диҳем”.
Мӯҳр
Ба сахми муовини вазир расонданиам ки агар сохибкор як корхона кушояд 1) аз мохи октябр свет проблема,2) нав корхонара мекушои ки сармешад фаред куни о бача МО дар инча шиштаем мора кам кам нигох кун( дар ин хамаи намояндахои вазоратхо дар нохияхо дохил мешаванд ино намояндаи вазорат нею рекети нохия нависи дар пештоки дарашон мешад) дигар аз кучо кор кунад бечора сохибкор .нархи кувваи барк дар ширкатхои хусуси нисбат ба корхонахои давлати 3 е 4 баробар зиед шумо мухтарам чонишини вазир мешудед ба чои сохибкорхо пулатонро дар ягон чо хамин хел мепартофтед?

истехсолот
Дар точикистон то тага надошта боши корут чазирай мухтарам
вазир! сухан бисераст лекин инчо чои сухбат нест раис як худат фикр кун барои чи истехсолот пеш намерад дар точикистон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)