Бахшҳо
14 май 2015 12:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пайдо шудани боз як ҷасад аз зери тарма дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”

Бахши ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд мегӯяд, кормандони гуруҳи зудамали он дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ ҷасади як нафарро аз зери тарма берун кардаанд.

Абдумалик Абдуҳамидов, сардори гуруҳи зудамали бахши изтирории вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Иномҷон Мирмуҳаммедов рӯзи 12 май пайдо шуда, ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади бародари ӯ -- Илҳомҷон Мирмуҳаммедов идома дорад.

Қаблан аз дарёфти ҷасади ҳамсафари дигари онҳо -- Абдураҳмон Солихӯҷаев аз зери тарма хабар расида буд. Солихӯҷиевро баъди 21 рӯзи зери тарма мондан пайдо карда буданд.

22 феврали соли равон, боркаши тамғаи “Дулан”, ки Абдураҳмон (соли таваллуд 1958), Иномҷон (соли таваллуд 1965) ва Илҳомҷон (соли таваллуд 1967), бошандагони шаҳри Хуҷанд савори он буданд, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ба чуқурии беш аз 300 метр сарозер шуд. Ба иттилои расида, ин мошин ҳомили гази моеъ будааст ва онҳо кормандони “Газпром”-и шаҳри Хуҷанд будаанд.

Манбаъ мегӯяд, феълан кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ ҳамроҳ бо аҳолӣ ба ҷустуҷӯйи ҷасади як нафари дигар идома медиҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ, тайи 4 моҳи ахир бар асари тармафароӣ дар ин минтақа 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
Darvesh
...Бахши ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд мегӯяд, кормандони гуруҳи зудамали он дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ ҷасади як нафарро аз зери тарма берун кардаанд.
....22 феврали соли равон, боркаши тамғаи “Дулан”, ки Абдураҳмон (соли таваллуд 1958), Иномҷон (соли таваллуд 1965) ва Илҳомҷон (соли таваллуд 1967), бошандагони шаҳри Хуҷанд савори он буданд, дар мавзеи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ба чуқурии беш аз 300 метр сарозер шуд...
OZODAGON I KADOM GURUHI ZUDAMAL AST KI BADI 21 RUZ JASADRO AZ ZERI TARMA BERUN OVARDAAND?????? HOLO 1 TOI digarush aniq nest!!!!

Шараф
Дар хамин шохрох чандин мавзеи дигар бояд бо накбхои майда пушида мешуд. Хар руз ИРС садхо хазорон пул чамъ мекунад, хамин тунелхоро кунад ва боиси кам шудани марги одамон гардад чи мешавад? Окибат ин пулхои чамъкарда тарма шуда рохбарони ИРС-ро мебаранд.

Кухгард
Хамин холатхои фавкулода барои пешгирии хаминхел фочиахо ягон чора андеши мекарда бошад??? Барои фуруовардани барфхои чамъшуда дар чойхои хатарнок бо таври сунъи аз маводхои тарканда истифода кардан мешавад, ё барои ёфтани одамон аз сагхои тарбия ёфта. То кая интизор мешавед то барфхо об шудана.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)