Бахшҳо

Сухани охирини директори "Назари нек": Аз рӯи инсоф ҳукм бароред

Рустамҷон Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар куштори як ноболиғ муттаҳам мешавад, имрӯз, 12 май зимни мурофиаи додгоҳӣ хостори ҳукми одилонаи додгоҳ шудааст.

Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеи Рустамҷон Ҷӯраев ба “Озодагон” гуфт, зерҳимояаш аснои ибрози сухани охирин дар додгоҳ ба падари 7 фарзанд буданаш ишора карда, аз додрас хоҳиш намудааст, аз рӯи инсоф ҳукм содир кунад: “Ӯ гуфт, ман ҳам намехостам, чунин кор шавад, хоҳиш мекунам ҳукми вазнин бароварда нашавад ва нисбати амали ман одилона баҳо дода шавад”.

Рӯзи 5 май айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи вилояти Суғд аз додраси парванда талаб намуд, Рустамҷон Ҷӯраевро, ки дар куштори ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов муттаҳам мешавад, 20 сол ва ду ҳамроҳашро 19 солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.

Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеи Рустамҷон Ҷӯраев афзуд, “додрас баъди шунидани сухани охирини гумонбар ба хонаи машваратӣ рафт ва қарор аст рӯзи ҷумъаи 15 май ҳукмашро эълон кунад”.

Мақомоти пулиси вилояти Суғд моҳи январ аз ҳалокати як ноболиғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода гуфтанд, ӯ дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек” ҷон додааст. Манбаъ гуфт, тахминан соатҳои 01:30-и 15 январи соли ҷорӣ ноболиғон Эраҷ Исоеви 16-сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаҳои мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои “Сабрина”, воқеъ дар бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огаҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтодан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд".

Ба гуфтаи пулис, директори бозори “Назари Нек” -- Рустамҷон Ҷӯраеви 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор -- Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола, ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, онхоро бо мушту лагад ва пояи мизи пластмасси задаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст”.

Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек” дар барномае тавассути телевизиони "Симои мустақили якуми Хуҷанд" ба гуноҳи худ иқрор намуда, изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ анҷом шудааст ва фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”
Мӯҳр
Гову хар аз огахи одам нашуд,
Одами гар лахзае гофил шавад хар мешавад.
Баъдан ин ки хар чи зеро ки кишт карди хосили хамонро медарави, Рустамчон....

тт
Сохиби 7 фарзанд будаи чаро нисбати ятимбача латукубро раво диди?

Ин кӯдаккушу ятимкушро бинед,акнун аз инсоф гап мезанад. Он вақте, ки он кӯдак зорӣ мекард назанед, накушед шумо магар одилона рафтор кардед...

Худо ҷазошро медиҳад

Мехмони беном
агар одалатро мехохед. адолат ин хун ба чои хун чон ба чои чон аст

Асадулло
Агар аз руи инсоф додгох хукм барорад бояд ХУКМИ КАТЛ дихан тура беинсоф !!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)