Бахшҳо

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи санг ё ҳайвоне, ки навиштаи Аллоҳу Муҳаммад дорад

Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон дар пайи иддаои як сокини ноҳияи Ҳисор, ки гуфт, сангеро бо навиштаи Аллоҳу Муҳаммад пайдо кардааст, бо пахши як баёния аз сокинони кишвар даъват намуда, бо дидани ин гуна чизҳо тааҷҷуб накунанд ва оромиши худро аз даст надиҳанд.

Дар ин иттилоия, ки торнамои расмии Маркази исломӣ нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “инсон пеш аз он ки аз дидани ашёи дигар мутаассир гардад, муносиб аст, ки ба офариниши худ назар карда, дар фикри ислоҳи худ бошад. Лекин мутассифона инсон баракс зери таъсир қарор гирифта истодааст”.

Масъулини Раёсати фатвои Маркази исломӣ гуфтаанд, аз ҳайвон ё сангу чӯбе, ки дар он номи Худову паёмбараш Муҳаммад (с) нақш бастааст, набояд муқаддасот сохту ба он эътиқод кард: “Солҳои охир баъзе ашхоси бемаърифат ба дидани номи “Аллоҳ” ё номи “Муҳаммад” дар сангу чуб ё дар бадани ҳайвонот аввалан худ таъаҷҷуб карда, сониян мардумро парешон мекунанд”.

Ба навиштаи масъулини ин раёсат, хурдан ё куштани ҳайвоне, ки дар бадани он калимаи “Аллоҳ” ё “Муҳаммад” навишта шудааст, аз нигоҳи Ислом раво буда, “ҳеҷ гуноҳе бар соҳиби он навишта намешавад, фақат баъди куштан пусте, ки чунин навиштаҷот дорад, зери по наандозанд, чунки ин як навъ таҳкири номи Худо ва Расули ӯ мегардад”.
Мӯҳр
.............
Фатвои зарури бароре и чи фатвохай.
Мардум нони хурдан надора дар бораи ширини ё торт сухбат кунем. И шурои уламохам хами фатвора бровардай.
Дарди мо мардум ияй ки мохи Рамазон наздикай Шурои уламо кушишу талош куна то кудакону чавонон ба масчид рох ёбанд ва аз бузургиву савобияти ин мох махрум нашаван.

хатиб
Шӯрои уламо хуб мешуд, ки фатво дар такя ба Куръон ба хокимони давр мегуфтед, ки сатр яке аз фаарзхост ва мубориза бар зидди он эълони чанг бо Худост ва касе, ки бо Худо мечангад албата ки шикаст мехурад. руи рост гуед, ки сатр фарз аст на таклиди эрону Араб аз Худо тарсед муъчиаи Худоро сар-сари шарх надихед. боре хондаед, ки он ситорахое, ки дар осмон аст рузе бар сари золимон меафтад.

сино
Агар бар зидди суннати Паёмабар (с) амал кунад чи ????
масалан риштароши маҷбуран,сатр гирифатан маҷбуран ва гайраву ҳоказо худатон огеҳед.

Кулябец
Шурои Уламо фатвое бароред, ки барои чи дар вучуди будани чор фасли сол, замини обию лалми мардуми шарифи мо гуруснаанд . Бо вучуди ,, Муъмин бародари муъмин " нобаробари дар чомеаи мо . Ин масъалахоро монда аз паи ким кадом фатвои нодаркоре овораед .

точик
Хамааш дуруг аст, мардуми чохил..... афсона аст..... то кай фирефтаи чахолати араб мешавед...

БАДРИДДИН
Мухтарам раесати фатвои Точикистон шумо худ хамин сангро дида ва маслихат додаед ки ба бостоншиносон бибарам.
Ин борои ин нест ки этикод намоем ин вакт барои тарихи инро фахмидан буд.
Моро чунин тарбия намудаанд ки нонро аз замин ефти бигир охир ин дар танааш Алох навишта шуда буд чихел ман инро мепартофтам.

бародар
Хатиб садкаи номи худо шави сатри мегуфтагии ту бех аз як латтапорае барои инсон нест худо моро офаридааст ва онро бо дили додаи худо мешиносем бо латтапечони ба газаби худо гирифторед дигар хама гапхоят сафсата дили инсонро ин кадар наранчонед албатта он ситорахо ба сари ту золим ки аслу насабатро намедони меафтад

Ин мyллоҳои дарбори медонанд дар кадом мавзy фатво диҳанд. Ҳамон мавзyҳое ки ба мансабдорони динситез хyш ояд. Дар бораи закот садақа зyд фатво медиҳанд чyн ки мансабдорони динситез аз закотy садақа ба фоидаи хyд истифода мекунанд. Вале дар бораи мани рафтани ҷавонҳо ба масҷидҳо, мани занони бо ҳиҷоб аз таҳсил, мани тадриси олимони дин дар хонаҳояшон, мушкилоти иқтисодии ҳамарузаи мардyм боре ҳам фатво намедиҳанд ва лаб намекушоянд.

Собир
Салом ба хама бародарон ,бовар кунед Шурои уламо х,ар чизе хох,анд менависанд барои чунин фатво додан бояд ба хадис ё оятхои К,уръон назар кардан зарур аст.Вакте ки дар санг ва ё дар Тани ягон ашёи дигар номи Аллох нависонда шудааст ,х,амаи мо нагз медонем ки инро бо забони русси "Чудеса Аллаха"- мегуянд ,ва бо дидани ин гуна навиштач,от,хо эътик,оти мо бояд ба дини Ислом зиёд шавад .Ба гуфти ин бародарамон ,ки дар поёнтар к,айд карданд муъчизаи Худоро сар-сари шарх, додан лозим нест !Вазифваи Шурои уламо ин ба мардум фахмонда додани фарзх,ои дин из чумла ,хондани намоз ,Руза гирифтан ,ба масчид рафтан ва х,оказо....Бовар кунед чунин фатворо бори аввал мебинам ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)