Бахшҳо

“Бо Афғонистони ноором ҳамсарҳад будан барои ҳамаи кишварҳои минтақа таҳдид аст”

Толибон ахиран дар бархе минтақаҳои Афғонистон дубора фаъол шуданд. Хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки ин гуруҳ беш аз 65 дарсади вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери тасарруфи худ даровардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, “Озодагон” аз коршиносони тоҷик пурсид: ҲУЗУРИ ТОЛИБОН ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ШУМОРО БА ТАШВИШ НАМЕОРАД?


Абдулло ҲАБИБОВ, генерали мустаъфӣ

Албатта он нооромиҳое, ки имрӯз дар Афғонистон вуҷуд доранд, асоси ба ташвиш омадани ҳамаи мову шумо аст. Чун ки вақте қувваи низомӣ идора намешавад, идораи марказӣ надорад ё қувваи низомӣ дар дасти як нерӯҳое ҳаст, ки онҳо бадхоҳ ҳастанду мехоҳанд амнияти ин ё он давлтаро халалдор кунанд, албатта хатар вуҷуд дорад. Имрӯзҳо дар давлати ҳамсояи мо хеле ноамнӣ аст ва ин номанӣ вазифадор мекунад, ки қудрати ҳимоявии кишвари мо беҳтару хубтар бошад ва барои сар задани ҳар хатаре омода бошанд. Аз тарафи дигар мо хуб медонем, ки пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон мустақар аст ва бо назардошти будани ин пойгоҳ дар кишвар на ҳар қувваи низомӣ имрӯз дар ҷаҳон ҷуръат мекунад, тарафи сарҳади мо ҳуҷум намояд. Лекин ба ҳар ҳол мо бояд ҳушёр бошем, омода бошем, талош кунем, ки амнияти Тоҷикистонро ҳеч кас халалдор накунад.

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО, коршиноси масоили сиёсӣ

Эҳсоси хатар аз худи Толибон намекунам, чун ки Толибон аз ҳамон даврае, ки бори нахуст ба сари қудрат омаданд, худро ҳамчун нерӯи давлатсоз нишон доданд. Яъне, гирифтори ҳалли мушкилоти ба таври худ албатта, дохили афғонӣ буданд ва таваҷҷуҳе ба кишварҳои дигар ҳам надоштанд, вале як чизи дигар аст, ки ҳар ҷое, ки Толибон меомаданд, онҳо аз дастаҳои гуногуни низомӣ тақозо мекарданд, ки ё вориди сохторҳои Толибон шаванд ё монеъи ҳалли низоъ нашаванд. Он дастаҳое, ки рад мекарданд, ба онҳо сарукор доштанд. Вале мушкилот дар он аст, ки масалан он нерӯҳое, ки иборат аз шахсоне, ки аз Осиёи миёна баромада дар он тараф ҳастанд, агар Толибон нисбати онҳо низоми худро татбиқ кунанд ва онҳо қабул накунанд, дар ин вақт Толибон гуфтанашон мумкин, ки бародарҳо хуб акнун кишварро тарк кунед. Дар ин вақт мушкил пеш меояд, ки онҳо Афғонистонро тарк карда куҷо мераванд, чи тавр мераванд, ки сари ин масъала сохторҳои марбутаи давлатдорӣ бояд фикр кунанд.

Толибон ба Тоҷикистон намеоянд ва омаданашон ҳам дар гумон аст, чун ки кори худашон хеле зиёд аст, вале онҳое ки аз Мовароуннаҳр ҳастанд, баргаштанашон мумкин, дар ин маврид масъулини марбута бояд фикр кунанд. Ё онҳоро халъи силоҳ карда, қабул кунанду вориди ҷомеаи худ намоянд ё кадом кори дигарро барои ҳалли ин масъала андешидан лозим. Толибон агар ба Тоҷикистон оянд, фикр мекунам татбиқи усули тоҷикӣ, яъне қабул кардану бидуни силоҳ онҳоро вориди ҷомеа кардан ва аз пайи ба ҷомеа мутобиқ кардани онҳо шаванд, ин беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот аст. Тоҷикистон таҷрибаи сулҳро дорад, мушкиле нест, ки ҳал нашаваду дар мавридаш гуфтугӯ карда нашавад. Кош чунин шаваду ин масъала низ бо роҳи сулҳомез ҳалли худро ёбад.

