Бахшҳо

Хабари боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба Сурия

Як шаҳрванди Тоҷикистон ва як табааи Русия бо иттиҳоми қасди сафар ба Сурия тавассути марзи Молдова боздошт шудаанд.

Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова гуфтааст, ҳангоми боздошт аз ин афрод либоси низомӣ ва адабиёти диннӣ, ки барои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ истифода мешавад, пайдо кардаанд. Манбаъ гуфтааст, қаблан ин ду нафар бо иттиҳоми терроризм аз Туркия ихроҷ шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо дар урдугоҳҳои махсуси тундгароёни исломӣ тамрин дидаанд.

Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова гуфтааст, ҳоло масъалаи истирдоди боздоштшудаҳо ба Ватан баррасӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 11 май Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти “Густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, гуфт, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ 384 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд, ки 40 нафарашон бо зану фарзандон ба он кишварҳо рафтаанд.

Аз ин пеш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, ҳоло пушаймонанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд: “Ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд”.

Дар ин иттилоия гуфта мешуд, чунин афрод метавонанд барои ба Ватан баргаштан бо телефони боварии вазорат +992-221–21-21 тамос бигиранд: “Мақомоти корҳои дохилӣ омодааст, барои баргардондани онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад”.
Мӯҳр
обруи миллати точикро фикр кунед. Наход бо чанг кардан ба давлати дигар бо максади чиход шумо обру гиред? Сарчамъ шуда кишварро обод кунед. Номи точикро хамчун террорист ба чахониён нишон надихед. мо халки ободкор ва бомаърифат хастем.

Андарз
Инхо гумрохшудагонанд, набошад дар табиати мардуми мо хислати чангучуйи нест.Онхоро аввал барои шахид шудан ва зиндагии абад пас аз марг ва баъдан бомаблагхои калон хавасманд сохта,аклашонро медузданд. Набошад агар аз руи фармудахои худованду расулони бархаккаш гири аз инхо бадбахтар касе дар ду дунё нест. Ин тоифа на факат худ,зану фарзанд, балки падару модаре ки ба дунё овардааст эшонро онхоро хам мейни мардум сархаму шармзада мегардонанд. Инхо амалашонро хамон вакт мефахманд, ки аллакай дер шудааст.

Сомон аз н. А.Чоми
Сафар,
Бале бародари азиз дуруст кайд кардед. Миллати точик аз кадим миллати бофархангу инсондуст хастанд. Мусулмони асилу хакики хеч гох ба ин рох намеравад.
Чун тег ба даст ори, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд, бади нест фаромушт.
Харки дар ин рох аст, фиребхурдаву Худозада аст.

н Хисор
Мо дар хайячонем , Чарро инкадар корхои фахмондадихи баррои Чавонон шомил нашудан ба гурухои иттиҳоми терроризм бурда мешавад . ва хамаруза тарики хабарои ома ва телевизон мефахмонад ...Боз чавонон рафта истодааст инрро аник кардан даркор ..дар маркази Шахрамон хаст одамонеки ба ин кор дахолат карда истодаанд...Аз коркунони макомот хоиш мекунем дар ин кор чиди бошанд , ва Саркардаи инкорро ёфта ба чаханам тела додан даркор аст....Руз аз руз чавонон гумрох шуда истодаанд ...ин окибати хуб нест..ва Чавононро дар маркази шахрамон бояд хаматарафа дастгири кардан даркор аст, чунки ин корхо хамааш аз руи бекори дида мешавад..

Ozodagoni najas Qasam ba nomi Alloh bo in tablighoti botilat hej goh peshi rohi islomi Azizro girifta nametoni..Dar Quroni Karim ziyoda az 500 oyatho dar bobati Jihod dar rohi Alloh hast..Anaknun Tu Kofar va halqi gumroh medonand ki ki gumroh astu ki baroi pul onjo meravad. Kadom vatanro obod kunem..Eyy kofar musalmoni Haqiqi ba ghayr az Hukmi Alloh digar ba digarash rozi nest, ya'ne bar domikratiyayu komunistiyu sotsialistiyu digaru digar..in sha Alloh vohuri bo kofarho va murtaddinhoi Tojikiston dar pesh ast..Saht tayori bined mo ham saht tayori dida istodaem..Mo tashnai jon dodan va hun rehtan dar rohi Alloh hastem..chi heleki shumoyon dar in dunyoi foni zindagi kardanashro dust medored...

said
барои фахмонидани чавонон барои даст назадан ба корхои ифротгарои ва тероризм,бояд тарики телевизион ва радио сурудхо ва клипхои бемаъне нишон надода балки амри маъруф, суханони паёмбари гироми Хазрати МУХАММАД САЛЛАЛОХУ АЛАЙХИ ВАСАЛЛАМРО бигуянд .ва бифахмонанд ки ин ЧИХОДнест

Бехтарин чиход ин чиходи нафс аст!Сафар,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)