Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо вазири дифои Ҳиндустон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Ҳиндустон қарор дорад, бо Манохар Паррикар, вазири дифои ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 13 май дар шаҳри Деҳлии нави Ҳиндустон баргузор шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои низомию техникии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро баррасӣ карда, дар робита ба рушди вазъият дар минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ҷиҳати мубориза зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули назари сурат гирифтааст.
Сафари расмии Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Ҳиндустон рӯзи 11 майи соли равон оғоз шуда, 5 рӯз давом хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |