Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи "қасрдорҳо": Пой дар қуртуқи ҳукумат монда, мансаб гирифтанд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми май, дар хутбаи намози Ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе, қазияи Лоиқ Раҷабов, ҷангҷӯи кушташудаи тоҷик дар Сурияро зикр карда, гуфт, ин фард ҳам ба Ватан ва ҳам ба зану фарзандаш хиёнат кардааст.

Абдулқодирзода, ки дар мавзӯи амонат ва хиёнат суҳбат мекард, аз саргузашти Раҷабов ёдоварӣ кард, ки худаш дар Сурия кушта шудаасту зану фарзандонаш дар дасти ҷангиёни “Давлати исломӣ” мондаанд. Раиси Шӯрои уламо инчунин саргузашти ҷангҷӯи дигари тоҷик, Фаррух Шариповро зикр намуд, ки феълан пушаймон шуда, ба Ватан баргаштааст. Муфтӣ аз қавли Шарипов илова кард, ки имрӯз бисёре аз ҷангиёни Сурия ва Ироқ аз корашон пушаймон шудаанд, аммо роҳи халосӣ намеёбанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз мардуми Тоҷикистон даъват намуд, ки фирефтаи ҳар гуна фитна нашаванд, чун кишвари мо дар меҳвари таваҷҷуҳи абарқудратҳо қарор гирифтааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар хитоб ба шаҳрвандони кишвар таъкид намуд, ки ба ҳарфи бархеҳо бовар накунанд, чун инҳо дар хориҷа қасру кушк доранд ва дар сурати нохушие боз ба ҳамон қасрҳояшон рафта, зиндагӣ мекунанд. Абдулқодирзода мушаххасан нагуфт, киро дар назар дорад, аммо таъкид намуд, ки инҳо як бор кишварро ноором карданду рафтанд дар қасру кушкҳояшон зиндагӣ карданд ва вақти бозгашташон низ пой бар қуртуқи ҳамин ҳукумат монданд, ки ба онҳо вазифаҳои баланд диҳад: “Вазифаҳои пастро қабул накарданд”.

Ин даъватҳои муфтӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки тибқи иттилои расмӣ аз Тоҷикистон 40 хонавода, ё худ наздики 400 ҷангҷӯ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд.
Мӯҳр
Комил
Ту дар бораи намоз сухан гу хадис кироат кун факат аз сиёсат сухбат мекуни дили мардумро аз масчити маркази рафтан хунук карди

Точдор
Офарин муфти! Бехтарин амал имруз гурххое хастанд, ки чавононро бо ваъдахои бардуруг гумрох намуда ба чанги Сурия мефиристанд. Аз ин ру аз чавонони Точик хохиш менамоям, ки ба хар гуна сафсатахо бовар накарда дар ватани хеш ба хизмати падару модар ва нигохубини зану фарзандони хеш шаванд. Хуб мешуд, ки дар тамоми масчидхои чомеъаи Чумхури оиди пешгири намудани чавонон аз чангхои Сурия ва дигар минтакахои чангзада машваррат медоданд. Амали нек ва коболи дастгири хаст суханони Муфти.

Саидчон
Чавононе ки ба Сурияву Ирок чанг рафтиян аксараш аз мухочирои мехнатиян ва аз русия ба воситаи туркия рафтагиян.
Баъдан ВКдохила 200 нафар мега и Муфти ай 400 сухан кадестай.

Ин масъала доги руз аст. Бояд чавонони точик маблаги кам дошта бошанд хам, барои пулхои медодаи чангчуёни Сурияву Ирок шуда, худро курбон накунанд. Нимта нон рохати чон.

намозхон
Намози ҷумаро дар ваҳдат хонадам. Ҳамин гапҳоро онҷо шунидам. Маьлум ҳама мавьизазо аз як ҷо пахш мешавад. Гапи нав нест

Мухочир
Ин муфти принсиб надорад дар ислом хизб вучуд надорад исломро ба сиёсат олуда накунед мегуяду худаш дар сиёсат олуда шуда аст! Муфтии мухтарам кори ту насихат кардан аст фаромуш карди магар?

Ин муфти принсиб надорад дар ислом хизб вучуд надорад исломро ба сиёсат олуда накунед мегуяду худаш дар сиёсат олуда шуда аст! Муфтии мухтарам кори ту насихат кардан аст фаромуш карди магар?

бобии мУЛЛО, ба лави об ташна бурда мебиере,
касрдорхо ва мансабдорхо дар МАРСАН , соф халки окилу одил дар хизматан.

Самаки айёр
Ин як кисмати чомеаро ба дигараш душман месозад, дуруг мегуяд ва тафрика байни мусалмонон меандозад. Дар рузи киёмат ин хама дар назди Худованди пок чавоб мегуянд ва яздон ононро, ки пуштибони зулм ва ситаманд шармандаи ин дунё ва охират месозад.

ИН МУФТИИ МО ВАКОЛАТХХОИ "КГБ", "МВД" ва МАНСАБДОРОНРО БА
УХДА ГИРИФТА КОРИ ЧОНИИ ХУДРО ФАРОМУШ КАРСОС !!!!!

Исфара
Онхо пойро дар куртуки хукумат монда мансаб гирифтаанд ба хар хол бо чоплуси нагирифтаанд

Онхо пойро дар куртуки хукумат монда мансаб гирифтаанд ба хар хол бо чоплуси нагирифтаанд

Дар масчид гапи дуняви гап задан дуруст нест инхо бошанд хабархои дунявиро дар масчид пахн мекунан.

мухочир
и бечораро тухмат мекуед худат барои чи вазифаро ба дандонот капидай????????????????????????

Точик
Куртук чи маъни дорад? Муфти бояд бо забони хуби точики сухбат кунад, на ин ки бо лахчаи лакайхо

Салом муфтии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдулқодирзода ман дар ин бобат яъне, ки Шумо дар бораи ҷангҷӯе гуфтед, ки он мурдаасту оилааш дар дасти ҷангҷӯён қарор дорад. Аммо Шумо намедонед, ки дар бораи он шахсе, ки дунёро падруд гуфт сухани ноҳақ гуфтан кори ноҳаққист. Мутмаинам худ одами доно қазоват мекунед, ки ман чӣ гуфтаму шумо чӣ гуфта будед. Яъне сухан дар бораи Лоиқ Раҷабов меравад, ки Шумо дар хутба онро ғайбат намудед,яъне шахси мурдаро. Дар асл ман тарафдорони онҳо нестам, аммо бидонед, ки ин кори Шумо куллан хатост шояд он шахсе, ки аз дунё гузашту оилааш дар дасти ҷангҷӯён қарор дорад ӯ биҳиштист, барои ҳамин набояд шахсе, ки дунёи фониро падруд гуфт ғайбат кард.

Салом муфтии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдулқодирзода ман дар ин бобат яъне, ки Шумо дар бораи ҷангҷӯе гуфтед, ки он мурдаасту оилааш дар дасти ҷангҷӯён қарор дорад. Аммо Шумо намедонед, ки дар бораи он шахсе, ки дунёро падруд гуфт сухани ноҳақ гуфтан кори ноҳаққист. Мутмаинам худ одами доно қазоват мекунед, ки ман чӣ гуфтаму шумо чӣ гуфта будед. Яъне сухан дар бораи Лоиқ Раҷабов меравад, ки Шумо дар хутба онро ғайбат намудед,яъне шахси мурдаро. Дар асл ман тарафдорони онҳо нестам, аммо бидонед, ки ин кори Шумо куллан хатост шояд он шахсе, ки аз дунё гузашту оилааш дар дасти ҷангҷӯён қарор дорад ӯ биҳиштист, барои ҳамин набояд шахсе, ки дунёи фониро падруд гуфт ғайбат кард.

Юсуфали
раиси шурои уламо касру кушкдорхои точикистонро намедида бошанд, инхо аз кадом хисоб аст?
магар хамаи он маблагхои гранти ки барои баланд бардоштани рушди хочагии халк, илм ва саломатии мардум чудошуда максаднок истифода шудаанд?
дар махаллахои дурдаст аз халк пул чамъ карда мошини ёрии таъчили мехаранду дар марказ бошад кормандони вазоратхо RANGE ROVER, PORSHE, INFINITI, KIA, HYUNDAI, PUEGO ва ТOYOTA савор мешаванд муфти магар инхоро намебинад. дар холе ки ин маблагхоро имомхатибхои масчидхо бо супориши хукумат чамъ кардаанд??????????????????????????????????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)