Нуралӣ ДАВЛАТ, таърихнигор

Афғонистон як кишваре ҳаст бо садҳо мушкилот. Толибон замони сари қудрат будани худ ин мушкилотро ҳал карда натавонистанд ва бо он потенсиале, ки доранд, на он замон ва на ин замон онҳоро хал карда наметавонанд. Пешравии онҳо баъди саркӯб шуданашон дар соли 2001 бидуни ҳамкории кишварҳои ғарбӣ, ки беш аз 14 сол дар Афғонистон ҳузур доранд, ҳеч имкон надошт. Бинобар ин, кишварҳои Осиёи Миёна набояд ин хатарро нодида бигиранд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ

Ҳарчанд мутмаинем, ки марзбонҳои мо, ниҳодҳои қудратӣ қодиранд суботу амнияти марзҳоро таъмин кунанд, вале боз ҳам наметавонем бо боварӣ қотеъан бигӯем, ки аз ҳаводиси Қундуз пурра эҳсоси хатар надорем. Албатта вақте хонаи ҳамсоя оташ мегирад, наметавонӣ эҳсоси хатар надошта бошӣ. Ин аниқ аст, ки гуруҳҳои террористӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон билохира саркӯб мешаванд, вале на ҳама. Боқимондаҳо куҷо мераванд? Вақте дар Вазиристони Покистон алайҳи онҳо амалиёти густурда сурат гирифт, боқимондаҳояшон ба Афғонистон фирор карданд ва инак натиҷаашро дида истодаем. Умуман, чунин ба назар мерасад, ки нирӯе ба хотири пиёда кардани сиёсатҳои геополитикии худ, гуруҳҳои террористиро вориди Осиёи Миёна карданист. Агар худое нахоста идомаи қазия чунин аст, чӣ гуна метавон эҳсоси хатар накард?

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, таҳлилгар

Бояд дониста бошем, ки ин гуна бозиҳои хатарнок доранд ба марзҳои мо низ мерасанд. Вале суол ин аст, ки чаро сару садоҳои нигаронкунанда маҳз равонаи Тоҷикистонанд? Оё бозигарони фаромиллӣ кишвари моро ҳадафи навбати қарор доданианд ё ин гуна амалҳо тавасути Тоҷикистон равонаи дигар манотиқанд? Ба ҳар ҳол садопароканиҳо дар мавриди ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон ва таъсиси давлати исломӣ дар Бухороро хеле зиёд шунидему нигарониҳое низ доштем. Вале ҳоло вазъият дигару маҳдудаи бозиҳо ҳам фарохтар, пас масъала бар он бархӯрд мекунад, ки манфиатхоҳии қудратҳои ҷаҳонӣ дар чи масъалае бо ҳам бархӯрд мекунанд ва дар кадом ҳолат бо ҳам яксонанд ва ҳамаи ин бармегардад ба эътибору эҳтиромгузориҳои онҳо ба низомхои давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ. Агар ин чизҳо мусовӣ биуфтанд, пас пиёда кардани ҳамлаи гуруҳҳои низомие бо ҳар ном дар ину он минтақа ва марзи кишвар кадом мушкиле надорад.

Аъзамшоҳ ШРГОВАДӢ, коршинос

Толибон ва наздик шудани онҳо ба он ҳама дағдағае, ки кишварҳои минтақа ва Русия мекунанд, ба ин андоза нест. Нахуст инро набояд аз ёд бурд, ки Толибон имрӯз он тавонеро надоранд, ки нируҳои низомии Афғонистонро дарҳам шикананд ва ба марзҳои Тоҷикистон наздик шаванд. Ва дувум ин ки қисмати шимоли Афғонистон ҳамеша мисли як девори нигаҳбон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон будааст. Хуб дар ёд дорем, ки давлати Толибон бо тамоми тавоноияш натавонист ин нируҳоро шикаст бидиҳад. Имрӯз ҳам он размандагон ва нируҳои низомии ҶИА дар Кундуз ва Мазори Шарифу дигар манотиқ Толибонро шикаст доданд ва дар ҳеч куҷое мухолифини давлати Афғонистон муваффақ нашудаанд. Аммо суоле, ки нигаронкунанда аст ин аст, ки чӣ гуна баъди 13-14 сол лашкари Толиб дар Шимоли Афғонистон ба таври густарда ҳамалоти худро шурӯъ намуд? Оё дар воқеъ инҳо ҳамон Толибонанд ё бозичаи наве барои таҳдиди ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна. Ва чаро аз ҳама бештар Русия аз забони сиёсатмардонаш изҳори нигаронӣ мекунад ва аз мавҷудияти афроди чечену тоҷику узбак дар сафи Толибон мегӯяд? Борҳо дар расонаҳои гуногун аз мавридҳои мавҷудияти тоҷикон дар дохили ин гуруҳҳо гуфтаанд, вале то ба ҳол ҳувият ва ё ному насаби ҳеч кадоме аз онҳоро на мқомоти расмӣ ва на ғайрирасмии олам нагуфтаанд. Ин мавзӯи пурпечро дар ду калима намешавад таҳлил кард. Дар замоне, ки чор паҳлӯйи олам дар зери оташи бархӯрди қудратҳо месӯзад, ба ҳар сурат давлатмардони тоҷикро зарур аст, омодагии ҳамаҷонибаро барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳоҷуми беруна дошта бошанд.

