Бахшҳо

Чиптаи консерти Садриддинро дар Шветсия барои донишҷӯёну паноҳандаҳо 6,8$ арзонтар мефурӯшанд

Садриддини Наҷмиддин, хонандаи маъруфи таронаҳои попи тоҷик дар доираи силсиласафарҳои ҳунарияш ба Аврупо дар шаҳри Стокҳолми Шветсия консерт баргузор мекунад.

Ин консерт қарор аст, рӯзи 16 майи соли равон, соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ дар толори “Naca Gymnaziyum” оғоз шавад.

Баргузоркунандаҳои консерт мегӯянд, барои донишомӯзони макотиби миёнаю олӣ ва паноҳандаҳо ҳангоми харидории чипта тахфиф пешбинӣ шудааст: “Барои донишомӯзон ва донишҷӯёну паноҳандагон дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда то 50 крони шведӣ (6,8$) нархи чипта поин бурда мешавад”. Арзиши чиптаҳо ба ин консерт дар таблуҳои таблиғотӣ аз 300 то 450 крон, муодили 36.4 - 54.7 доллар нишон дода шудааст.


Консерти Садриддини Наҷмиддин дар Шветсия идомаи силсиласафарҳои ҳунарии соли 2015-и ӯ ба Аврупо аст. Рӯзи 9 майи соли равон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон консерт дошт ва гуфта мешавад, 23 май дар Швейтсария ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Садриддин аз овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки миёни форсизабонҳо аз маъруфияти хосе бархӯрдор мебошад. Ӯ аз аввалин хонандаҳои поп мебошад, ки дар Амрикову Аврупо ҳунарнамоӣ кард ва клипҳояшро телевизионҳои маъруфи ҷаҳоние нашр карданд.
Мӯҳр
madamin
Ман хайронам дар хамин услуби як хел маколанависхо...Хайр фарз кардем, ки максади муаллиф нишон додани саховатмандии ташкилотчиён буд. О пас нархи худи чиптаро нависед, то хонанда бахо дода тавонад, ки то чи андоза донишчуён чиптаро арзонтар гирифта метавонанд. Агар нархи чипта 10 доллар бошад-як гапу, агар 400 доллар бошад-гапи дигар. Узр барои аклаки, лекин фикр мекунам бисёре аз дигар хонандахо хам бо ман мувофиканд.

донишчу аз ИМА
гапат хак бародар мохам мехохем донем

муслима
Хофизи халки
О бо....... Садриддин дар толори мактаби миёнаи раками № махаллаи нмчи, нохияи нмечии ш.Стогололм баромад мекунад. Дар инчо бошад дар толорхои консертии чумхурияви баромад мекунаду нархои билеташ аз нарххои Стоголмам кимматтар, вале дар Швеция бепул консерт медихад. Шарм намедоред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)