Бахшҳо
13 май 2015 18:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Манъи фурӯши меваҳои хушк дар бозори “Шоҳмансур” бо қарори Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе қарори манъи фурӯши меваҳои хушк дар бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро содир кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бар асоси ин қарор, ки рӯзи 13 май содир шуд, аз ин ба баъд дар бозори “Шоҳмансур” фурӯхтани мавиз, писта, бодом, чормағз, фундук, донаи зардолу, ғулинг, нахуди бирён, анҷир ва дигар меваҳои хушку асал манъ гардид.

Тибқи ин қарор раҳбарияти бозор муваззаф шудааст, то ба фурӯши молҳои саноатӣ роҳ надода, дар ҳудуди бозор танҳо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоиро ба роҳ монад.

Убайдуллоев бо содир кардани ин қарор Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамот-расон”-ро вазифадор кардааст, то дар робита ба ҳолатҳои таваққуфи дарозмуддати воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хатсайрҳои №4,8,16,18 ва 67, тариқи роҳҳои гирду атрофи бозори “Шоҳмансур” чораандешӣ намоян. Инчунин ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Душанбе дастур шуда, нисбати таксиҳои хурди мусофиркаш дар назди бозори мазкур бар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва қонунгузории амалкунанда, чораҷӯӣ кунад.

Соҳибкорони бозори “Шаҳмонсур”, ки ба фурӯши меваҳои хушк машғул буданд, охирҳои моҳи апрел ба Маҷмаи савдои “Пойтахт 90” интиқол дода шуданд. Чанд рӯз қабл, бархе аз ин тоҷирон ба хабарнигори "Озодагон" аз кам будани харидорон ва барор нагирифтани савдояшон нигаронӣ карда гуфтанд, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, маҷбуранд тиҷораташонро қатъ кунанд.




Мӯҳр
Бозори пойтахт 90- да нархша, яъне нархи махсулота арзон кунад, ки мардум ба ончо раванд!

точик
Бояд ин чизхо дар бозори убайдуллоев фурух а шаванд? Хамин бозоршинои бечораро девона кардед. То кай аз ин бозор чой харанду пеш мекунед боз хазорхо доларашон сухта боз аз дигар бозор чой харанд???????¿??????

То вакте ки Убайдуллоев хаст ин кор идома меебад.Дигар чи манбаи даромад мондааст??????

ш Душанбе
мухтарам Шахрдор , чи мешуд хамин бозори шохмансурро аз решааш бардошта шавад бисиёр кори хуб мешуд ,чунки дар атрофи бозор гапу чак бисёр аст , хамаи Сохибкоронро ба бозори шахсии худатон баред .....ва назората аз болои савдогарон прзур кунед ..Ачоиб бозори замонави сохтаед...

чаллоди бозор
дар холи хозир дар тамоми бозорхои чумхури хамин холат идома дорад аз он чумла дар бозори дехкон. дехкони бечора махсулоташро мебиёрад то фурушад чекчинои бозор чека мечинанду баъди соати 9 масъулини бозор мебиёянду мехезонанд бечора дехкона махсулоташро аз нархаш ба зарар фурухта меравад. баъд аз кучо сохаи кишоварзии мо пеш меравад.

инчо гап сари бозири шахси намеравад чанобон! бозори шахсихам бошад налоги давлатро месупорад, ки ба бучаи давлат воида меорад. дигар ин ки бозори Шохмансур ба талаботи шахрдори чавобгу нест ва нихоят дар чои номувофикхам хаст ва акнун чои муайяни худро ёфту ба танзим даромад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)