Бахшҳо
14 май 2015 11:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти як сокини Душанбе аз пардохт нашудани алименти фарзандонаш

Умеда Гадоева, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, панҷ сол аст, ки шавҳари собиқаш аз пардохти алимент барои ду фарзанди ӯ саркашӣ мекунад.

Хонум Гадоева имрӯз, 14 май ба Хабаргузории “Озодагон” тамос гирифта гуфт, баъди 4 соли зиндагӣ дар соли 2010 бо шавҳараш -- Иброҳим Тураев аз ҳам ҷудо шудаанд ва моҳи ноябри ҳамон сол бо қарори додгоҳи Исмоили Сомонии Душанбе ҳамсараш муваззаф шуд, ҳармоҳа 400 сомонӣ алимент супорад: “Як духтари 7-сола ва як писари 8- сола дорам. Чун духтарчаам он замон бисёр хурд буд, судя қарор баровард, ки то се сола шуданаш падараш 100 сомонӣ барои ман, ки вақти нигоҳубини ӯ ягон ҷо кор карда наметонам, пардохт кунад. Инчунин барои ду фарзандам ҳар моҳ 300 сомонӣ бидиҳад. Лекин ягон бор 400 сомонӣ насупоридааст. Гоҳ-гоҳ 50 сомонӣ месупорид ва охирон бор соли 2013 пули алиментро пардохт кард”.

Умеда Гадоева афзуд, борҳо пушти дари додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ҳамсари собиқаш дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад, рафт ва аз пардохт нашудани алимент аз сӯи шавҳари собиқаш шикоят бурд: “Вале масъулини додгоҳ ба ман посухи мушаххас надодаанд. “Имрӯз биё, пагоҳ биё” мегуфтанд”.

Ин хонум гуфт, ҳоло ҳеч куҷо кор намекунад ва ҳайрон аст барои пардохти алименти фарзандонаш аз ҷониби падари онҳо чи кор кунад. Ӯ афзуд, дар ин панҷ сол Тураев боре ҳам аз аҳволи ду фарзандаш хабар нагирифт.

Шараф Одинаев, иҷрочии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки аз ин қазия огоҳӣ дорад, панҷшанбеи 14 май дар суҳбат ба “Озодагон” пурра пардохт нагардидани алименти фарзандони Умеда Гадоеваро аз ҷониби собиқ шавҳараш тасдиқ намуд. Оқои Одинаев гуфт, барои саркашӣ аз пардохти алимент барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иброҳим Тураев 4 маротиба ба додситонии Сино мавод мешниҳод кардааст: “Лекин он ҷо мегӯянд, 100 сомонӣ, 200 сомонӣ супоридааст, парвандаи ҷиноятӣ кушода намешавад, ман гуфтам, ки ин мард чанд моҳ аз ҳисоби напардохтани алимент қарздор аст. Ҳоло мунтазирем, ки прокуратура чи чора меандешад”.

Ин дар ҳолест, ки Умеда Гадоева мегӯяд, аз рӯи ҳисоби ӯ собиқ шавҳараш беш аз 12 ҳазор сомонӣ маблағи алиментро пардохт накардааст.
Мӯҳр
Хохари азиз! Шумо як адвокат гиред чазоша медихад! ман ба Шумо як шахсро тафсия доданиям, назди хамон инсон равед хатман шумоя дастгири мекунад, Бузургмехр Ёров...одди када чояша гуям назди тарафохои Гулистон, яккачинор ру ба руи агар хато накунам "Русское двор" чои адвакатхо хаст равед хатман ин инсона меёбед кори шуморо хал мекунад...Зик нашавед корри шумо хал шаванда аст....

Sobir
Оиди ин гуна масъала Шумо метавонед Ба Ваколатжор оиб ба хукуки инсон мурочиат намоед

Умедабону!!!!! Лекин дер кадед-да , вагарна ХОНАНДАГОНИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛЛИИ ДУШАНБЕ агар ба даст намеафтоданд дар муддати як
руз масъаларо киноатбахш хал мекарден, дигар хочати аризабози намебуд !!!!! АФСУС.....

Хамаи ин бе,фойда хечкас ёрдам намекунад хозир конунг нест хама сум.Прокрор,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)