Маҳдӣ СОБИР, коршинос

Ҳамеша аз ҷониби сарҳади ҷануб ба ҷумҳурии мо хатару таҳдидҳое пешорӯ истодаанд. Ин хатарҳо паҳн гардидани ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳу муҳимоти ҷангӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад. Бо Афғонистони ноором ҳамсарҳад будан барои ҳамаи кишварҳои минтақа таҳдид аст. Аз он ки акнун бо сабаби дар ғарби Покистон идома доштани амалиётҳо ба зидди Толибон онҳо ба шимоли Афғонистон ҷабҳаи муқовиматро интиқол додаанд, хатарҳо дар сарҳадоти мо афзоиш меёбанд. Ин пеш аз ҳама боиси аз байн бурдани гуруҳҳое мегардад, дар он сӯи сарҳад дар ҳифзи бехатарии кишвари мо буданд. Яъне, гуруҳҳое буданд, ки онҳо имкони ба сарҳадоти мо наздик шудани ҳеч толибею душманеро роҳ намедоданд. Дувум, ҳам дар минтақаи Бадахшони Афғонистон ва ҳам вилоятҳои шимоли тоҷикон сукунат доранд, ки ин ҷанг онҳоро бехонумон мекунад. Сеюм, имконияти аз нав гуреза шудани аҳолии осоиштаи ин кишвар ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо пайдо шудани ин гуруҳҳо барои ворид шудан ба Тоҷикистон ҳеч имкон надорад. Зеро артиши Тоҷикистон алакай хатти дувуми мудофиа ташкил карда, дар ҳолати омодабош аст. Ҳеч гуруҳе наметавонад вориди сарзамини мо гардад. Шаҳрвандон бояд ором бошанд.

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия

Албатта ҳар ҳаводисе, ки аз тарафи Толибон рух медиҳад, боиси таваҷҷуҳи ҳамагон мегардад. Ҳодисаҳое, ки дар Қундуз инчунин дар марзи Тоҷикистон ба амал омада истодаанд, бояд ҳушдоре бошанд, барои сохторҳои дахлдори Тоҷикистон. Вале ҳаминро бояд бигӯям, ки ин ҳаводис таъсири манфие ба мо нахоҳад расонд. Тоҷикистон хело устувор ва қодир аст, ки ба ҳар як қувваи бегона ҷавоби сазовор диҳад.

Талабшоҳ САЛОМ, сокини ноҳияи наздимарзӣ

Аз наздикшавии Толибон ба марзи кишвар ҳеҷ хатарро эҳсос намекунам, зеро ҳоло худи Толибон рӯ ба рукуд ниҳодаанд, зеро заминаи аслии онҳо Покистон буд ва ҳоло дида мешавад, ки ин кишвар бо роҳандозии амалиётҳои мухталиф Толибонро аз марзаш пеш карда истодааст. Дуюм ин ки ҳоло Толибон бо ДИИШ дар ҳоли бархӯрд қарор доранд. Агар Толибон бидъат накунанд ба эҳтимоли зиёд ДИИШ аз болои онҳо пирӯз шавад. Бубинед, раҳбари Толибон мулло Умар худро амир ул-муъмин эълон карда буд ва раҳбари ДИИШ низ Абубакри Бағдодӣ худро халифа эълон кардааст. Яъне, ин ду гуруҳ барои як мақом мубориза мебаранд. Гузашта аз ин дар сурати гузаштан аз марзи Тоҷикистон кишвари Русия метавонад аллайҳи Толибон мубориза барад ва пирӯз ҳам шавад. Русия Амрико нест, ки муборизаро аллайҳи онҳо ба дарозо кашад.
Мӯҳр
Мо бояд барои химояи марзу буми кишвар хамакаса омода бошем Ба чойи он ки нисбати миллату давлат хар гуна гапхои бадномкунандаро пахн созем. Агар Толибон ба марзи мо наздик шаванд махз хамин давлат моро химоя мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)